Ҳамлаҳои густурдаи Русия ба муассисаҳои энергетикӣ ва беморхонаи рӯҳии Украина

Беморони муассисаи бемориҳои рӯҳии Харковро ба таҳхона интиқол додаанд. 27 апрел

Украина гуфт, ки Русия шаби гузашта ба муассисаҳои энержиаш бо  ҳавопаймоҳои бесарнишин ҳамлаҳои густурда анҷом дод.

Ҳамзамон як корхонаи коркарди нафти Русия гуфтааст, ки дар пайи ҳамла фаъолияташро мутаваққиф кардааст. DTEK, бузургтарин ширкати хусусии энержии Украина гуфт, ки чаҳор нерӯгоҳи барқи гармидиҳии он осеб дидаанд.

"Душман бори дигар иншооти энергетикии Украинаро ба таври оммавӣ тирборон кард", - омадааст дар изҳороти DTEK. "Таҷҳизоти ширкат осеби ҷиддӣ дидааст. Ҳамин лаҳзаҳо энергетикҳо талош доранд, оқибатҳои ҳамларо бартараф кунанд."

Вазири энержӣ Герман Ҳалушенко гуфт, зарбаҳои Русия ба вилояти Днепропетровск дар маркази Украина ва вилоятҳои ғарбии Лвов ва Ивано-Франковск нигаронида шудааст. Халушенко гуфт, ки як корманди соҳаи энержӣ маҷрӯҳ шудааст. DTEK низ гуфт, ки талафот вуҷуд дорад, аммо ҷузъиёти дигар надод.

Мақомот гуфтанд, ки дар Харков, дуввумин шаҳри бузурги Украина, як бемористони рӯҳӣ осеб дида ва як нафар дар ҳамлаи мушакии Русия захмӣ шудааст. Фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Украина рӯзи 27 апрел гуфт, нерӯҳои дифои ҳавоии Украина аз 34 мушаки Русия дар як ҳамлаи якшаба 21-тоашро сарнагун карданд. Микола Олешук гуфт, ки дар муқобила бо зарбаҳои мушакии Русия ҳавопаймоҳои ҷангии украинӣ, воҳидҳои зиддимушакии ҳавоӣ, гурӯҳҳои сайёри оташнишонӣ ва васоили ҷанги радиоэлектронӣ ба кор бурда шуд.

Дар тӯли як моҳи охир артиши Русия зарба ба инфрасохтори энергетикии Украинаро афзоиш дода, ба неругоҳҳои гармидиҳӣ, обӣ ва дигар инфрасохтори энержӣ ҳамла мекунад. Мақомоти Украина гуфтаанд, ки ин кишвар тақрибан 80 дарсади тавлиди гармидиҳӣ ва тақрибан 35 дарсади зарфиятҳои нерӯи барқи обии худро аз даст додааст, ки ҳукуматро водор кардааст, ки дар чанд минтақа барқро қатъ кунад.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Краснодари Русия гуфтанд, як корхонаи коркарди нафт пас аз ҳамлаи эҳтимолии ҳавопаймои бесарнишин фаъолияташро мутаваққиф кардааст.

"Кори ин корхона қисман бекор шудааст. Мушаххасан 10 ҳавопаймои бесарнишин (дрон) ба корхона расиданд. Сӯхтори шадид рух дод. Шояд хисороти дохилии дигар ҳам бошад", - гуфт Эдуард Труднев, мудири амниятии ширкати Славянск ЭКО, ки ин корхонаро идора мекунад.

Дар як хабаре дар Telegram аз таркиши бузург дар корхонаи коркарди нафти Славянск иттило дода шудааст. Украина, ки дар мавриди ҳадаф қарор гирифтани маконҳое дар Русия кам андар кам назар медиҳад, ин навбат ҳам дар бораи ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин чизе нагуфт.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Мушакҳои дурпарвоз ва $61 миллиарди Амрико барои Украина"Вагнер ташкил намекунем." Зиндониёнро дар Украина ба ҷанг мебаранд?