Даргузашти Саъдиниссо Ҳакимова, нахустин доктори илми тиб дар Тоҷикистон

Саъдиниссо Ҳакимова, донишманди маъруф ва пизишки амрози занонаи Тоҷикистон дар 91-солагӣ даргузашт.

Саъдиниссо Ҳакимова, донишманди маъруф ва пизишки занонаи Тоҷикистон дар 91-солагӣ даргузашт ва ҷасади ӯ 12 октябр дар яке аз қабристонҳои шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.

Хонум Ҳакимова нахустин доктори илми тиб дар Тоҷикистон ва аввалу танҳо узви вобастаи Академияи улуми тибби Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Маҳз ба ибтикор ва талошҳои пайгиронаи ӯ мактаби акушерию гинекологӣ дар Тоҷикистон таъсис шуда ва амрози мухталифи занона дар ин ҷарроҳӣ ва мудово мешуд.

Саъдиниссо Ҳакимова 20 декабри соли 1924 дар шаҳри Конибодом чашм ба дунё кушода, пас аз хатми омӯзишгоҳи тиббӣ дар соли 1939 ба Донишкадаи тозатаъсиси тиббӣ шомил шуд.

Пас аз хатми донишкада дар моҳи июни соли 1943 бо шавҳари аз ҷанг баргашта ва писари хурдаш дар бемористони вилоятии Кӯлоб шурӯъ ба фаъолият карда ва дар ин ҷо барои нахустин бор амали ҷарроҳӣ анҷом дод.

Рисолаҳои номзадию докториро дар шаҳри Маскав дифоъ карда ва за соли 1980 то 1993 раёсати Пажӯҳишгоҳи ҳифзи модару кӯдаки Вазорати тандурустии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.

Дар муддати фаъолияти илмӣ Саъдиниссо Ҳакимова 31 номзад ва 11 доктори илмро тарбият кардааст, ки ҳоло бештари ин афрод ба далели мушкилоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар фаъолият мекунанд.

Дар пайи ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар даҳаи 1990 ӯ аз мақомаш дар пажӯҳишгоҳ барканор шуда ва моҳи майи соли1996 ба Эрон муҳоҷират кард ва дар ғарибӣ хабари шуми марги нобиғаҳои илми тибби Тоҷикистон Юсуфҷон Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов (моҳи июли соли 1996) ва акадамик Муҳаммадҷон Осимӣ, донишманди маъруф (моҳи августи ҳамон сол) ба гӯшаш расид.

Дар солҳои ахир Саъдиниссо Ҳакимова ба Тоҷикистон баргашта, аммо ин донишманди бузурги бахши тибб дар гӯшаи фаромӯшӣ қарор гирифта буд.

Ин дар ҳолест, барои саҳми бузургаш дарбахши акушерию гинекологии илми ҷаҳонӣ номи Саъдиниссо Ҳакимова ба қомусҳои (энсиклопедия) тиббии Иттиҳоди Шӯравии пешин, Русия, Британияи Кабир, Ҳиндустон ва кишваҳои дигар сабт шудааст.

Барои хидматҳои бузургаш дар бахши илми тиб хонуми Ҳакимова бо нишону медолҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ қадр шуда буд.