Ҳалокати ҳудуди 500 нафар дар ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон

Яке аз минтақаҳои Лубнон дар рӯзи 23-юми сентябр

Вазорати тандурустии Лубнон эълон кард, ки бар асари ҳамлаҳои Исроил дар рӯзи 23-юми сентябр 492 нафар кушта шуданд. 90 нафари онҳо занону кӯдакон ҳастанд. Бино ба гузоришҳо, шумори захмиҳо низ ба 1645 нафар расидааст. Ҷангҷӯёни "Ҳизбуллоҳ" ва ғайринизомиён аз якдигар ҷудо ҳисоб нашудаанд.

Артиши Исроил шоми 23-юми сентябор эълон кард, ки дар ин рӯз садҳо ҳавопаймои ҷангии ин кишвар 1300 бор ба мавзеъҳои "Ҳизбуллоҳ" ҳамла карданд. Амрико гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ"-ро созмони террористӣ медонад.

Ба иттилои артиши Исроил, ҳавопаймоҳои ҷангии ин кишвар минтақаҳои гуногуни Лубнон, мавзеъҳои "Ҳизбуллоҳ" ва ҳамчунин маконҳо ва хонаҳоеро, ки ба анбори силоҳи ин гурӯҳ табдил шуда буд, ҳадаф қарор доданд.

Исроил як рӯз пештар аз сокинони ҷануби Лубнон хоста буд, ки аз биноҳо ва маконҳои мавриди истифодаи ниманизомиёни "Ҳизбуллоҳ" дурӣ кунанд ва аз ин минтақа берун шаванд.

Раиси Ситоди кулли артиши Исроил ин ҳамлаҳоро "амалиёти таҳоҷумии пешгирона" хонд ва бо ишора ба зарбаҳои воридшуда ба "Ҳизбуллоҳ" гуфт, "ҳама чиз бояд дар ҷиҳати эҷоди шароит барои бозгашти сокинони минтақаҳои шимолӣ ба хонаҳояшон бошад".

Гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" ҳам аз партоби даҳҳо мушак ба тарафи пойгоҳҳои низомӣ ва корхонаҳои тавлиди силоҳ дар рӯзи душанбе хабар дод. Тибқи иттилои расонаҳои исроилӣ, дар ҳамлаҳои "Ҳизбуллоҳ" ба Исроил ҳудуди 10 нафар захмӣ шудаанд. Мактабҳо ва донишгоҳҳо дар минтақаҳои шимолии Исроил барои ду рӯз таътил эълон кардаанд.

Расонаҳои байнулмилалӣ аз идомаи табодули оташ миёни Исроил ва "Ҳизбуллоҳ" дар рӯзи сешанбе хабар доданд.

Шохаи низомии гуруҳи фаластинии "Ҳамос", ки Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ медонанд, низ аз кушта шудани яке аз фармондеҳони худ дар ҷануби Лубнон хабар дод. Гуруҳи "Қассом" эълон кард, ки яке аз фармондеҳони ин гуруҳ бо номи Ҳусейн Маҳмуд Нодир рӯзи душанбе дар ҳамлаи Исроил ба ҷануби Лубнон кушта шуд.

Ҳамзамон бо идомаи ҳамлаҳои ҳавоии густурдаи Исроил ба шарқ ва ҷануби Лубнон, ки садҳо кушта бар ҷой гузоштааст, шумори зиёде аз мақомҳои байнулмилалӣ нисбат ба шуълавар шудани ҷанг дар минтақа ҳушдор доданд.