Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури собиқи Афғонистон, меҳмони Тоҷикистон шуд ва дар рӯзи нахустини сафараш бо президент Эмомалӣ Раҳмон дидору мулоқот кард. Таҳлилгарон мегӯянд, ин сафари Ҳомид Карзай ва дидору мулоқоташ бо шахси аввали ҳукумати Тоҷикистон аз ниятҳояш барои дубора баргаштан ба сари қудрат дарак медиҳанд. Агар аз хабари кӯтоҳи торнамои раиси ҷумҳури Тоҷикистон калимаи "собиқ"−ро ҳазф кунем, сатҳи расмиёти мулоқоти Карзай бо Раҳмон аз як раиси ҷумҳури воқеӣ камие надошт.
Дар ин хабар доир ба ҷузъиёти мавзӯи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай чизе нест ва танҳо гуфта мешавад дар он "авзои кунунӣ ва дурнамои Афғонистон ва таъсири он ба минтақа" баррасӣ шуд.
Зимнан, ин сафари оқои Карзай ба Тоҷикистон маҳз пас аз сафари ӯ ба Маскав сурат мегирад. Таҳлилгарони минтақа бо такя ба ҷуғрофиёи сафарҳои охири Карзай мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд сафари ӯ ба Тоҷикистон ҳам идомаи мантиқии дидору музокироташ бо мақомдорони Русия аст.
Чунки ҳафтае қабл ҳукумати Афғонистон ба воситаи генерал Абдурашид Дӯстум, муовини аввали раиси ҷумҳур аз Русия кумаки низомӣ хоста буд. Қосимшоҳи Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 23 октябр гуфт, Карзай бо вуҷуди надоштани ягон мансаби расмӣ дар ҳукумати Афғонистон, миёни мардум ва роҳбарони қавмиву ҷангсолорон ҳамоно як шахси пурнуфуз арзёбӣ мешавад. Вай гуфт, Ҳомид Карзай вақтҳои охир ба ҳайси як мӯҳраи муҳими сиёсии Афғонистон дар сафарҳояш ба хориҷа, ба истилоҳ, ройзаниҳои сиёсӣ анҷом медиҳад. Баъд аз боздид аз Маскав, дидору молоқоти ӯ бо роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон, ба бовари коршиноси тоҷик, идомаи мантиқии музокироту ройзаниҳояш дар Маскав аст.
Чунки Тоҷикистон як кишвари ҳамсарҳад бо Афғонистон ва ҳамчунин шарики Маскав дар минтақа аст, гуфт ӯ. Ҷаноби Бекмуҳаммад афзуд, афғонҳо ҳоло аз кишварҳои ғарбӣ ва Амрико чандон умеди зиёди кӯмак надоранд, чунки ин кившарҳо ҳар чизе, ки тавонистанд, дар даҳсолаи гузашта барои Афғонистон анҷом доданд. Бинобар ин, ба таъкиди ин таҳлилгар, Карзай ҳамакнун ба Чину Русия ва Ҳиндустон сафарҳо анҷом медиҳад, чунки ин кившарҳои ҳамсояи Афғонистонро таъсиргузор дар сарнавишти Афғонистон арзёбӣ мекунад.
Сафари Ҳомид Карзай ба Душанбе ва дидору мулоқоташ бо раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки Толибон аввали моҳи равон бо як ҳамлаи ғофилгирона маркази вилояти Қундузи бо Тоҷикистон ҳамсарҳадро тасарруф карданд. Толибон ҳамчунин ба дигар вилоятҳои Афғонистон ҳам ҳамлаҳо анҷом доданд ва вахимтар шудани вазъи амниятӣ дар ин кившар, ба гуфтаи таҳлилгарон, рӯз ба рӯз обрӯи ҳукумати “Ваҳдати миллӣ”−ро мебарад.
Носир Воқиф, хабарнигори телевизиони “Ал−Ҷазира” дар Афғонистон мегӯяд, ҳукумати Ваҳдати миллӣ бо бад шудани вазъи амниятӣ дар кишвар обрӯю нуфузи худро аз даст медиҳад. Ҳоло, мегӯяд ӯ, дар назари бархе мардум, ҳукумати Карзай муассиртар аз ҳукумати Ваҳдати миллӣ аст. Вай мегӯяд, дар назари мардум ҳоло қатлу куштор, бекориву фақр ба маротиб бештар шуда ва вазъи амниятӣ хароб аст. Аз ин рӯ бисёр вақт мешунавем, ки аз замони ҳукумати Карзай тавсиф мекунанд, гуфт хабарнигор.
Дар ҳамин ҳол, матбуот ва дигар расонаҳои Афғонистон матлабҳоеро низ дар такя ба мақомдорони кунунӣ ба нашр мерасонанд, ки дар ноором сохтани бархе аз вилоятҳо Карзай ва дастнишондиҳандаҳояш даст доранд ва гӯё бо эҷоди ин тавтеаҳо ва резонидани обрӯи ҳукумати ваҳдати миллӣ Карзай мехоҳад дубора ба сари қудрат ояд. Сафарҳои паёпаи Карзай ба Чину Русия ва Ҳиндустон ҷонибдорони чунин адешаҳоро боз ҳам мутмаинтар мекунад.
Носир Воқиф мегӯяд, Карзай вақтҳои охир зидди Амрикову кишварҳои ғарб сӯҳбат мекунад ва зоҳиран бо ин сафарҳояш пуштибонии кишварҳои рақиби Амрико дар минтақаро ба даст оварда орзуи дубора ба сари қудрат баргаштанро дорад. Сафари Ҳомид Карзай дар Тоҷикистон 22-23 октябр идома ёфт ва ӯ дар ин муддат аз Осорхонаи миллӣ дар Душанбе ва нерӯгоҳи барқиву обии Норак дидан кард. Ҳомид Карзай имрӯз ҳамчунин бо хабарнигорони телевизионҳои давлатӣ ва Оҷонсии давлатии иттилотии “Ховар” сӯҳбат кард. Аммо хабарнигорони расонаҳои мустақилро ба ин дидору гуфтугӯҳо роҳ надоданд.