Раиси Бонки Миллӣ: 115 млн сомонӣ пули мардум баргардонда шуд. ВИДЕО

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода – раиси Бонки Миллии Тоҷикистон – рӯзи 29-уми ноябр дар назди вакилони порлумон гуфт, ки мақомоти “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” 115 миллион сомонӣ пасандози мардумро баргардондаанд. Аммо вакилон гуфтанд, ки ин миқдор пул кофӣ нест. Ин ду бонки Тоҷикистон муваззафанд, ки бояд 1 миллиарду 600 миллион сомонии дигари мардумро бозпас бидиҳанд.​

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Раиси Бонки Миллӣ: 115 млн сомонӣ пули мардум баргардонда шуд

Ин маблағ ночиз аст. Ҳоло танҳо маълумоти ду бонкро ироа кардед. Маълумот дар бораи бонкҳои дигар нест

​Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон гуфт, "то имрӯз "Агронивестбонк" 61 миллион сомонӣ ва "Тоҷиксодиротбонк" - 54 миллион сомонӣ пули муштариҳоро баргардондаанд. Аз "Агроинвестбонк" 700 миллион ва аз "Тоҷиксодиротбонк" 904 миллион сомонӣ қарз боқӣ мондааст."

​Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, маблағи баргадонидашуда тавассути ду бонк ба мардумро нокофӣ хонд. Зуҳуров хитоб ба Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллӣ гуфт, "ин маблағ ночиз аст. Ҳоло танҳо маълумоти ду бонкро ироа кардед. Маълумот аз дигар бонкҳо нест. Беҳтар аст, то маълумоти пурраро аз дигар бонкҳо низ гиред. Ҳар чӣ зудтар пули мардумро баргардонидан зарур аст."

Шукурҷон Зуҳуров

Айни замон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ба саволи "кай пурра пардохт шудани маблағҳо" посухи мушаххас надод. Вай гуфт, шояд дар авоили соли 2018 ин масъала роҳи ҳалли худро пайдо кунад, вале бо кадом роҳ ва бо кадом наҳва гуфта нашуд.

Ҷаласаи навбатӣ баъди талаби истеъфо

Дар пайи бӯҳрони соҳаи бонкӣ дар Тоҷикистон, ки се сол боз идома дорад, ду бонк комилан аз фаъолият монда, "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" пардохтпазирии худро аз даст доданд. Дар навбати худ, масъулини бонкҳо дар Тоҷикистон мегӯянд, мушкили аслӣ дар натиҷаи барнагардонидани қарзҳои бонкҳои кишвар аз ҷониби муштариён ба миён омадааст, ки 4 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Бинои асосии "Тоҷиксодиротбонк"

Таъсири бӯҳрони иқтисодии Русия, якбора коҳиш ёфтани ҳаҷми пулҳои воридотӣ ба кишвар аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ ба фаъолияти бонкҳои Тоҷикистон таъсир гузошт. Дар натиҷа, муштариёни бонкҳо пасандозҳои худро аз муассисаҳои молии кишвар ба таври пурра ва саривақт гирифта наметавонанд.

Рустам Қудратов, доктори улуми иқтисод ва яке аз вакилоне, ки аз раиси Бонки Миллӣ замонати баргардондани маблағи мардумро суол кард, гуфт: "Дар муҳокимаи порлумоние, ки пеш аз вохӯрӣ бо интихобкунандагон баргузор мегардад, ин масъала рӯшан карда хоҳад шуд. Лекин масъулони ду бонк - “Агроинвестбонк” ва Тоҷиксодиротбонк” низ аз худ кӯшиш ба харҷ диҳанд ва роҳҳои баргардонидани пули мардумро мушаххас кунанд."

Вақте соҳибкорон барои гирифтани маблағ хонаву бино ва чизҳои дигари қиматбаҳоро ба гарав гузоштаанд, бонк наметавонад зуд ба онҳо харидор ёбад

Аммо коршиноси масоили иқтисодӣ Фарҳод Шодиев ба ин назар аст, ки буҳрони мавҷуд дар бонкҳои Тоҷикистон як зуҳуроти муваққатӣ буда, дар ояндаи наздик роҳи ҳалли худро пайдо хоҳад кард. "Сабаби аслии ба дарозо кашидани бозгардонии маблағи мардум ба муҳлати фурӯши амволи бонкҳо бастагӣ дорад, зеро вақте соҳибкорон барои гирифтани маблағ хонаву бино ва дигар чизҳои қиматбаҳоро ба гарав гузоштаанд, акнун бонк наметавонад зуд харидор пайдо кунад ва дар ивази гаравпулӣ маблағи мардумро баргардонад. Ин масъала андаке вақт мехоҳад", - афзуд ӯ.

Дар моҳи феврали имсол давлати Тоҷикистон 2 миллиарду 250 миллион сомонӣ ба "Тоҷиксодиротбонк" ва 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ ба "Агроинвестбанк" кумаки молӣ кард. Вале баъдан ҳисоб шуд, ки аз ин аз 3 миллиарду 320 миллион сомоние, ки ҳукумат барои наҷоти ду бонки дучори мушкил ҷудо карда буд, танҳо чоряки он -- 800 миллион сомонӣ барои бозгардони амонатҳои мардум масраф шудааст.

Саидҷаъфар Усмонзода

Рӯзи 18-уми октябри соли ҷорӣ баъзе аз вакилони порлумони Тоҷикистон аз банд мондани ҳазорҳо сомонӣ пули мардум дар бонкҳои кишвар ба шиддат интиқод карда гуфтанд, ки дар сурати ба зудӣ ҳал нашудани масъала Ҷамшед Нурмуҳаммадзода – раиси Бонки Миллӣ бояд ба истеъфо равад. Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон, ки истеъфои раиси Бонки Миллиро дар миён гузошт, рӯзи 29-уми ноябр гуфт, бо вуҷуди ёриҳои ҳукумат ҳанӯз ҳам "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" пули сокинонро барнагардонданд ва Бонки Миллӣ ҳам дар ин замина коре карда натавонист. Ӯ, инчунин, аз фоиз ё дарсади баланди қарзҳои бонкӣ барои мардуму соҳибкорони кишвар интиқод кард ва гуфт, "чунин дарсадҳои баланд танҳо дархӯри наркобаронҳои Колубмия ва Мексика буда метавонад".

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода он замон аз талаби истеъфо нороҳат шуд ва гуфт, ки вакилон ҳангоми баёни андеша ва пешниҳоди суол ба иззати нафс нарасанд ва афзуд, ки пули мардум марҳила ба марҳила баргардонда мешавад. Баъдан ӯ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, беш аз 4 миллиард сомонӣ пули бонкҳо дар дасти мардум мондааст ва онҳо низ наметавонанд ин маблағро бозпас бигиранд.

Садҳо муштарии бонкҳо дар Тоҷикистон ду сол боз наметавонанд маблағҳои пасандози худро бозпас бигиранд. Бештари пасандоздорон аз бонкҳои дучори мушкили “Агроинвестбонк”, “Тоҷиксодиротбонк” ва бонки варшикастаи “Тоҷпромбонк” шиква доранд.