Дар Макка фурӯшгоҳи "секси ҳалол" боз мешавад

Дӯкони маҳсулоти ҷинсӣ дар Чин.

Тибқи гузоришҳо, қарор аст дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ ба манзури рафъи ниёзмандиҳои ҷинсии мардон ва занони мусалмон, фурӯшгоҳи “секси ҳалол” ифтитоҳ шавад.

Ин фурӯшгоҳ аз сӯи як шаҳрванди Дания -- Абдулазиз Ауруғӣ, ки мағозаи “Ал-Азира”-и ӯ бо равғанҳои табиияш машҳур аст ва дар ҳамкорӣ бо корпоратсияи "German adult entertainment giant Beate Uhse" ифтитоҳ хоҳад шуд.

Ба иттилои расонаҳои арабӣ, ин фурӯшгоҳ барои муштариёни мусалмон дар шаҳри Макка таҳия шуда ва баъд аз мушовара бо рӯҳониёни Саудӣ ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард. Ауруғӣ ба хабаргузории Франс-пресс гуфтааст, ки рӯҳониёни Саудӣ ба вай гуфтаанд, ифтитоҳи ҳамчунин фурӯшгоҳ ба “беҳтар шудани муносиботи ҷинсӣ миёни ҳамсар ва шавҳарҳо” мусоадат мекунад."

Вай гуфтааст, ки маҳсулоти онҳо шомили чизҳое хоҳад буд, ки ба муносиботи самимӣ ва дӯстона миёни зану шавҳар дар равобити ҷинсӣ мадад хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, фурӯшгоҳаш дар маҷмӯъ 18 намуди маҳсулот, аз ҷумла рифолаҳо, равғанҳои махсус ва "боичаҳо"-и ҷинсиро пешкаши муштариёни худ хоҳад намуд.

Ин дар ҳолест, ки аввалин фурӯшгоҳи "Секси ҳалол" ҳудуди ду сол қабл аз сӯи як ҷавон дар Туркия роҳандозӣ шуд ва ба мухолифати уламои динӣ дар саросари ҷаҳон дар саросари ҷаҳон рӯбарӯ гашт. Ин "Фурӯшгоҳи секси ҳалол" аз сӯи Мурод Демирал ба ҳадафи "таъмини ниёзмандиҳои ҷинсии занон ва мардони мусалмон ба шеваи матлуб" роҳандозӣ шуд, аммо аз сӯи рӯҳониён мавриди интиқоди шадид қарор гирифт.

Мурод Демирал он замон гуфта буд гуфта буд, ки сабаби роҳандозии ин сайт, мушоҳидаи ниёзҳои дӯстон ва атрофиёнаш будааст, ки бинобар истифода аз тасвирҳои порно дар сайтҳои ғайриисломӣ, аз истифодаи ин сайтҳои фурӯши маҳсулоти ҷинсӣ маҳрум мондаанд.

Вай гуфта буд, ки занон ва мардони мусалмон низ ба далели бархӯрдори аз ғаризаҳои инсонӣ ҳамчун ҳама инсонҳо ҳаққи бартараф қардани ин ниёзҳоро низ ҳаммонанди ҳаққи рафъи гуруснагӣ ва дигар ниёзҳо доранд ва фароҳам кардани чунин имконият як амри комилан зарурист. Хадамоти ироакардаи ин марди турк маҳсулоти гуногун, аз ҷумла рифола, равғанҳои молиш (массаж) ва ғайра иборат буд.

Мунтақидон ин корро натиҷаи "моддисозии дин" меноманд ва мӯътақиданд, ки агарчи ислом ниёзҳои ғаризии инсонҳоро ба расмият мешиносад, аммо бояд гуфт, ин шеваҳои муносиби бароварда кардани ин ниёзҳои табииро низ мушаххас намуда ва онро аз шеваҳои номуносиб ва гуноҳолуд, ки маншаи тахриби инсонӣ ва иҷтимоист, ҷудо мекунад.

Ба гуфтаи мунтақидон, дар дини ислом чун дигар динҳои илоҳӣ, ки бисёре аз шохаҳои он ҳамакнун ҳам ба ин асл побанд ҳастанд, барқарории равобити ҷинсӣ танҳо аз тариқи издивоҷ ва ташкили хонавода мумкин аст.

Ду сол пеш як соҳибкори Тоҷикистон низ нақша дошт, аз Чин маҳсулоти марбут ба эҳтиёҷи шаҳвониро ворид кунад. Ин хабарҳо низ ҷой дошт, ки дар шаҳри Душанбе ба таври пинҳонӣ лӯхтакҳои ҷинсӣ ба фурӯш меравад. Аммо ҳеч гуна мағозаи молҳои ҷинсӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад.

Қобилҷон Боев, рӯҳонии тоҷик истифода аз ин гуна ба истилоҳ “бозичаҳо”-ро аз нигоҳи дин номумкин медонад. Ба гуфтаи ӯ Худованд ҳар инсонро аз зоти худаш зан ё шавҳар офаридааст, ки истифодаи ғайри он гуноҳмебошад ва бар пояи ояи мушаххаси Қуръон "зинокорӣ ҳисобида мешавад”.

То кунун баъзе аз давлатҳои исломӣ воридоти чунин маҳсулотроба кишварҳои худ мамнуъ эълом кардаанд,вале бо ин вуҷуд, ин "озичаҳо" аз роҳи қочоқ вориди бозорҳо шуда бо нархҳои хеле арзон ба фурӯш мераванд. Далер, як ҷавони тоҷик, воридоти масулоти шаҳвониро хилофи суннатҳои мардуми кишвар медонад, вале мегӯяд, "хариду фурӯши маводи мухаддир дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, вале он қочоқ мешавад, чӣ бирасад ба арӯсакҳои резинӣ, ки мо бихоҳем ё не. Ба таври қочоқӣ ворид мекунанд ва пинҳонӣ ба фурӯш мебароранд".

Аз сӯи дигар, ҷомеашиносон мегӯянд, маълум нест, бо чӣ роҳ метавон аз вуруди “бозичаҳо”-и шаҳвонӣ ба кишвар пешгирӣ кард, зеро онҳо ба сурати умум мол ба шумор мераванд ва тавлидгаронашон мегӯянд, ҳадафашон башардӯстона аст, яъне ҳалли мушкили онҳое, ки бо роҳи дигар наметавонанд, ҳисси шаҳвонии худро қонеъ кунанд.

Дар ҷомеи Тоҷикистон сӯҳбат аз мушкилоти ҷинсӣ як навъ табу дониста мешавад. Вале тадриҷан дарк мешавад, ки махфӣ мондани ин мавзӯъ ба манфиати ҷомеа нест ва солҳои охир бо дастрасии бештар ба интернету барномаҳову адабиёти марбут ба робитаҳои занушавҳарӣ мардум ин мавзӯъро то ҷое чун як масъалаи иҷтимоӣ ва ҷисмонии худ қабул кард. Аммо бо ин вуҷуд то ҳанӯз дар сӯҳбатҳои ғайримаҳрамона аз гуфтани ин мушкил парҳез мешавад.