"Озодӣ Онлайн": 1000 ҷавоби корбарон ба "соҳибкорӣ дар Тоҷикистон осон аст, ё мушкил?" ВИДЕО

Лаҳзаи сабти барнома

Рӯзи 14-уми октябр Радиои Озодӣ дар Инстаграм ва Фейсбук аз мардум пурсид, ки оё дар Тоҷикистон соҳибкор будан осон аст, ё не. Медонед, чанд посух гирифт? На камтар аз 1000.

Аксари корбарон гуфтаанд, соҳибкорӣ дар Тоҷикистон он қадар душвор аст, ки ҳама ба он тоб оварда наметавонанд ва сабабаш ҳам, ба иддаои онҳо, рафтору муносибати мақомот бо соҳибкорон аст.

Музаффар Норматов, яке аз онҳоест, ки дар саҳифаи мо дар Фейсбук навиштааст: “Агар виҷдону имону инсоф надошта бошӣ, соҳибкори муосир шудан осон аст. Ягон ҳомӣ меёбӣ, тамом, лекин ҳаргиз соҳибкори воқеӣ шуда наметавонӣ.”

Корбари дигаре дар Инстаграм муносибати мақомотро бо тоҷирону соҳибкорон сабаби мушкил будани тиҷорату доштани корхонае номида ва гуфтааст, ки “муомила бо соҳибкор мисли муомила бо як гунаҳкор аст”.

Шарҳи ин корбарро мехонем, ки худро Сӯҳроб М. муаррифӣ кардааст: "Мақомоти назоратӣ дар Тоҷикистон бо соҳибкорон ҳамчун бо ҷинояткор муомила мекунанд, на бо касе, ки андоз месупорад. Андозе, ки асоси буҷаи ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Дар мақомот ҳамон мафкураи Шӯравӣ нақш бастааст, соҳибкор, яъне фиребгар."

Барномаро дар инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Дар кисаамон пул намонд. Барои ин пул деҳ, барои он пул деҳ"

Дар воқеъ, шикояти корбарон аксаран дар бораи назорату тафтиши зиёди фаъолияти соҳибкор ва тамаъҷӯии мақомоти назоратӣ дар Тоҷикистон аст, ки ба навиштаи онҳо соҳибкорро безор мекунанд. Бобоҷон Бобоҷон, ки зоҳиран соҳибкорӣ кардааст, дар саҳифаи мо дар Инстаграм чунин навиштааст:

"Чӣ хел бигӯям? Аз додани ришва ба маъмурони андоз, оташнишонӣ, хадамоти санитарӣ, экология, чекчинҳои бозор, обу корез ва ғайра безор мешавӣ. Рӯзе нест, ки ягонто аз ҳамин мақомот наояд."

Корбари дигаре бо номи Искандар Розиқов дар як шарҳе 15 идораи назоратиро номбар кардааст, ки ба гуфтаи ӯ ба санҷидани кори соҳибкор меоянд. Ӯ афзудааст, чанд мақоми назоратии дигарро фаромӯш кардааст, вагарна менавишт.

Корбаре бо номи «Косметолог Ноза» гуфтааст, ки соҳибкорӣ дар Тоҷикистон баробари қаҳрамонист, чун аз таҷрибаи худаш, ки ду ороишгоҳ ва толори либосҳои арӯсӣ дорад, мисол меорад.

Мухтасари шарҳи ӯро аз Инстаграм мехонем: "Соҳибкор будан дар ватани мо баробар ба қаҳрамонист. Ҳар моҳ ба ғайр аз андоз, пули иҷора ва барқ ва обро мепардозам, ки бисёр гарон аст. Ҳар моҳ ба тафтиш меоянд. Кормандони милитсия меоянд, гӯё хонаи худашон аст, баҳонае меёбанд. Якеаш чанде пеш омад ва ҳеч чизе наёфт ва гуфт, Шумо моро хуб қабул накардед ва санади беэҳтиромӣ ба кормандони мақомоти интизомӣ тартиб дод."

Аммо онҳое ҳам ҳастанд, ки гуфтаанд, агар соҳибкор ҳуқуқашро донад, метавонад аз тафтишу тамаъҷӯии мақомоти назоратӣ эмин бошад. Аз ҷумла, корбаре, ки худро Сайёра Мамедова муаррифӣ кардааст, дар саҳифаи мо дар Инстаграм чунин навиштааст: "Барои ҳар кас ҳаргуна аст. Барои соҳибкорони инфиродӣ ҳама гуна шароит барои супоридани андоз бидуни ширкати кураторони гуруснаву дурӯғгӯ муҳайё карда шудааст. Ман соҳибкори инфиродӣ ҳастам ва 3 сол аст, ки фаъолият мекунам. Танҳо ҳуқуқи худро донӣ ва бар хилофи қонун кор накунӣ, шуд."

Айни назарро Некрӯз Юсуфҷонов, корбари дигаре дар Инстаграм гузоштааст. Ба ақидаи ӯ, соҳибкорӣ ва тиҷорат солҳои ахир осонтар шудааст, вале худи мардум метарсанд, ки роҳи тиҷоратро пеш бигиранд.

Ӯ гуфтааст: "Бисёриҳо фикр мекунанд, ки дар Тоҷикистон соҳибкорӣ душвор аст ва ба сабаби зиёд будани тафтишот ва баланд будани андоз. Ҳамаи инҳо барои мо баҳонае шудааст, ки тарсида ба соҳибкорӣ даст намезанем. Агар мо тибқи қонун кору фаъолият кунем, бисёр осон аст. Ҳуҷҷатгузориро пеш аз ҳама бояд дуруст ба роҳ монд."

Аммо бисёриҳои дигар гуфтаанд, ки санадҳои соҳибкор ҳам дуруст бошанд, мақомот талабҳои дигаре мекунанд, ки имкон намедиҳад, кори соҳибкор ривоҷ ёбад.

Шарҳи Дониш Худойдодов, як корбари саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграм бо ҳамин маънист: "Аз чанд соҳибкоре, корашонро қатъ карда, ба Русия кӯч бастанд, пурсидам, чаро корро қатъ кардед. Магар дар ватан кор кардан нағз набуд? Гуфтанд, ки сохторҳои гуногун безор карданд, барои ин пул деҳ, барои ҷашн пул деҳ. Дар кисаамон пул намонд, барои ҳамин қатъ кардем."

Шумо ҳам соҳибкорӣ ва ё тиҷорат кардаед? Душвор буд ва ё осон? Нависед ва ё дар видео сабт кунеду ба мо фиристед. Вайбер, Вотсап ва Телеграму Имо дорем. Агар хабари тоза мехоҳед, пас, вебсайти мо барои шумост.