Мақомоти ҳукумати ноҳияи Дарвози Бадахшон мегӯянд, Дилдор Мақсудшоев – сардори фурудгоҳи шаҳри Хоруғ, рӯзи 13-уми сентябр, дар пайи бемории қалб даргузашт. Маросими дафни Мақсудшоев дар оромгоҳи маҳаллаи Шошхоруғи маркази ВМБК бо иштироки раиси вилоят Шодихон Ҷамшед баргузор шуд.
Саидбурҳон Абдураҳмонзода, раиси ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон 14-уми сентябр ба Радиои Озодӣ ҳалокати раиси фурудгоҳ дар Дарвозро тасдиқ кард, аммо гуфт, ки ӯ аз бемории қалб даргузашт. Ӯ шарҳ надод, ки дар кадом ҳолат ва дар куҷо ин ҳодиса иттифоқ афтодааст.
Фавтидани ӯ ба омадани Ҷаноби Олӣ ягон вобастагӣ надорад. Ин одам чанд сол аз бемории дил ранҷ мебурд
Рӯзи 13-уми сентябр манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Дилдор Мақсудшоев – сардори фурудгоҳи Хоруғи вилояти Бадахшон – ҳангоми боло шудани чархболи президенти Тоҷикистон аз деҳаи Яхчи Сори ноҳияи Дарвоз аз вазиши бод ба санге бархӯрда, сахт маҷрӯҳ шуд ва дар роҳ ба сӯи бемористон ҷон дод.
Аммо Саидбурҳон Абдураҳмонзода, раиси ноҳияи Дарвоз гуфт: “Ба маълумоти шумо ҳамчун раиси ноҳия мерасонам, ки ин мард ду бор сактаи қалб гирифта буд. Як клапани дилашро иваз карда буданд. Фавтидани ӯ ба омадани Ҷаноби Олӣ ягон вобастагӣ надорад. Ин одам чанд сол аз бемории дил ранҷ мебурд.
Ӯ ба масъалаи қабул ягон алоқамандӣ надорад. Сад дар сад хулосаи пизишкон аст, ки ӯ аз бемории дил фавтидааст. Ҳама бемории ӯро медонист. Ду рӯзноманигори телевизиони Хорӯғ ҳатто шоҳид ҳастанд.”
Як манбаъ дар раёсати умури дохилии вилояти Бадахшон бегоҳи рӯзи 13-уми сентябр ҳалокати Мақсудшоевро тасдиқ кард ва гуфт, “ин як тасодуф буд”.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, рӯзи 13-уми сентябр дар деҳаи Яхчи Сори ноҳияи Дарвоз қарор дошт.
Манбаъ дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Бадахшон гуфт, ҳодиса зуҳри чаҳоршанбе рух дод ва ҳоло ҷасади Дилдор Мақсудшоев ба Хоруғ интиқол ёфтааст. Интизор меравад, ки фардо маросими дафни ин мард баргузор шавад.
Як манбаи дигар дар ҳукумати ноҳия Дарвоз гуфт, сардори фурудгоҳ рӯи қолине қарор дошт, ки ба пешвози президент густурда буданд. “Ҳангоми парвози чархбол бод қолинро ба сари сардори фурудгоҳ зад ва ӯ бо қолин афтод. Сараш ба санг бархӯрд ва сахт маҷруҳ шуд”, - гуфт мусоҳиби мо.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
(Акс аз вебсайти президенти Тоҷикистон аст)
Ба қавли ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, Мақсудшоевро фаврӣ ба бемористони марказии ноҳияи Дарвоз интиқол доданд, вале ӯ дар роҳ даргузашт.
Рӯзи 13-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ба ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ва ноҳияи Дарвози вилояти мухтори Бадахшон сафари корӣ дошт. Ӯ дар Яхчи Сори ноҳияи Дарвоз манзилҳоеро, ки барои сокинони осбедида аз сел бунёд шуда буданд, ифтитоҳ кард ва бо мардум сӯҳбат намуд.
Бар асари боришоти зиёд ва омадани сел аз самти Афғонистон дар рӯзҳои 8 ва 9-уми июли имсол маҷрои дарёи Панҷ дар ҳудуди рустоҳои Хостав ва Ширговади ноҳияи Дарвоз баста шуда, дар ҳарду деҳа беш аз бист манзил ва тақрибан як километр роҳ зери об монда буд.