Боздошти шаш ҳазор нафари айбдор дар кудатои Туркия

Дар Туркия тақрибан 6 ҳазор низомиён ва хихматчиёни давлатӣ дар робита ба табаддулоти нокоми давлатӣ боздошт шуданд.

Расонаҳои чопи Туркия рӯзи 17 июл бо такя ба иттилои вазири адлияи Туркия Боқир Боздоғ хабар доданд, ки “поксозӣ” дар ҳайати фармондеҳии артиш ва додгоҳҳо ҳам идома хоҳад кард. Ба гуфтаи вазир, дастури боздошти додрасу додситонҳое, ки дар кудатои шаби 15 июл даст доранд, ироа шудааст.

Бино ба иттилои ахири расмӣ, дар пайи талоши табаддулоти давлатӣ аз сӯи гурӯҳи низомиёни турк 265 нафар ба ҳалокат расиданд.

Фатҳуллоҳ Гулен

Аз ин пеш рӯҳонии маъруфи турк Фатҳуллоҳ Гулен иттиҳоми даст доштан дар кӯшиши нокоми табаддулоти давлатӣ дар Туркияро рад кард. Фатҳуллоҳ Гулен, ки аз соли 1999 ба ин сӯ дар ҳиҷрат дар аёлати Пенсилванияи Амрико ба сар мебарад, шоми 16 июл ба хабарнигорон гуфт, аз кудатои низомӣ дарак надошт ва ҳама гуна талошҳои аз роҳи зӯрӣ соҳиби қудрат шуданро маҳкум мекунад.

Сӯҳбати Фатҳуллоҳ Гулен бо хабарнигорон дар маркази исломӣ баъд аз он баргузор гардид, ки раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ӯро дар ташкили табаддулоти давлатӣ айбдор намуд.

Ба гуфтаи рӯҳонии маъруф, сабабҳои даст ба кудато задани низомиён метавонад гуногун бошад, шояд онҳо аз ҷонибдорони ҳизбҳои мухолифи давлат буданд.

Намоиши ҷонибдорони Эрдуғон дар Истамбул.

Эрдуғон шоми шанбе дар ҷамъи ҷонибдоронаш дар шаҳри Истамбул аз раисиҷумҳури ИМА Барак Обама хост, ки Фатҳуллоҳ Гуленро ба Туркия истирдод кунад. “Ҷаноби президент Барак Обама, ман ба шумо гуфтам - ё ин одамро истирдод кунед ё онро ба дасти мо супоред... Ман ба шумо гуфтам, ки ӯ ширкаткунандаи табаддулот аст, аммо ба ҳарфи ман гӯш надодед...”

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, рӯзи шанбе изҳор намуд, ки Вошингтон барои баррасии дархости Туркия дар робита ба истирдоди рӯҳонии турки муқими Амрико Фатҳуллоҳ Гулен омода аст. Аммо барои баррасии ин мавзӯъ мақомоти амрикоӣ бояд далелҳои мӯътамади даст доштани ӯ ба фаъолияти зиддиҳукуматиро дар ихтиёр дошта бошанд, афзуд Ҷон Керрӣ.

Фатҳуллоҳ Гулен, ҳампаймони пешини Эрдуғон буд ва ҳоло аз рақибони сиёсияш маҳсуб мешавад.

Нахуствазири Туркия Биналӣ Йилдирим рӯзи шанбе изҳор намуд, ҳар кишваре, ки аз Гулен пуштибонӣ мекунад, душмани Туркия эълон хоҳад шуд.

Ба гуфтаи таҳлилгари масоили сиёсӣ Аббос Ҷаводӣ, тайи ду даҳсолаи ахир ҷонибдорони Гулен дар артиш, полис, низомӣ додгоҳӣ ва бахши таҳсилу тадрис мақом пайдо карданд. Онҳо дар ибтидои солҳои 2000-ум ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон барои расидан ба қудрат ва сипас барои дубора дар мақом мондан кӯмак карданд.

Аммо соли 2011 Эрдуғон ҳама гуна робитаҳо бо Фатҳуллоҳ Гуленро барканд ва мансабдорони ҷонибдорони ӯро аз полису артиш берун намуд, ҳарчанд, тавре дида мешавад, гурӯҳҳое аз ҷонибдорони рӯҳонии маъруф дар артиш боқӣ монданд.

Ба гуфтаи таҳлилгар, кӯшиши табаддулоти давлатӣ аз сӯи «гурӯҳи Гулен» бидуни пуштибонӣ аз сӯи аҳзоби мухолифи давлат сурат гирифтааст. Аз ин рӯ баъди камтар аз 12 соат аз шурӯи ошӯб маълум буд, ки он ноком мешавад.

Кӯшиши табаддулоти давлатӣ, ки шаби 15 июл аз сӯи гурӯҳи низомиёни кишвар сурат гирифт, ноком шуд. Нахуствазири Туркия рӯзи 16 июл ба шабакаи телевизионии Haberturk аз боздошти 2839 низомии дастдошта дар ин кудато хабар дода буд ва тайи як шабонарӯз теъдоди онҳо беш аз ду баробар афзуд.