"Гуфт, хатарнок ҳастед." Ихроҷи боз даҳҳо муҳоҷири тоҷик аз Русия

Муҳоҷирони тоҷик дар фурудгоҳи Шереметово

Панҷоҳ зодаи Тоҷикистон, ки рӯзи 30-юми июл бо ҳавопаймои ширкати "Nordwind Airlines" аз Бохтар ба Маскав рафтанд, иддао доранд, ки мақомоти Русия онҳоро аз 20 то 25 сол аз ҳаққи даромадан ба ин кишвар маҳрум кардаанд.

Ин афрод рӯзи 31-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар фурудгоҳи "Шереметово" ҳастанд ва мунтазири бозгашт ба Тоҷикистон.

Бино ба аксҳои фиристодаи мусофирон, онҳо рӯйи курсиҳо нишастаанд ва дар ҳамон ҷо мехобанд. Яке аз мусофирон гуфт, "баъд аз тафтиши шиноснома ва телефонҳоямон гуфтанд, ки "Шумо барои Русия хатарнок ҳастед."

Ин мусоҳиби мо, ки ба далели амниятӣ номаш навишта намешавад, гуфт, мақомоти Русия мусофирони нисбатан калонсол ва дорои шиносномаи русиро иҷозаи даромадан дода, асосан ҷавонҳоро баргардондаанд.

"Телефони маро бе ҳузури худам кофтукоб карданд. Сипас нишон доданд, ки гуё дар телефони ман як навори марбут ба ДОИШ бознашр шудааст. Гуфтам, ки дар телефони ман аслан ин навор набуд. Полис дар паспорти ман муҳри ихроҷ зад, барои 25 сол," – нақл кард ӯ.

Мусофирон мегӯянд ба консулгарӣ ва Сафорати Тоҷикистон дар Маскав тамос гирифта, барои ҳалли душворӣ мадад хостаанд. Талошҳои мо барои тамос бо намояндагии расмии Тоҷикистон дар Маскав натиҷа надод. Дар консулгарӣ низ ба зангҳои мо посух надоданд.

Яке аз мусофирон рӯзи 1-уми август гуфт, маъмурони фурудгоҳи "Шереметево" бар асоси як руйхат онҳоро даъват намуда, обу хӯрок дода ва ваъда кардаанд, ки ба зудӣ ба Тоҷикистон мефиристанд.

Дар шаш моҳи соли 2024 аз фурудгоҳҳои Русия 3400 шаҳрванди Тоҷикистон ихроҷ ё "депорт" карда шудаанд. Ин оморро Ҳабибулло Назарзода, мудири Оҷонси ҳавонавардӣ, рӯзи 24-уми июл дар суҳбат бо хабарнигорон дар Душанбе ба забон овард ва сабабро “мушкили ҳуҷҷат” номид, на “масъалаи сиёсӣ”.

Баъд аз 20-уми июни имсол шикояти муҳоҷирони тоҷик дар бораи душвор шудани даромадан ба хоки Русия афзудааст. Рӯзи 8-уми июл 59 шаҳрванди Тоҷикистонро аз фурудгоҳи “Шереметово” ба шаҳри Бохтар бозпас фиристоданд.