Як моҳ мешавад, ки тоҷикони муқими Амрико имкони шунидани садову мусиқиҳои тоҷикӣ аз як радиои маҳаллиро доранд.
Шабакаи радиоии "Голос Востока” ("Садои Шарқ”) аз ҷониби як соҳибкори муқими Амрико Ашраф Зокиров таъсис ёфтааст. "Садои Шарқ” нахустин радио дар Амрико аст, ки ба чанд забон барои сокинони Осиёи Марказӣ барнома таҳия мекунад. Ахиран раҳбари кулли ин радио Шавкат Аштӣ ҳам барои оғози ҳамкорӣ бо хабарнигорони тоҷик ба Тоҷикистон омад ва дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз ҳадаф ва кори радиои тоҷикӣ дар Амрико гуфт:
Шавкат Аштӣ
Шавкат Аштӣ соли 1971 дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд таваллуд шудааст. Мактаби миёна ва донишгоҳи санъатро дар Узбекистон хатм карда солҳо ҳамчун овозхон фаъолият кардааст. Ӯ то имрӯз ду албоми таронаҳояшро бо номи «Садои ишқ» ва «Сайёраи ишқ» нашр кардааст. Аз соли 1998 ба шаҳри Ню-Йорки Амрико кучида дар онҷо зиндагӣ мекунад.
Ду соли ахир аст риштаи хабарнигорӣ фаъолият дорад. Феълан раҳбари кулли радиои «Садои Шарқ» дар шаҳри Ню-Йорки Амрико мебошад. Радиои "Голос Востока” (Садои Шарқ) аз суи соҳибкори самарқандии муқими Амрико Ашраф Зокиров таъсис ёфтааст.
Шавкат Аштӣ: Ман тӯли 20 соли ахир дар Амрико зиндагӣ ва ду соли ахир дар як радиои русӣ кор мекардам. Вале ҳамеша ин мушкил вуҷуд дошт, ки то ин замон барои мардуми Осиёи Марказӣ, ки муқими Амрико ҳастанд ягон расонаи тоҷикӣ фаъолият намекард, ҳарчанд расонаҳои русзабон кам нестанд. Ин барои фарзандони мо, ки дар Амрико зода ва бузург мешаванд, хуб набуд, чун онҳо забону фарҳанги худро фаромӯш мекарданд. Вақте бо чанд тан аз рушанфикрон машварат кардем, соҳибкори муқими Амрико Ашраф Зокиров розӣ шуданд ва бо маблағгузории он кас радиои тоҷикии «Садои Шарқ» таъсис шуд.
Ҳадаф - муаррифии фарҳангу таърихи Осиёи Миёна аст
Радиои Озодӣ: Ин радио чигуна мавод пахш мекунад ва забони барномаҳо кадом аст?
Шавкат Аштӣ: Ҳадафи аслии "Садои Шарқ” муаррифии таъриху фарҳанги мардумони Осиёи Миёна буда, ҳамзамон муҳоҷиронеро, ки аз Осиёи Марказӣ ба Амрико рафтаанд, бо тозатарин ахбори ҷаҳон ошно кардан аст. Ҳафтае ду соат барномаҳо бо забони тоҷикӣ пахш мешавад. Ҳамчунин дар ин радио барномаҳо бо забонҳои узбекӣ, русӣ, қирғизӣ ва қазоқӣ ҳам пешниҳоди ҳаводорон мешавад.
Радиои Озодӣ: Шунавандаҳои аслии «Садои Шарқ» киҳоянд?
Шавкат Аштӣ: Аудиторияи мо асосан нафароне ҳастанд, ки зодаи Осиёи Марказӣ мебошанд. Мушоҳидаҳои мо дар як моҳи ахир нишон дод, ки ҳар нафаре, ки русиву тоҷикиро мефаҳмад, ин барномаҳои ин радиоро гӯш мекунад. Чун инро зангҳои телефонии шунавандаҳо нишон дод. Онҳо тамос мегиранд ва назари худро дар бораи ин ё он барномаҳо мегӯянд.
Радиои Озодӣ: «Садои Шарқ» дар Интернет ҳам барои ҳаводоронаш дастрас аст?
Шавкат Аштӣ: Бале. Радио тавассути интернет ҳам пахш мешавад ва дар ҳар гӯшаи дунё қобили дарёфт ва шунидан аст. Барои ин бояд аз интернет барномаи "Radio Golos Vostoka”-ро дар телефони худ насб кард.
Таъсиси радио дар ИМА мушкиле надорад
Радиои Озодӣ: Аз назари ҳуқуқӣ шароити сабтиноми радиои тоҷикӣ дар Амрико мушкил набуд, чун дар Тоҷикистон барои таъсис ва сабтиноми як радио солҳо сипарӣ мешавад?
Шавкат Аштӣ: Не, мушкиле набуд. Шумо медонед дар Амрико таъсис додани радио чандон душвор нест. Баръакс, онҷо мегӯянд агар пул доред, марҳамат ва ҳатто барои ин тасмим ба шумо кӯмак ҳам мекунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: Феълан дар «Садои Шарқ» чанд корманд доред ва онҳо хабарнигорони ҳирфаӣ ҳастанд?
Шавкат Аштӣ: Дар бахши тоҷикӣ мо чанд нафарро доштем, вале аз байни онҳо танҳо як нафарро, ки забони тоҷикиро хуб медонад, интихоб кардем. Масъули таҳияи барномаҳои тоҷикии "Садои Шарқ” хабарнигори тоҷики муқими Амрико Умед Аҳмадзода аст. Ӯ қаблан дар телевизиони Тоҷикистон кор мекард ва ду сол пеш ба Амрико омад. Дар бахшҳои дигар ҳам хабарнигорони шинохта ҷалб шудаанд. Вале ин оғози кор аст, албатта. Як хабарнигор кам аст ва мо боз нақша дорем барномаҳои дигари тоҷикиро дар радио роҳандозӣ ва хабарнигорони бештарро ҷалб кунем. Як сабаби аслии ба Тоҷикистон омадани ман ҳам ҷалб ва ҳамкории хабарнигорони тоҷик ба ин радио аст.
Бештар матолиби фарҳангӣ тақдим мешавад
Радиои Озодӣ: Бахши хабарӣ ҳам доред, бештар ба кадом расонаҳо такя мекунед?
Шавкат Аштӣ: Бале, мо дар бахши хабарӣ бештар аз навгониҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва анъанаҳои тоҷикон хабарҳо пахш мекунем, аммо навгониҳои сиёсӣ камтар аст. Иттилоотро аз тамоми расонаҳо - Тоҷикистону Узбекистон, Қазоқистону Русия ва Амрико истифода мекунем. Гуногунрангӣ аст, то барои шунавандаҳо писанд бошад. Талош мекунем аудиторияи мо аз шунидани хабару навгониҳои яксон хаста нашаванд.
Радиои Озодӣ: Дар радио оҳангу мусиқӣ низ муҳим аст. «Садои Шарқ» кадом таронаҳоро пахш мекунад ва барои ин иҷозаи овозхонҳоро дорад?
Шавкат Аштӣ: Саволи хуб. Ҳоло ҳамон оҳангу мусиқиҳоеро пахш мекунем, ки овозхонҳои машҳури тоҷик, Ҷурабек Муродов, Садриддин Наҷмиддин, Шабнами Сураё ва чанд нафари дигар, ки аз онҳо лафзӣ иҷозаи пахши таронаҳояшонро дорем. Аммо ҳоло бо кадоме аз онҳо расман шартнома имзо накардем, вале ин тасмимро дорем ва ҳар нафаре, ки таронаи тозае таҳия мекунад, мо метавонем дар доираи шартномаи худ ин сурудҳо дар «Садои Шарқ» пахш мекунем.
Аз рақобат наметарсем
Радиои Озодӣ: Аз рақобат бо радиоҳои маҳаллии амрикоӣ наметарсед?
Шавкат Аштӣ: Дар ҳама ҷо рақобат ҳаст, чӣ дар Амрико ва чӣ дар Аврупо. Барои мисол, танҳо дар худи Ню-Йорк даҳҳо радио фаъолият мекунад. Аммо рақобат бо «Садои Шарқ» зиёд нест, чун ин ягона радиои тоҷикӣ аст ва мо доираи бузурги шунавандаҳои худро дорем. Аз ҷумла, дар худи Ню-Йорк, ки тоҷикони зиёд инҷо зиндагӣ мекунанд, натиҷаи як моҳи фаъолият нишон дод, ки моро зиёд мешунаванд.
Радиои Озодӣ: Тавре худи шумо гуфтед, дар шаҳри Ню-Йорк тоҷикони зиёде зиндагӣ мекунанд, нақша надоред барномаҳои ҳуқуқиву машваратӣ ҳам роҳандозӣ кунед?
Шавкат Аштӣ: Албатта, мо нақшаҳои зиёд дорем ва умедворам ки ба ин ҳама мерасем. Мо рӯзҳои наздик бо сармоягузори ин радио Ашраф Зокиров суҳбат доштем. Тасмим шуд, ки бояд як барномаи ҳуқуқӣ роҳандозӣ шавад. Чун вақте ҳар як шаҳрванд дар рӯзҳои аввали зиндагӣ ба як кишвари дигар меравад, аз ҳуқуқҳои худ чандон хуб огаҳ нест ва ин метавонад барои онҳо мушкил эҷод кунад. Бояд ин ҳама барои сокинони Осиёи Марказӣ ки ба Амрико меоянд фаҳмонда шавад.