Ҳамлаҳои Русия ба вилояти ҷанубии Херсони Украина

Нерӯҳои Русия беш аз даҳ шаҳрак дар вилояти ҷанубии Херсони Украинаро ҳадаф қарор доданд ва як ҳавопаймои бесарнишини Русия ба мошини ёрии таъҷилӣ бархӯрд ва ронандаи онро маҷрӯҳ кард.    

Нерӯҳои Русия ҳамчунин дар чаҳор минтақаи дигари ин кишвар дастикам як мушак ва 11 ҳавопаймои бидуни сарнишини дигар партоб карданд. Нерӯҳои ҳавоии Украина иддао карданд, ки ҳамаи мушакҳо безарар карда шудаанд.

Субҳи 27 июл Украина ҳудуди 20 ҳавопаймои бесарнишинро ба ҳадафҳое дар манотиқи марзии Русия партоб кард ва мақомоти Русия иддао карданд, ки дастикам 14-тои онҳоро сарнагун кардаанд. Ба гуфтаи мақомоти Русия, ҳангоми партоб кардани як чархболи бесарнишини украинӣ дар вилояти Курск дастикам ду нафар маҷрӯҳ шуданд.

Ин хабарҳо дар ҳолест, ки нирӯҳои Украина талош доранд аз пешрафти нерӯҳои Русия дар хати 1100-километрии ҷабҳа пешгирӣ кунанд.

Фармондеҳони украинӣ мегӯянд, вазъ дар шарқи вилояти Донетск, шаҳри Покровск ва ҳамчунин дар шаҳри Часив Яр, дар шимол сангин аст. Ин ҷо як канали обӣ ноҳияи шарқии онро аз шаҳри асосӣ ҷудо мекунад.

Дар мусоҳибае, ки дар рӯзномаи The Guardian нашр шуд, фармондеҳи кулли Украина генерал-полковник Александр Сирский гуфт, ки вазъ дар майдони ҷанг "хеле душвор" аст. «Русияи ишғолгар дар бисёр самтҳо ба мавқеъҳои мо ҳамла мекунад», - гуфт ӯ. Ӯ гуфт, “душман аз назари нирӯву таъминот бартарии калон дорад», аз ин рӯ, “барои мо масъалаи таъминот ва сифат аввалиндараҷа мебошад”.

Раиси маъмурияти ҳарбӣ Александр Прокудин гуфт, дар ҳамлаҳои Русия ба 17 маҳаллаи аҳолинишини вилояти Херсон 8 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Вай гуфт, дар шаҳри Берислав, дар соҳили ғарбии рӯдхонаи Днепр як ҳавопаймои бесарнишини Русия ба мошини ёрии таъҷилӣ бархӯрд ва ронандаи онро захмӣ кард. Маълум нест, ки он вақт мошини ёрии таъҷилӣ касеро мебурд ё не.

Нерӯҳои Русия, ки дар охири соли 2022 аз тарафи ғарбии дарёи Днепр берун шуданд, бомбаборон ва ҳамлаҳо ба шаҳракҳои украиниро дар соҳили муқобил идома доданд.

Дар вилояти Рязани Русия шабакаҳои маҳаллии Telegram хабар доданд, ки эҳтимолан ба як анбори нафт ва фурудгоҳ ҳамла карда шудааст. Тасдиқи расмии ин хабар дар даст нест.

Ҷанги Русия дар Украина инак 28 моҳ аст давом дорад ва шумори қурбониён аз ҳарду ҷониб афзоиш меёбад.

Украина маълумот дар бораи кушташудагон ва маҷрӯҳони худро нашр накардааст, ҳарчанд президент Владимир Зеленский дар моҳи феврал гуфта буд, ки ҳадди аққал 31 000 сарбози украинӣ кушта шудаанд, вале эҳтимолан ин омори ниҳоӣ набошад.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти ғарбӣ теъдоди талафот дар ҷониби Русияро беш аз 500 000 нафар тахмин задаанд. Ин шумори ҳам кушта ва ҳам захмишудаҳо мебошад. Охирин оморе, ки бахши русии Би-би-сӣ ва Mediazona бар пояи манобеи боз мунташир кардаанд, ҳокист, ки аз моҳи феврали соли 2022 дастикам 61 ҳазор сарбози рус кушта шудаанд.

Охирин рақами расмии вазорати дифои Русия, ки моҳи сентябри соли 2022 интишор карда буд, гуфта мешавад, ки шумори кушташудагон 5937 нафар будааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Гумонбар дар таркиши мошине дар Маскавро аз Туркия истирдод кардандДмитро Кулеба бо мақомоти Чин мулоқот мекунад Русия мегӯяд, "75 паҳбоди украинӣ"-ро раҳгирӣ кард ва аз байн бурдАртиши Русия ба роҳҳои оҳан ва иншооти энергетикии Украина ҳамла кард