Ҷавоби Кумитаи дин ба суоли "чаро нархи ҳаҷҷи мо гаронтар аст?"

Ҳоҷиёни тоҷик

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ сабабҳои гаронии харҷи сафари зоирони тоҷик дар муқоиса ба зоирони қирғиз ба зиёрати Каъбаро шарҳ додааст.

Масъулони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ бо ирсоли нома ба Радиои Озодӣ гаронии нархи сафари ҳаҷ дар Тоҷикистон дар муқоиса ба Қирғизистонро шарҳ додаанд. Ҳарчанд онҳо нагуфтаанд, харҷи имсолаи сафари ҳаҷ барои сокинони кишвар чанд аст, аммо таъкид кардаанд, ки гаронии нарх ба беҳтари будубоши ҳоҷиён рабт дорад.

Номаи Кумитаи дин:

"...Чанде пеш торнамои Радиои Озодӣ бо нашри гузорише зери унвони "Нархи имсолаи сафари ҳаҷ чӣ қадар аст?" масоили нархгузорӣ барои адои маносики ҳаҷ дар бархе аз кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистонро таҳлилу баррасӣ намуд. Дар гузориши "Озодӣ" омадааст, ки қимати имсолаи сафари ҳаҷ барои зоирони Қирғизистон 2550 долларро ташкил медиҳад ва он нисбат ба дигар кишварҳои минтақа арзонтарин маҳсуб мешавад.

Ин дар ҳолест, ки нархи хизматрасониҳои сафари Хонаи Худо барои зоирони тоҷик дар соли гузашта 18 ҳазору 164 сомониву 92 дирам буд ва ин маблағ чиптаи ҳавопаймо, сукунат дар меҳмонхонаҳо дар шаҳрҳои Макка ва Мадина, се бор хӯрок дар як рӯз, хидмати роҳбаладон, суғурта, хизматрасонии шабонарӯзии тиббӣ, эмгузаронӣ бар зидди бемориҳои сирояткунанда, ҷузвдон, сару либос ва ғайраро дар бар мегирифт. Аммо хабарнигорон бештар чунин суолро пеш мегузоранд, ки чаро нархи сафари ҳаҷ дар ҳамсоякишвари Қирғизистон нисбат ба мо ба таври чашмрас арзонтар аст?

Аслан, бори аввал нест, ки ҷониби Қирғизистон зоирони худро бо нархи нисбатан арзон дар минтақа ба Арабистони Саудӣ сафарбар менамояд. Дар солҳои қаблӣ, аз ҷумла, соли 2012 ва чанд соли пеш аз он низ нархи сафари ҳаҷ дар ин кишвар миёни давлатҳои ҳамҷавор арзонтарин маҳсуб мешуд. Зеро дар он сол масалан, агар ҳоҷиёни қирғиз ба таври ройгон дар маконҳои хайрия, ки шароити начандон муносиб барои будубош доштанд ва дар масофаи аз 10 то 15 километр дур аз Ҳарам воқеъ буданд, сукунат мекарданд, ҳоҷиёни тоҷик дар меҳмонхонаҳои барҳавои Макка (дар ҳар утоқ аз 3 то 5 нафар) дар масофаи то 4 килорметр аз Ҳарам иқомат менамуданд ва ин раванд идома дорад. Яъне, зоирини Қирғизистон аз пардохти ҳаққи меҳмонхона озод буданд.

Агар ҳоҷиёни қирғиз на аз ҳисоби маблағи умумии пардохтнамудаашон, балки иловатан аз ҳисоби худ қурбониро анҷом диҳанд, адои қурбонии ҳоҷиёни тоҷик ба воситаи Бонки Исломии Рушд аз ҳисоби маблағи умумӣ сурат мегирад. Нархи чиптаи ҳавопаймои Қирғизистон низ аз сабаби арзонтар будани қимати сӯзишворӣ дар ин кишвар ҳамасола нисбат ба ҷониби мо то 250 доллар арзонтар мебошад. Дар ҳоле ки тибқи иттилои Идораи Мусулмонҳои Қирғизистон дар мавсими ҳаҷ аз ҳар як ҳоҷӣ 130 доллар ба фоидаи ин ниҳод ҳамчун хайрия ситонида мешавад, ниҳоди танзимкунандаи сафари ҳаҷ дар Тоҷикистон ба фоидаи худ аз зоирон маблағе намегирад.

Инчунин, баъзе аз хизматрасониҳо, аз қабили суғурта, хизматрасонии шабонарӯзии тиббӣ, эмгузаронӣ, таъмини либосу ҷузвдон ва амсоли он ки зоирини тоҷик ҳамасола аз он бархӯрдор мешаванд, дар номгӯи хизматрасониҳои пешниҳоднамудаи Идораи мусулмонҳои Қирғизистон наомадааст. Илова бар ин, зоирини тоҷик се моҳ пеш аз сафари Хонаи Худо бо барномаи махсуси омӯзише фаро гирифта мешаванд, ки дар он аҳкоми шаръии ҳаҷ ва дигар масоили вобаста ба он омӯзонида мешавад.

Аз ин лиҳоз, нархи хизматрасониҳо вобаста ба сатҳ ва сифати он аз ҳам фарқ мекунад. Яъне, азбаски хизматрасониҳои ҳоҷиёни тоҷик дар сатҳи баланд ба роҳ монда мешаванд, табиист, ки он ба нархи умумии сафари Хонаи Худо таъсир мегузорад.

Пас, хулоса намудан мумкин аст, ки агар ҷониби Қирғизистон барои ҳамаи он хизматрасониҳои дар боло зикршуда маблағи муайян пардохт намояд, пас, шояд нархи сафари ҳаҷҷи қирғизҳо нисбат ба нархи ҷониби мо гаронтар шавад.

Мо аз ин таҷрибаи Қирғизистон (истифода аз хизматрасониҳои ройгони хайрия) алакай даҳ сол пеш истифода намуда будем ва ҳоло дигар чунин сатҳи хизматрасониҳо талаботи ҳоҷиёни Тоҷикистонро қонеъ карда наметавонад.

Бояд гуфт, ҳоло хизматрасониҳое, ки ҷониби Тоҷикистон баъд аз бастани шартномаи дахлдор бо ширкати хизматрасон ба зоирини худ пешниҳод менамояд, дар сатҳи кишварҳои пешрафтае чун Туркияву Эрон, Русияву Қазоқистон ва Озарбойҷон аст. Ҳамчунин, қайд кардан ба маврид аст, ки Қазоқистон дар солҳои гузашта нархи ҳаҷро танҳо барои 2 ҳафтаи сафар 3800 доллар муқаррар карда буд. Озарбойҷон ҳамасола нархи ҳаҷро аз 4450 то 5200 доллар муқаррар менамояд. Нархи сафари ҳаҷ дар Русия низ бештар аз 4300 доллар муайян шудааст. Қимати сафари ҳаҷ дар Туркия бештар аз 4500 доллар мебошад.

Бояд гуфт, маъракаи ҳаҷ пайваста зери назари ҷиддии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар ин самт Ситоди доимамалкунандаи ҷумҳуриявӣ “оид ба ташкил ва баргузории ҳаҷ ва умра” фаъолият мекунад ва намояндагони ин ситод то оғози мавсими ҳаҷ якчанд маротиба ба кишвари Саудӣ сафар намуда, мувофиқтарини меҳмонхонаҳоро бо нархи дастрас интихоб мекунанд. Маҳз натиҷаи кори пурсамари ситоди мазкур ва Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ буд, ки дар чанд соли охир ситоди ҳаҷҷи Тоҷикистон дар миёни тамоми кишварҳои мусулмонӣ дар масъалаи коргузорӣ ва тартиби ҳаҷ ҷои сазоворро ишғол менамояд.

Ҳоҷиёни тоҷик дар беҳтарин меҳмонхонаҳои Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара иқомат мекунанд. Масофаи миёни меҳмонхонаи ҳоҷиёни мо аз Макка то Масҷиду-л-Ҳаром наздики 4 километр ва аз Мадина то Масҷиди набавӣ наздики 300 метрро ташкил медиҳад.

Ҳамасола Кумита чӣ тавр истифода шудани маблағҳоро дар шакли “ариза- созишнома” тартиб дода, дастраси ҳар як шаҳрванди ҳаҷраванда мегардонад. Дар охир зикри ин нуктаро низ лозим медонем, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар беш аз 200 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба адои ин фариза мушарраф гардидаанд.

Шӯъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон."