Мақомоти Фаронса қасри Груссе дар канори шаҳри Порисро, ки ба Гулнора Каримова – духтари бузурги раиси ҷумҳури Узбакистон тааллуқ дорад, ҳабс кардаанд. Нашрияи Libération мегӯяд, ин қаср бо худ театри опера, боғу гулгашт ва аспхона (саисхона) дорад ва қиматаш ба 28 миллион евро баробар аст.
Инчунин, як хонаи дигари Гулнора Каримова дар маркази Фаронса, ки ба нархи 20 миллион евро харидорӣ шудааст ва як виллааш дар Сан-Троперо ҳабс кардаанд. Додгоҳи Фаронса мегӯяд, ин иқдом дар доираи парвандаи марбут ба “шустутшӯи пул ва ташкили гурӯҳи ҷиноӣ” ва “амалҳои коррупсионии шахсони воқеии хориҷӣ” амалӣ шудааст.
Серж Турнеир, додраси молиявии Порис, ки ба таҳқиқи пулшӯӣ ва ташкили гуруҳи ҷиноӣ дар Фаронса машғул аст, дар мавриди ҳабси ин амвол ҳанӯз 5-уми сентябри соли гузашта амр дода буд. Тавре ба бахши узбакии Радиои Озодӣ яке аз фаъолони созмони SHERPA гуфт, ин амвол дар солҳои 2009-2011 аз сӯи ширкатҳои Studio Invest, Invest Service Group ва Ruby International харидорӣ шуда буд. Аммо дар
натиҷаи таҳқиқот маълум шудааст, дар паси ин ширкатҳо Гулнора Каримова ва афроди наздик ба ӯ, аз ҷумла Рустам Мадумаров меистанд.
“Cозмони мо бо ҳуҷҷатҳои парвандае, ки дар Фаронса боз шудааст, ошно шуд. Аз ин ҳуҷҷатҳо маълум гардид, ширкати Studio Invest ва Invest Service Group ба номи Гулнора Каримова ва Ирина Емелянова, Ruby International – ба номи дӯсти Гулнора Каримова -- Рустам Мадумаров сабт шудааст. Ҳарсеи ширкатҳо дар Париж сабтином шудаанд”,- гуфтааст фаъоли созмони SHERPA.
Муфаттишон мегӯянд, ин амвол аз фоидаи амалҳои, ба қавли онҳо, коррупсионӣ ҳангоми ворид шудани як зумра ширкатҳои мухобиротӣ ба бозори Узбакистон ба даст омадааст. Тибқи иттилои ба дастовардаи онҳор, дар натиҷаи ин амалҳои корруспионӣ ба суратҳисоби ширкатҳо дар Гибралтар, ки ба афроди наздики Гулнора марбут будаанд, аз соли 2007 то ноябри соли 2010 324 миллион доллар ворид шудааст. Ба гумони муфаттишон, маҳз 50 миллион еврои ҳамин пулҳо барои харидории ин амвол дар Фаронса масраф шудааст.
Тақдири минбаъдаи амволи ҳабсшудаи Гулнора ҳанӯз маълум нест. “Мурофиаи додгоҳӣ вобаста ба парвандаи мазкур дар Фаронса акнун оғоз мешавад. Танҳо додгоҳ дар мавриди тақдири ояндаи ин амвол ҳукм мебарорад”,-мегӯяд яке аз фаъолони созмони SHERPA.
Надежда Атаева, роҳбари ташкилоти фаронсавии “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Миёна”, мегӯяд, ҳабси амволи марбут ба Гулнора Каримова натанҳо барои фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, балки ба сокинони Узбакистон, ки дар шароити ба қавли ӯ беадолатӣ ба сар мебаранд, умеди тозае бахшид. “Маблағи амволи ҳабсшуда бояд ба барномаҳои
иҷтимоӣ бо роҳбарии созмонҳои байналмилалӣ дар Узбакистон сарф шавад. Ба ҳеч ваҷҳ ин пул набояд ба ҳукумати Узбакистон боз гардонда шавад, чунки он дар садри ҳамин беадолатиҳо меистад”,- мегӯяд Отаева.
Бахши узбакии Радиои Озодӣ мегӯяд, дар ихтиёри худ ҳуҷҷатҳое доранд, ки тасдиқ мекунанд, Гулнора Каримов инчунин дар Женева, Дубай, Ҳонг-Конг, Лондон ва Маскав амволи ғайриманқул дорад, ки арзишашон ба садҳо миллион доллар мерасад. Вале ҳабси амволи ӯ дар Фаронса дар ҳоле сурат гирифтааст, худи ӯ дар ҳабси хонагӣ дар Тошканд ба сар мебарад.
Духтари калонии Ислом Каримов дар Аврупо ба он айбдор мешавад, ки танҳо барои додани иҷозаи вуруд ба бозори мобили ин кишвари Осиёи Марказӣ аз ширкати шведии Telia Sonera тавассути сохторҳои мухталифи зери назараш 350 миллион доллар ҳақ гирифтааст. Гулнора Каримова баъди ин моҷаро, ба гуфтаи худаш, ба ҳабси хонагӣ андохта шудааст. Ӯву писараш Ислом Каримови хурдӣ ҳоло ҳамсари Ислом Каримови калонӣ - Татяна Каримова – ва духтари хурдии ӯ Лола Тилоева-Каримоваро айбдор мекунанд, ки бо сохтани интригаҳо президентро нисбат ба Гулнораву фарзандонаш дилсард кардаанд.