Дар соли 2024 дар корхонаҳои Тоҷикистон сӣ коргар, аз ҷумла шаш шаҳрванди Чин, ба ҳалокат расида, тақрибан сӣ тани дигар маҷруҳ шудаанд.
Мақомот далелҳои зиёд шудани ин мавридҳоро дар як нишасти хабарӣ шарҳ доданд.
Санъат Асо, сардори Хадамоти назорати бехатарии кор дар саноат, рӯзи 28-уми январ гуфт: "Суръати кори чиниҳо назар ба кормандони ватанӣ ба маротиб зиёд аст. Аз сабаби шитобкорӣ ин ҳодиса зиёд рух медиҳанд."

Санъат Асо
Дар умум дар соли 2024 дар корхонаҳои кишвар 48 ҳодисаи нохуш сар задааст. Аз ҷумла, дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи “Роғун”.
"Ҳодисае, ки дар “Роғун” шуд. Инҳо кормандони ширкати “Хокрӯд” буданд. Ҳангоми кор дар нақби агрегати рақами 5. Бояд платформа (майдони муваққат) дар чанд анкер мустаҳкам карда мешуд. Қоидавайронкунии аввал аз сӯйи кормандон шудааст. Бояд онҳо дар 6 нуқта тасма васл мекарданд, вале ҳамагӣ дар сето карданд," – гуфт Санъат Асо.
Дар ин ҳодиса се корманд ҷон бохта, як нафар захмӣ шуд. Ба зидди ду кас парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Хадамоти назорати давлатии бехатарии кор дар саноат сабаби асоси ҳодисаҳоро “бемасъулиятии муҳандисиву техникӣ” номид. Беш аз сӣ нафар, аз ҷумла мансабдорон, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, аз онҳо зиёда аз як миллиону ҳаштсад ҳазор сомонӣ ҷарима ситонда шудааст.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳалокати 30 кас дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон