Ҳамлаи Русия ба бемористони Киев дар соатҳои аввали субҳи душанбе замоне сурат гирифт, ки Русия ба чандин шаҳри дигари Украина низ ҳамлаҳои мушакии густурда анҷом дод. Бар асари ин ҳамлаҳо 36 нафар кушта ва даҳҳо тан захмӣ шуданд. Ин ҳамлаҳо пурталафоттарин ҳамлаҳои Русия ба Украина дар моҳҳои ахир будааст.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина гуфт, Русия ҳади ақал бо 40 мушак ба Киев ва шаҳрҳои дигар ҳамла кард. Раиси ҷумҳури Украина ваъда дод, ки артиши кишвараш интиқоми ин ҳамлаҳоро хоҳад гирифт.
Дар ҳамлаҳои Русия чанд мушак ба бемористони кӯдаконаи Киев, ки калонтарин маркази табобатии Украина аст ва ҳамчунин маркази пизишкӣ дар минтақаи Днепровский, бархӯрд.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ин ҳамлаҳоро қотеъона маҳкум кард. Стефан Дуярич, сухангӯи дабири кулли СММ гуфт, ҳамла ба бемористони кӯдакона ва як маркази пизишкии дигари Украина, такондиҳанда будааст.
Сухангӯи Антонио Гуттериш ёдоварӣ кард, ки ҳамла ба мардуми мулкӣ ва дигар ҷойҳои ғайринизомӣ дар қонунҳои байналмилалӣ манъ шудааст ва ин гуна ҳамлаҳо ғайри қобили қабул буда, бояд фавран поён ёбанд.
Бритониё, Фаронса ва Амрико, се узви доимии Шӯрои амният ва Эквадор, Словения, ду узви ғайри доимии Шӯрои амният хоҳони нишасти изтирории ин ниҳод барои баррасии ҳамлаҳои Русия шуданд. Қарор аст ин нишаст имруз, 9-уми июл баргузор шавад.
Вазорати дифои Русия хабари ҳамла ба ғайринизомиёнро рад кард ва гуфт, ки "пойгоҳҳои ҳавоӣ" ва "корхонаҳои низомӣ"-ро ҳадаф қарор додааст.
Додстони кулли Украина эълон кард, ки дар бораи ҳамлаҳои рузи душанбеи Русия бо Карим Хон, додситони Додгоҳи байналмилалии Гаага, гуфтугӯ кардааст. Ӯ дар як суҳбати телевизионӣ гуфт, ҳама маълумоти вобаста ба ҳамлаҳои рӯзи душанберо дар ихтиёри дафтари додситони Додгоҳи байналмилалии Гаага қарор хоҳад дод.
Афзоиши ҳамлаҳои Русия ба Украина чанд руз пас аз сафари нахуствазии Маҷористон ба Маскав рух дод, ки дар ҷараёни он Владимир Путин ба Виктор Орбан гуфт, Украина бояд аз чаҳор вилояти худ, ки 28 моҳ боз дар ихтиёри Русия аст, даст бикашад.
Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо таъкид карданд, Виктор Орбан дар ин сафар ҳеҷ маъмурияте аз сӯи Иттиҳоди Аврупо надоштааст. Виктор Орбан дар оғози ин ҳафта барои нахустин бор аз замони юриши Русия ба Украина, ба Киев сафар кард.
Раҳбарони НАТО рӯзи 9-уми июл дар ҳафтоду панҷумин солрӯзи ин паймон дар Вашингтон гирдиҳам хоҳад омад, то аз ҷумла, роҳҳои идомаи ҳимояти низомии НАТО аз Украинаро баррасӣ кунад. Анджей Дуда, раиси ҷумҳури Лаҳистон, ки муттаҳиди Украина аст, дар нишасти НАТО ҳузур хоҳад дошт.