Ҳабси як мутахассиси IT аз Тоҷикистон бо гуноҳи "хиёнат ба давлат" дар Русия

Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 29-уми октябр як зодаи Тоҷикистонро бо гуноҳи хиёнат ба давлат ба сездаҳуним сол зиндон маҳкум кард.

Фирӯз Дадобоев мутахассиси соҳаи фанновариҳои нав (IT) будааст.

Расонаҳои давлатии Русия аз қавли намояндагони Хадамоти федеролии амният (ФСБ) навиштанд, ки ӯ 47-сола аст ва соҳиби душаҳрвандӣ.

Дадобоевро моҳи октябри соли 2022 дар пойтахти Русия дастгир карданд.

Ӯро ба он гунаҳкор медонанд, ки гуё кӯшиш дошт маълумоти сирриро ба намояндаи CIA, созмони истихбороти марказии Амрико, бирасонад.

Ба гуфтаи масъулони ФСБ, Дадобоев ба гуноҳ иқрор шудааст, вале маълум нест таҳти чӣ шароит. Мавқеи наздикон ё вакили мудофеаш низ дастрас нест.

Додгоҳи шаҳри Маскав ин зодаи Тоҷикистонро ҳамчунин вазифадор кардааст, ки 300 ҳазор рубл (беш аз 3 ҳазор доллар) ҷарима пардозад.

Баъд аз ҳамлаи Маскав ба хоки Украина дар моҳи феврали соли 2022, теъдоди парвандаҳои хиёнат ба ватан дар Русия афзудааст.

Нашрияи "Важние истории" рӯзи 18-уми октябр навишт, ки танҳо дар шаш моҳи соли 2024 дар Русия 52 нафарро бо гуноҳи хиёнат ба давлат ба зиндон маҳкум кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, шумори касоне, ки дар Русия ба ҷосусӣ маҳкум шудаанд, низ бештар шудааст. Дар шаш моҳи соли 2024-ум 18 нафарро бо ин гуноҳ маҳкум карданд.