"Бархе алам доранд, бархе бо ҳасрат менигаранд." Ҳамсафари азёдрафтаи Шӯравӣ

Улан-Батор, соли 1981

Як аср пеш, 26-уми ноябри соли 1924, Муғулистон худро "Ҷумҳурии мардумӣ" эълон кард. Бо вуҷуди он ки номи пойтахташ "Улан-Батор" (пешвои сурх) мондааст, гузаштаи бо ҳам пайванди ин кишвар бо Иттиҳоди Шӯравӣ ба таври умум як масъалаи таърихӣ ва фаромӯшшуда ба ҳисоб меравад.

Маросими бахшида ба 50-солагии Муғулистон

Ҷонатан Эдлтон, сафири собиқи Амрико дар Муғулистон (аз 2009 то 2012), дар суҳбат бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, равобити наздики пешинаи Муғулистон бо Иттиҳоди Шӯравӣ зери сояи сангини Чингизхон фаромӯш мешавад. Ба гуфтаи ин дипломат, тамоми ҷаҳон Муғулистонро бо номи Чингизхон мешиносад ва ҳеч касу ҳеч чиз ҷойи ӯро дар таърихи ин ҷумҳурӣ гирифта наметавонад.

Шаҳраки тиҷоратии Муғулистон дар сарҳади Русия, охири асри 19

Ба гуфтаи Эдлтон, аз як сӯ дуруфтода будани Муғулистон ва аз сӯйи дигар ҳеч гоҳ узви Паймони Варшава нагардиданаш боис шудааст, ки афкори ҷомеаи ҷаҳон онро ҳамчун яке аз "моҳҳои Иттиҳоди Шӯравӣ" ба ёд биорад.

Камонвари муғул бо нишонҳои Шӯравӣ

Сарзаминҳои камаҳолӣ, ки имрӯз бо номи Муғулистон маъруфанд, сад сол пеш макони тохтутоз ва рақобати байни Чин ва ду тарафи ҷанги шаҳрвандии Русия буданд. Ин минтақа қонунӣ як қисми Чин монд.

Он вақт тафсир ва қоидаҳои сиёсӣ барои мардуми умдатан бодиянишини Муғулистон чунон норавшан буд, ки яке аз мансабдорони ҷавон бо суоли худ масъулони ҳизби коммунистро, ки Муғулистонро "Ҷумҳурии мардумӣ" эълон карда буданд, дар тааҷҷуб гузошт. Вай пурсид: "Ҷумҳурӣ чӣ маъно дорад?"

Вай аз намояндагони ҳизб хост, ки мақсуд ва мазмуни тарзи нави ҳукуматро ба сокинони деҳоти Муғулистон фаҳмонанд.

Чӯпоне бо духтараш, моҳи марти соли 1935

Яке аз гурӯҳҳои аввалини таҳқиқотии Кремл дар Муғулистон дар гузориши худ ба Иосиф Сталин ин минтақаи мавриди иддаои Чинро ҳамчун "минтақаи буферӣ дар сарҳадҳои ҷанубии Иттиҳоди Шӯравӣ" муаррифӣ кард. Ҷое, ки "метавонад аз бархӯрди сарбозони шӯравӣ ва чинӣ пешгирӣ кунад".

Занони муғул ҳангоми ибодат

Муғулистон дере нагузашта аз ҷиҳати иқтисодӣ ва сиёсӣ ба Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Сотсиалистии Шӯравӣ вобаста шуд ва сиёсати Маскавро пеш гирифт.

Яке аз фиристодагони Кремл ба ҳукумати Муғулистон гуфта буд: "Шумо бояд дар кишваратон сотсиализмро дар муддати бисёр кӯтоҳ ривоҷ диҳед ва дар ин роҳ таҷрибаи Шӯравиро истифода баред".

Чӯпони муғул бо рамааш, солҳои 30-юм

Дар соли 1930 ҳукумат дар Улан-Батор "мусодираи дороиҳои синфи феодал"-ро эълон кард.

Вақте ки чӯпонҳои бодиянишин маҷбурӣ дар хоҷагиҳои дастҷамъӣ зиндагӣ мекарданд ва чорвои онҳоро ба манфиати давлат мусодира карданд, баъзеҳо аз кишвар фирор намуда, як гурӯҳи дигар ҷойи онҳоро гирифтанд.

Муғулистон, соли 1936

Гуфта мешавад, ки дар солҳои аввали 1930 ҳудуди 30 ҳазор нафар аз Муғулистон фирор карданд ва минтақаҳои гуногуни кишвар шоҳиди шӯришҳои худҷӯш буданд.

Хорлогин Чойбалсан

Шиори яке аз гурӯҳҳои шӯришӣ бо ангезаҳои мазҳабӣ ин буд: "Мо ба муқобили ҷодугарону шайтонҳои ин "ҳукумати мардумӣ" то марг мубориза хоҳем бурд!"

Соли 1937 вазири мудофиаи Муғулистон ба Маскав даъват карда шуд, аммо ӯ дар роҳ бар асари заҳролудшавӣ аз ғизо ҷон бохт.

Камонвари муғул бо нишонҳои сарисинагии Шӯравӣ

Пас аз ду сол Анандин Амар, нахуствазири маҳбуби Муғулистон боздошт ва ба Маскав фиристода шуд. Ӯро дар ҳамон ҷо ба қатл расониданд. Ин воқеаҳо барои ба сари ҳукумат омадани Хорлогин Чойбалсан – шахси мавриди алоқа ва боварбахши Сталин роҳ кушод.

Дар давраи роҳбарии Чойбалсан усулҳои мудҳиши "поккорӣ”-и сталинӣ ба долонҳои ҳукумати Улан-Батор ҳам соя афканда буд. Чойбалсан бевосита бо полиси махфии замони шӯравӣ, ки бо номи НКВД маъруф буд, барои муайян ва ба қатл расонидани мансабдорони "нобовар"-и давлатӣ ва дертар раҳбарони динӣ ҳамкорӣ мекард.

Улан-Батор, соли 1946

Теъдоди дақиқи қурбониёни саркӯб ва поксозии бузург дар Муғулистон рӯшан нест, аммо танҳо дар байни солҳои 1937-1939 тақрибан 17 ҳазор рӯҳонии буддоӣ ба қатл расонида шуда, зиёда аз 700 савмаа (ибодатгоҳ) хароб карда шудааст.

Дар солҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ Муғулистон як манбаи муҳими низомиёни шӯравӣ буд ва дар соли 1945 Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун пирӯзи ин ҷанг Чинро маҷбур кард, ки аз даъвоҳои худ ба Муғулистон даст кашад.

Сталин шахсан ба Муғулистон алоқаи зиёд дошт ва борҳо аз ҳукумати ин кишвар хоста буд, ки решаҳои динро якбора ва комилан бисӯзонад.

Вай ба хукумати Улан-Батор муроҷиат карда, мегуфт: "Шумо бояд бо рӯҳониҳо ҷиддӣ муносибат кунед. Фаромӯш накунед, ки танҳо одамони устувор дар ёд мемонанд".

Мошинҳои сохти Шӯравӣ, канори Улан-Батор, соли 1961

Бо даргузашти Сталин дар соли 1953 дар Муғулистон мисли минтақаҳои дигари зери нуфузи шӯравӣ шиддати саркӯбҳо ва қатлҳо коҳиш ёфт ва ҷанги бераҳмонаи Кремл бо дин як масъалаи дуюмдараҷа ва маъмурӣ гардид.

Улан-Батор, 1962

Ба гуфтаи Ҷонатан Эдлтон, сафири пешини Амрико, муносибатҳои зич бо Иттиҳоди Шӯравӣ "барои Муғулистон дар ҳақиқат аҳамият доштанд; чи аз ҷиҳати таъмини истиқлол ва чи аз ҷиҳати кафолати соҳибихтиёрии худ дар муқобили Чин".

Хиёбоне дар Улан-Батор, соли 1969

Дар охири солҳои 80-ум Иттиҳоди Шӯравӣ дар пойгоҳҳои худ дар ҳар гӯшаи Муғулистон тақрибан 50 ҳазор сарбоз, 1800 тонк ва 320 ҳавопаймову чархболро ҷойгир карда буд.

Муҷассамаи Сталин дар назди Китобхонаи миллии Улан-Батор, 1971

Дар солҳои охири даҳаи 1980 ва бо шурӯи ҳаракатҳои демократӣ дар кишварҳои таҳти нуфузи Иттиҳоди Шӯравӣ мардуми Муғулистон низ мехостанд ба озодӣ бирасанд.

Эътироз дар Улан-Батор, моҳи июли соли 1990

Жамбин Батмунх, охирин раҳбари коммунисти Муғулистон, ба баъзе аз масъулони ҳизб, ки мехостанд бо эътирозгарон шадидан бархӯрд кунанд, гуфт: "Ҳеҷ зарурат ба ҷобаҷогузории пулис ва артиш нест. Эътирозгарон фарзандони худи мо ҳастанд".

Муҷассамаи Сталин. Онро аз назди Китобхонаи миллии Улан-Батор кандаанд

Моҳи марти соли 1990 Бюрои сиёсӣ ё дафтари сиёсии ҳукумати Муғулистон пароканда карда шуд ва Батманх истеъфои худро эълон кард ва роҳро барои интихоботи озод кушод.

Эдлтон мегӯяд, муғулҳое, ки бо ӯ дар бораи даврае, ки мамлакати онҳо "ҳамсафари Иттиҳоди Шӯравӣ" буд, суҳбат карда буданд, нуқтаи назари гуногун доранд.

Улан-Батор, соли 1996

Ба гуфтаи сафири собиқи Амрико, "дар ҳоле ки бархе аз саркӯбҳои сталинии солҳои 1930 ва эъдоми дастҷамъии рӯҳониёни буддоӣ бо алам ёд мекарданд, гурӯҳи дигар ба солҳои баъд аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ бо омехтаи эҳтирому сипос ва ҳатто ҳасрат менигарист."