Вазорати дифои Туркия рӯзи 23 октябр дар баёнияе эълон кард, ки неруҳояш ба пойгоҳҳои вобаста ба ниманизомиёни Ҳизби коргарони Курдистон дар Ироқ ва Сурия ҳамла карданд.
Туркия мегӯяд, ки ба эҳтимоли зиёд Ҳизби коргарони Курдистон масъули ин ҳамла аст. Дар ин ҳамла 5 нафар кушта ва дастикам 22 нафари дигар захмӣ шуданд.
Дар баёнияи Вазорати дифои Туркия омадааст, ки як амалиёти ҳавоӣ алайҳи "пойгоҳҳои террористҳо" дар шимоли Ироқ ва Сурия анҷом шуд ва дар умум 32 ҳадафи вобаста ба "террористҳо" бомуваффақия аз байн бурда шуд.
Ҳизби коргарони Курдистон ё "PKK' дар феҳристи гурӯҳҳои террористии Туркия, Амрико ва Иттиҳоди Аврупо қарор дорад.
Туркия ҳамчунин ҳамлаҳои низомиро алайҳи ниманизомиёни курд дар Сурия анҷом медиҳад ва онҳоро шохае аз Ҳизби коргарони Курдистон медонад.
Вазири корҳои дохилии Туркия пас аз ҳамлаи маргбор дар Анқара эълон кард, ки ҳар ду ҳамлавар кушта шуданд ва ду нафар аз захмиҳо дар вазъияти вазнин қарор доранд.
Ӯ низ аъзои Ҳизби коргарони Курдистонро масъули эҳтимолии ин ҳамла муаррифӣ кард ва гуфт, "шеваи иҷрои ин ҳамла нишондиҳандаи эҳтимоли бисёр зиёди дахолати Ҳизби коргарони Курдистон аст".
Ҳарчанд ба гуфтаи ӯ, таҳқиқот барои тасдиқи шахсияти омилони ва ҷамъоварии далелҳои бештар идома дорад ва натиҷаҳои ин таҳқиқот дар ихтиёи умум қарор гузошта мешавад.
Аксҳо ва наворҳои видеоии нашршуда аз дурбинҳои наворбаста нишон медиҳад, ки дастикам се ҳамлавар, ки яке аз онҳо зан буд, қабл аз таркиш дар дарвозаи вурудии ширкати "Тусаш" тирандозӣ мекунанд.
Ширкати "Тусаш" дар заминаи тарҳрезӣ, тавлиди паҳбодҳо ва ҳавопаймоҳои низомӣ ва ғайринизомӣ ва дигар маҳсулоти дифоӣ фаъолият мекунад.
То кунун ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ҳамла дар Анқараро ба ӯҳда нагирифтааст.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, ки дар нишасти БРИКС дар Русия ҳузур дорад, ин ҳодисаро "террористӣ" хонд ва онро маҳкум кард. Иттиҳоди Аврупо, Амрико ва Русия низ ин ҳамларо маҳкум карданд.