Ҷонатан Данн: «Иқтисоди Тоҷикистон вобастаи маблағҳои интиқолӣ аст»

Раҳбари ҳайати Сандуқи Байналмилалии Пул аз коҳиши рушди иқтисоди Тоҷикистон ҳушдор дод ва хостори ислоҳоти қатъӣ шуд.
Ҷонатан Данн рӯзи сешанбеи 9 апрел дар нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон гуфт, «иқтисоди Тоҷикистон осебпазир ба ҳар гуна буҳронҳо аст. Захираҳои байналмилалӣ ва буферӣ дар сатҳи пойин қарор дорад. Иқтисоди кишвар ба интиқоли маблағҳо сахт вобаста аст, аммо базаи содиротӣ ночиз аст».

Ҷаноби Данн гуфт, азоиши интиқоли маблағҳо ба суръати рушди воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, таъсир кардааст. Аммо ин мақоми СБП бо такя ба пешгӯии ин созмон мегӯяд, суръати рушди иқтисодӣ дар соли 2013 ба ҳадди 7 дар сад пойин меравад. Ҷаноби Дан ин вазъро ба кунд шудани суръати рушди иқтисоди Русия ва коҳиш ёфтани ҳаҷми содироти алюминиум вобаста донист.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Иқтисоди Тоҷикистон вобастаи маблағҳои интиқолӣ аст



Ба таъкиди раҳбари ҳайати СБП, ҳаҷми пардохти қарзи берунӣ дар ҳоли афзоиш аст, вале буҷа ба сабаби аз даст додани манобеи даромад зери фишор қарор мегирад. Дар ин росто ба хароҷоти ҳукумат дар соли 2012 барои ба танзим даровардани вазъи «Агроинвестбонк» ишора гардид.

Ин ҳам дар ҳоле, ки мизони қарзи берунии Тоҷикистон маблағи беш аз 2 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Бо таваҷҷӯҳ ба вобастагии Тоҷикистон ба маблағҳои интиқолӣ, ки баробар ба 50 дар сади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аст ва осебпазир будани

нишасти матбуотии раҳбарияти СБП дар Душанбе

иқтисоди кишвар дар баробари ҳар гуна бӯҳронҳо, раҳбари ҳайати СБП гуфт, ки ҳукумат бояд ба ислоҳоти ҷиддӣ ва қатъӣ барои таъмини рушди иқтисодӣ ва аз ин тариқ ҷалби сармояи беҳтар ва эҷоди ҷойҳои корӣ даст бизанад. Дар ин росто, Ҷонатан Данн ба зарурати тақвияти системаи молии кишвар таъкид дорад.

Зимнан, сафари ҳайати СБП аз таърихи 28 март то 10 апрел идома пайдо карда ва он гуна, ки худи Ҷонатан Данн гуфт, ҳадафи аслии ин ҳайъат, ошноӣ бо вазъи макроиқтисодии Тоҷикистон ва самтгирии дурнамои иқтисодӣ ва иҷтимоии ин кишвар аст. Дар ин муддат ҳайат музокиротеро бо мақомоти расмии Тоҷикистон ва намояндагони бахши хусусӣ анҷом дод.

Дар поёни сафари худ ҳайат бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард. Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон ҷонибҳо масоили марбут ба густаришу тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ин манбаъ гуфт, ки ҷонибҳо барномаи сесолаи нави ҳамкории Тоҷикистон ва СБП-ро баррасӣ карданд, ки рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Ин аст, ки дар дидори ҷонибҳо масоили ҳамкории дуҷониба роҷеъ ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид шуд, ки ислоҳоти иқтисодии ин кишвар вобаста ба имконият ва шароити дохилию минтақавӣ ва ҳамчунин бо назардошти тавсияҳои СБП мавриди иҷро қарор дорад.

СБП аз тариқи ин барнома мехоҳад дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон кӯмак кунад.

Аммо Ҷоннатан Данн, раҳбари ҳайати СБП дар нишасти матбуотӣ бораи ин барномаи нави ҳамкории СБП бо Тоҷикистон ва ё кӯмаки навбатӣ ба ин кишвар изҳори назаре накард, вале гуфт, «СБП омодаи кӯмак ба Тоҷикистон мебошад ва ин баррасиҳо низ барои ироаи кӯмаки фаннӣ ва молӣ ба Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард".