Домоди 50-солаи арӯси 6-сола боздошт шуд. ВИДЕО

Ин марди бештар аз 50-сола Мулло Саидмуҳаммад Карим ном дошта, аз вилояти Ғур аст. Полис мегӯяд, ки ин мард яке аз рӯзҳои моҳи Рамазон дар ҳузури 30 то 40 нафар духтарчаро ба никоҳи худ даровард. Ба иддаои худи Саидмуҳаммад Карим, ин издивоҷ бо хости волидони духтар барпо шудааст. Вале волидони Ғарибгул, ки аз вилояти Ҳирот мебошанд, ба полис гуфтанд, ки духтари онҳо рабуда ва зӯран ба никоҳи ин мард дароварда шудааст. Ҳоло полис домоди 50-соларо боздошт карда, қазияро таҳқиқ мекунад.

Илова ба ин, фаъолони маданӣ ва масъулини умури зан дар вилояти Ғур мегӯянд, ки қазияро бо нирӯи худ мустақилона таҳқиқ карда, ҳатман муҷозот шудани омилони ин ҷиноятро тақозо мекунанд. Ба гумони онҳо, издивоҷи як марди солхӯрда бо духтари хурдсол бидуни иҷозати волидон наметавонист сурат гирад. Аз рӯи иттилои фаъолон, падари духтар Абдулқодир барои никоҳи духтараш бо муллое аз Ғур гӯсфанду биринҷу чою ширинӣ гирифтааст. Дар баёноташ ба полис домоди солхӯрда чунин гуфт:

“Духтарро ба ман ҳадя карданд ва мо никоҳ кардем, то ман ӯро бузург карда тавонам. Вақте волидонаш духтарашонро ба ман доданд, гуфтанд, ҳарҷо ки мехоҳӣ, бубар. Ман духтарро барои нигоҳубин ба бародарзодаам додам, вале ӯро баъди як ҳафта баргардонд.”

Мо дар ҳузури 30 ё 40 нафар дар моҳи Рамазон никоҳ кардем.” Полис қазияро аз рӯи моддаи “кӯдакрабоӣ” ва “издивоҷи ғайриқонунӣ” муттаҳам мекунад. Дар Афғонистон духтарон аз 16 солагӣ ҳаққи издивоҷ доранд, аммо маҷбуран ба шавҳар додани духтарони ноболиғ ҳамчунон зиёд ба чашм мехӯрад.

Баъди боздошти домод ва раҳоии Ғарибгул аз хонаи шавҳари пир, ӯро табибон муоина карданд. Нӯшофарин Шаҳоб, духтури як бемористони Ғур гуфт, ки муоина ҳеҷ мушкили ҷисмонӣ ва ё равоние дар ин тифл собит накард ва умедвор аст, ки базудӣ ин кӯдак ба ҳолати оддии рӯҳӣ бармегардад.

Маъсума Анварӣ, масъули ҳуқуқи занон дар вилояти Ғур мегӯяд, ки ҳодисаи никоҳи пирамарде бо як духтари хурдсол хашми занон ва фаъолони ҳуқуқи башари маҳаллиро барангехт. Занҳо аз полис тақозо карданд, ки ин ҳодисаро то охир ва мӯшикофона таҳқиқ карда ҳамаи гунаҳгорони қазия – ҳам домод ва ҳам падари духтарро ба ҷавобгарӣ кашанд.

Бархе фаъолон ба бегуноҳии волидони духтарак аслан бовар надоранд ва мегӯянд, ки дар ҳодисаи моҳи июн онҳо огоҳона ва бар ивази подоше духтарро бо марди пир хонадор кардаанд. Айни замон, хонум Анварӣ гуфт, ки аз ваҷоҳати духтарак бармеояд, ки аз саргузаштҳои ба сараш омада хеле ҳаросон шудааст ва вақте чеҳраи марди пирро мебинад, ваҳшатзада ва тарсон мешавад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Боздошти муллои афғон барои издивоҷ бо духтари 6-сола