Ҳамла ба корвони дипломатҳои хориҷӣ дар Покистон

Мақомоти Покистон гуфтанд, бар асари таркиш дар масири ҳаракати корвони дипломатҳои хориҷӣ як пулис кушта ва чор нафари дигар захмӣ шудааст.

Ба навиштаи рӯзномаи "Dawn", чопи Исломобод, ҳодиса рӯзи 22-юми сентябр дар минтақаи Своти вилояти Хайбар-Пахтунхоҳи рух додааст. Ба навиштаи ин расона, дар ин ҳодиса ҳеҷ кадом аз дипломатҳои хориҷӣ осеб надидаанд ва ҳамаи онҳо ба Исломобод бозгаштаанд.

То кунун ҳеҷ гуруҳе масъулияти ин ҳамларо ба уҳда нагирифтааст.

Мақомҳои маҳаллии Покистон мегӯянд, дипломатҳои 12 кишвар, аз ҷумла, Тоҷикистон, Эрон, Русия, Туркманистон, Қазоқистон, Португалия, Босния, Зимбабве, Руанда ва Ветнам бо даъвати Палатаи саноат ва тиҷорати Исломобод ба минтақаи тиҷоратӣ-сайёҳии иёлати Хайбар-Пахтунхоҳ сафар мекарданд.

Минтақаи ёдшуда бо Афғонистон ҳаммарз аст. Ахиран эълон шуд, ки гурӯҳи "Таҳрики Толибони Покистон" фаъолиятҳояшро дар инҷо густариш дода, бахшҳое аз ин минтақаро дар даст дорад.

Бархе манбаъҳои хабарӣ гузориш додаанд, ки ҳайати дипломатӣ шомили сафирони ин кишварҳо дар Покистон будааст.

Бо вуҷуди он, ки расонаҳои покистонӣ ва байнулмилалӣ аз ҳузури дипломатҳои Тоҷикистон дар ин корвон хабар доданд, аммо дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ин сафар Сафир ва ё дипломатҳои тоҷик ҳузур надоштанд.

Хабаргузории эронии ИСНА гузориш додааст, ки Ризо Амиримуқаддам, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Покистон, дар пайи ин ҳодиса осеб надида ва саломат аст.

Хабаргузории русии "Спутник" низ таъйид кардааст, ки сафири ин кишвар дар Исломобод дар миёни ин дипломатҳо будааст. Ин гузориш меафзояд, ӯ ба ҳамроҳи дигар дипломатҳо осебе надида, сафари онҳо ба иёлати Хайбар-Пахтунхоҳ нотамом мондааст.

Ҳодиса дар минтақаи истироҳатии "Маламҷабба" дар 250-километрии шимоли Пешовар рух додааст.

Ҷовид Хон, раиси пулиси маҳаллӣ дар иёлати Хайбар-Пахтунхоҳ гуфтааст, ҳама дипломатҳо солим ҳастанд ва як гурӯҳи амниятӣ дар маҳал ҳузур дорад. Ӯ дар идома шарҳ додааст, ки дар ин ҳодиса як мошини пешрави пулис ба бомбаи дастсози канорироҳӣ бархӯрд кардааст.

Таркиш дар масири роҳи корвони дипломатҳо дар ҳоле аст, ки рӯзи шанбе низ афроди мусаллаҳ дар вилояти Балуҷистон, дар ҷануб-ғарби Покистон ба неруҳои амниятӣ ҳамла карданд ва се корманди пулисро куштанд.