Гуштигирони тоҷик дар Қазоқистон ду медал гирифтанд

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалӣ дар риштаи гуштии озод ба хотираи Динмуҳаммад Қунаев, собиқ ходими намоёни ҳизбию давлатӣ, ки рӯзҳои 20-22-юми декабр дар шаҳри Тарази Қазоқистон баргузор шуд, ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ба иттилои sportnews.kz ин мусобиқаи анъанавӣ бо иштироки 170 варзишгар аз Австралия, Бразилия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Чин доир гардид. Гуштигирон барои 10 маҷмуи ҷоизаҳо мубориза бурданд.

Медали нуқраро ба дастаи Тоҷикистон Мустафо Аҳмадов овард. Вай дар вазни то 70 кило ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Аммо дар финал аз Эрназар Акматалиев (Қирғизистон) шикаст хӯрд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Магомед Евлоев дар вазни то 79 кило, ки дар даври ниманиҳоӣ мағлуб гашт, дар даври тасаллобахш Женгис Кинибековро аз Қазоқистон шикаст дода, бо медали биринҷӣ сарфароз шуд.

Дар шаш вазн гуштигирони Қазоқистон - Роҳат Калжан (57 кг), Майрамбек Картбай (61 кг), Одил Оспанов (65 кг), Болат Сакаев (86 кг), Азамат Даулетбеков (92 кг) ва Серик Бакитханов (125 кг) – пирӯз шуданд.

Дар байни ғолибон аз кишварҳои хориҷӣ ду нафар - Дэвид Карр (74 кг) ва Ҷонатан Айелло (97 кг) - аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, инчунин Эрназар Акматалиев (70 кг) аз Қирғизистон ва Сулдхуу Олонбайяр (79 кг) аз Муғулистон мебошанд.

Ба ғайр аз медал варзишгарон бо ҷоизаҳои молӣ мукофотонида шуданд: барои медали тилло - $4000, медали нуқра - $2000, медалҳои биринҷӣ - $500.