Мижгона Зайниддинова ҳамроҳи Ҳамза ва ду духтарчаи дигараш дар хонаи падар, дар деҳаи Заргари ноҳияи Ваҳдат ба сар мебарад. Ин модари ҷавон мегӯяд, ба умеди кӯмаки мақомоти Тоҷикистон аст, ки дар берун бурдани Ҳамза ба хотири амалиёти ҷарроҳиаш мусоидат кунанд.
То ҷарроҳӣ озодона медавиду ҳаракат мекард, вале баъди он ҳаракаташ суст шуда роҳгардиаш мушкил шудааст, фақат сари дастамон мегардонем
Ҳамза Тиллозода, набераи чорсолаи раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ ва писари Руҳулло Тиллозода аст, ки дар хориҷи Тоҷикистон ба сар мебаранд. Ба қавли модар, ду соли пеш табибони тоҷик дар ҷисми ин тифл саратони байзатайн (эмбриональная карцинома)-ро ташхис кардаанд.
Талоши муолиҷаи тифл дар клиникаҳои Тоҷикистон натиҷа надод. Амалиёти ҷарроҳии кӯдак дар бемористони марказии мавсум ба Қараболо дар оғози соли ҷорӣ зоҳиран натиҷаи хуб надод ва аҳволи кӯдак, ба қавли наздикон, то рафт сангинтар мешавад. Вале талоши модар барои сафар ба хориҷа ба хотири ташхису табобати ӯ дар клиникаҳои пешрафта феълан натиҷа намедиҳад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мушкил дар санад аст
Мижгона Зайниддинова рӯзи 23 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, санадҳои аслии шаҳрвандии ӯву фарзандаш – шиноснома ва шаҳодатномаи таваллуд, ба гуфтааш, “гум шудааст” ва бидуни санад онҳо наметавонанд тарки кишвар кунанд. Мижгона Зайниддинова гуфт, ки дар як мулоқот бо мақомоти полиси шаҳри Ваҳдат дар ҳафтаи гузашта ба ӯ гуфтанд, ки “дар гирифтани санадҳои нав мусоидат мекунанд”.
Вазъи сангини Ҳамза Тиллозода давоми ду рӯзи гузашта мавзӯи баҳсу итиқодҳои зиёди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шуд. Бисёриҳо ба ин боваранд, ки набераи раиси ҳизби сиёсие, ки дар Тоҷикистон ба унвони “террористӣ” мамнӯъ шудааст, гаравгони вазъият аст ва гӯё мақомот дар берун рафтани кӯдаку модар манфиатдор нестанд. Бо талаби аз кишвар раҳо кардани модару кӯдак дар интернет як петитсия ё даъвате ҳам ба роҳ монда шудааст ва бисёр сокинон дар дохилу хориҷи кишвар аз мақомоти тоҷик тақозо мекунанд, ки иҷозат бидиҳанд кӯдак барои табобат аз кишвар берун биравад.
Модар: Рӯз то рӯз вазъаш сангинтар мешавад
Мижгона Зайниддинова хаста ба назар менамуд ва майл надошт, ки дар бораи қазияи писараш зиёд сӯҳбат кунад. Ба саволҳои хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳам мухтасар посух медод. Аз ҷумла, вай гуфт, ки кӯшиш дорад бо писари бемораш ба хориҷа равад, вале мегӯяд, “ҳуҷҷат надорад ва наметавонад ба хориҷа равад”. Дар шарҳи масъалаи санадҳояш ӯ, аз ҷумла гуфт:
“Мақомот нагирифтаанд, худам куҷо мондаам, намедонам. Куҷое бошаду набошад, намедонам. Ман паспорт доштам. Ҳамзаву як духтари дигарам шаҳодатнома доштанд, вале ин духтаре, ки сари дастам аст, ҳуҷҷат надорад, чунки соли 2015 таваллуд шудааст”.
Мижгона Зайниддинова гуфт, ки аз вазъи фарзандаш нигарон аст ва бисёр мехоҳад, ки масъалаи додани санадҳояш зудтар ҳалли худро пайдо мекард. Ӯ гуфт, вазъи кӯдак рӯз ба рӯз бадтар мешавад. Ин модари ҷавон гуфт: “Мақомот гуфтанд, ки кумак мекунанд ва ба хориҷа равон мекунад. Вале кай равон мекунанд, намедонам”.
Ба қавли ин модар, баъди ҷарроҳии панҷ моҳи пеш табибон гуфтанд, ки тифл гирифтори саратон шудааст ва муолиҷаи босифат дар як клиникаи пешрафтаи хориҷӣ метавонад мушкили ӯро пурра ҳал кунад:
“Пизишкҳо гуфтанд, ки киста дорад ва панҷ моҳ мешавад, ки ҷароҳиаш карданд ва гуфтанд, ки саратон дорад. То ҷарроҳӣ озодона медавиду ҳаракат мекард, вале баъди он ҳаракаташ суст шуда роҳгардиаш мушкил шудааст, фақат сари дастамон мегардонем”.
Вақте хабарнигорони Радиои Озодӣ дохили хона ворид шуданд, Ҳамза рӯи як кӯрпа хобида буд, вале садоҳоро шунида чашм кушоду бо тааҷҷуб нигоҳ кард. Ба саломи мо алейк гирифт, вақте хостем бо даст салом кунем, гиря кард.
Марзбонӣ: "Ҳеҷ монеа барои сафари Ҳамза ба хориҷ вуҷуд надорад"
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки барои ба хориҷ бурдани Ҳамза Тиллозода -- набераи бемори раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, ҳеҷ монеае вуҷуд надорад. Ҳамза Тиллозода аз бемории саратон ранҷ мебарад.
Раёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон рӯзи 23-юми июл бо пахши як изҳорот гуфт, ки "номи Ҳамза Тиллозода ва наздикони ӯ дар феҳристи афроди мамнӯъулхуруҷ аз Тоҷикистон ҷой надорад". Ин ниҳод ҳамзамон гуфт, ки афроди наздики Ҳамза ба ҳеҷ гузаргоҳи марзии Тоҷикистон муроҷиат накардаанд ва то ба ҳол ҳеҷ санади онҳо ба гузаргоҳҳои марзӣ пешниҳод нашудааст.
"Дар гузаргоҳҳои марзӣ дар фурудгоҳҳо, роҳи оҳан ва ё дар дигар гузаргоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон аз тарафи наздикони Ҳамза барои ба хориҷа бурдани он ҳеҷ санаде пешниҳод ва ба қайд ҳам гирифта нашудааст", - омадааст дар ин изҳорот.
Баҳсҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Тайи як шабонарӯзи гузашта даҳҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба қазияи Ҳамзаи чаҳорсола таваҷҷуҳ намуда ва аз ҳукумат талаб карданд, ки иҷозат бидиҳад ӯ барои муолиҷа ба хориҷ аз кишвар, интиқол дода шавад. Ҳатто бархе аз онҳо пешниҳод карданд, ки худи ҳукумат ташаббусро ба даст бигирад ва худ ин тифлро барои табобат ба хориҷ барад.
Наздикони ин тифл қаблан гуфта буданд, ба дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон муроҷиат намуда ва хоста буданд, ки ба сафари Ҳамза ба хориҷ аз кишвар барои муолиҷа иҷозат дода шавад. Аммо онҳоро иҷозаи мулоқот бо Озода Раҳмон, раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон надоданд.
Гуфта мешавад, шиносномаи модари ин тифл Мижгона Зайниддинова ҳанӯз се сол пеш аз сӯи мақомоти гирифта шуда буд. Ӯ ҳамсари Руҳуллоҳ Тиллозода -- писари калонии Муҳиддин Кабирӣ мебошад. Рӯҳуллоҳ Тиллозода аз се сол ба ин тараф дар Аврупо ба сар мебарад ва ҳамсари ӯ Мижгона Зайниддинова ва се фарзандаш дар Тоҷикистон мондаанд.
Худи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки дар ташкили ошӯби мусаллаҳонаи сентябри соли 2015 айбдор мешавад, аз моҳи марти ҳамон сол дар хориҷа ба сар мебарад ва мақомот исми ӯро ба ҷустуҷӯи байналмилалӣ додаанд. Хонаводаи Кабирӣ дар Тоҷикистон дар гузашта аз фишор болои хонавода ва манъи ҳақи сафар ба хориҷа изҳорот додаанд.