Додгоҳи Фаронса истирдоди раҳбари собиқи Косоворо ба Сербистон рад кард. САДО

Додгоҳи истинофии Фаронса истирдоди Рамуш Ҳарадинаҷ, нахуствазири пешини Косоворо ба Сербистон рад карда, ҳукми озодии ӯро баровардааст. Ин мақоми собиқи Сербистон ба ҷурми ҷиноёти ҷангӣ мутаҳҳам мешуд.

Рамуш Ҳарадинаҷ пас аз озодиаш рӯзи 27 апрел дар баробари хабарнигорон гуфт, ҷараёни мурофиа ба поён расидааст ва тақозои Сербистон барои истирдод рад шудааст. Ҳарадинаҷ баъди берун шудан аз додгоҳ дар шаҳри Колмари Фаронса дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: “Ман аз ин ба баъд одами озодам ва умед дорам, ки метавонам имрӯз ба Косово баргардам”. Вай ба забони фаронсавӣ гуфт: "Дар ҷараёни баррасиҳои қазияам чор моҳамро аз даст додам. Ин ҷараён бояд зудтар анҷом мешуд. Қарори додгоҳ бароям иҷоза медҳад, ки ба иҷрои салоҳиятҳоям идома диҳам, вале боз ҳам чаҳор моҳи ман аз даст рафт.

Ҳарадинаҷ 4 январ аз сӯи мақомоти Фаронса боздошт шуд ва рӯзи дигар додгоҳи шаҳри Колмар дастури ҳабси ӯро содир кард.

Ин нахуствазири пешини дар Сербистон ба гумони даст доштан дар ҷиноёти ҷангӣ бо шумули одамрабоӣ ва шиканҷа, замоне ки фармондеҳи гуруҳи чирикии ҷангҳои солҳои 1998-1999 дар Косово буд, мутаҳҳам мешавад. Косовои албанитабор соли 2008 истиқлоли худро аз Сербистон эълом кард, ки аз сӯи 114 кишвар ба расмият шинохта шудааст. Бар хилофи Фаронса ва бештари кишварҳои аврупоӣ, Сербистон истиқлолияти вилояти собиқашро ба расмият нашинохтааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Истирдоди собиқ нахуствазири Косово рад шуд

Александр Вучич, нахуствазири Сербистон барои баррасии иқдоми баъдӣ дар мавриди озодии Ҳарадинаҷ соати 12-и маҳаллӣ нишасти изтирорӣ барпо кард. Як мақоми ҳукумат бидуни зикри ном ва ироаи ҷузъиёт ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст: “Мо бояд тамоми натиҷаҳои ин иқдомро дар назар бигирем”. Ҳарадинаҷ 4 январ аз сӯи мақомоти Фаронса боздошт шуд ва рӯзи дигар додгоҳи шаҳри Колмар дастури ҳабси ӯро содир кард.

Боздошти ӯ хашми Косоворо ба бор овард ва ҳукумат иттиҳомоти Сербистонро “ғайриқонунӣ, ношаффоф ва муғризона” хонд. Ҳарадинаҷ пас аз мурофиаи охирини моҳи гузашта аз худаш ба уновони “зиндонии сиёсӣ” ёд кард. Ин мақоми пешини 48-сола ду бор ба иттиҳоми ҷиноёти ҷангӣ дар Югославияи собиқ ба Додгоҳи ҷиноии байналмилалии Гаага кашида ва сафед шуда буд. Вай соли 2004 нахуствазири Косово интихоб шуд, вале пас аз 100 рӯз ба далели ҳозир шудан дар додгоҳи Гаага аз мақомаш истеъфо дод.

Ҳарадинаҷ моҳи июни соли 2015 бо ҳукми Сербистон дар Словения боздошт, вале дар пайи фишорҳои дипломатӣ озод шуд. Муноқиша бар сари боздошти Ҳарадинаҷ дар Фаронса даъвати бархе аз мақомҳо ва сиёсатмадорони Косоворо барои қатъ кардани музокироти Иттиҳоди Аврупоро бо Сербистон ба хотири муътадил шудани равобит ба дунбол дошт. Ба эътидол омадани равобит шарти муқадамотӣ барои Сербистон ва Косово ба хотири ба даст овардани узвияти Иттиҳоди Аврупо аст, ки ҳар ду кишвар барои он талоши мекунанд. Аммо, ин тавофуқи Иттиҳодияи Аврупо барои беҳбуд ва танзими равобит миёни ду кишвар муваффақияти кунде доштааст.