Макка холӣ... Маросими Ҳаҷ бо ҳузури ками мусулмонон оғоз ёфт

Каъба, 28-уми июли 2020

Рӯзи 29-уми июл дар Арабистони Саудӣ маросими Ҳаҷҷи соли 2020 шуруъ шуд. Бори аввал аст, ки дар таърихи муосири ҷаҳони ислом хориҷиён наметавонанд ба зиёрати Маккаву Мадина бираванд, зеро ба далели пандемияи СОVID-19 Арабистони Саудӣ Ҳаҷҷи имсоларо иҷозат надод.

Имсол танҳо ҳазор нафар аз худи Арабистони Саудӣ ва хориҷиёни ин кишвар ҳақ доранд, Ҳаҷ кунанд. Сӣ дар сади зойирон аз ҳисоби табибону парасторон ва маъмурони амниятие хоҳанд буд, ки аз коронавируси нав шифо ёфтаанд. Мақомоти Арабистони Саудӣ хостаанд, аз ин роҳ ба онҳо изҳори сипос кунанд.

Ҳамасола беш аз ду миллион мусулмон аз 180 кишвари ҷаҳон барои иштирок дар маросими ҳаҷ ба Макка мерафтанд. Ҳаҷ яке аз панҷ рукни ислом аст ва ба ҳар мусулмони тавоно як бор дар тӯли умр фарз аст.

Амр Ал-Маддоҳ, раиси барномарезӣ дар Вазорати Ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ ба хабаргузории “Ассошиейтед Пресс” гуфтааст, мақомҳои ин кишвар чораҳои лозимро андешидаанд, то маросими имсола бе ҳеч мавриди маргумир аз бемории СOVID-19 поён ёбад.

Бар асоси омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, то кунун дар Арабистони Саудӣ беш аз 270 ҳазор нафар ба коронавируси нав мубтало шуда, зиёда аз 2700 кас ҷон бохтаанд.

Мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, имсол 5000 сокини кишвар барои адои маросими Ҳаҷ худро сабти ном карда буданд. Ба қавли мақомот, ин афрод бо ақибнишнии пандемияи СОVID-19 ва беҳтар шудани вазъи беҳдоштӣ дар ҷаҳон имкон доранд, соли оянда ин фаризаи диниро адо кунанд.

Намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ рӯзи 22-юми июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтанд, соли оянда бартарӣ қабл аз ҳама ба ин афрод дода мешавад. Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ гуфт: “Рӯйхатҳо ҳаст, агар вазъият беҳтар шавад, ба ҳар сурат бартарӣ ба он нафароне, ки номнавис шудаанд, дода мешавад.”

Айни замон мақомот ва рӯҳониёни наздик ба ҳукумат ҳамвора аз мардум мехоҳанд, пулҳои ба ҳаҷ ҷамъовардаи худро ба дармондагон бидиҳанд ва ё роҳу пул созанд.

Чанде аз талабгорони зиёрати Ҳаҷ дар гузашта бо тавсияву ташвиқи мақомот аз сафар даст кашида, маблағи онро барои иҷрои чунин корҳои иҷтимоӣ сарф карданд, вале мунтақидон мегӯянд, аслан ӯҳдадории иҷтимоии давлат аст, ки дар маҳалҳо барои мардум роҳу пул ва майдонҳои варзишӣ ва мактабу чойхона созад, аммо онро ба дӯши сокинон бор кардааст.

Ҳар сол беш аз 6 ҳазор кас аз Тоҷикистон ба ҳаҷ мерафтанд. Дар солҳои гузашта одамон муддати дароз дар навбат меистоданд, вале дар ду соли ахир сафи талабгорон кам шудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!