Қабристони "ғарибони обовард" дар гардишгоҳи рӯди Панҷ

Дар яке аз гардишҳои рӯди Панҷ, воқеъ дар ноҳияи Шӯрообод, об баъзан ҷасадҳоро ба соҳил мебарорад. Сокинони маҳал ин афроди ношиносро аз об берун кашида, бо оини мусулмонӣ ба хок месупоранд.

Ин оромгоҳ дар ноҳияи баландкӯҳи Шӯрообод чун "манзилгоҳи ғарибон" маъруф аст. Чун онҳое ки дар ин оромгоҳ хобанд, ҳама аз об дарёфт шудаанд ва шахсияти аксарашон номаълум аст. Мардуми Кишт, деҳае дар соҳили дарёи Панҷ ҳар ҷасади аз дарё ёфтаашонро бо риояи ҳама маросими мусалмонӣ дар ин ҷо дафн мекунанд. Ба гуфтаи мардуми деҳ, дар ин оромгоҳ аз ду соҳили рӯд -- ҳам аз Тоҷикистон ва ҳам аз Афғонистон дафншудаҳо ҳастанд.

Зайдулло Файзуллоев, сокини 71-солаи деҳаи Кишт, ки дар дафни қисме аз майитҳои ин манзилгоҳ иштирок кардааст, мегӯяд "дар назди деҳаи мо дарё давр мезанад ва ҳар чӣ овардааст, рӯйи об

Зайдулло Файзуллоев

мебарорад. Мардум вақте барои обгирӣ ё ҳезумчинӣ мераванд, ҷасадҳоро мебинанд. Рафта онҳоро аз об мебароранд. Соҳибони онҳоро касе намедонад. Маҷбур мешудем, онҳоро дар ҳамин ҷо ба хок супорем."

Пирони деҳ ҳадс мезананд, ки ин манзилгоҳ таърихи беш аз 100-сола дошта, ҳанӯз пеш аз барқарор шудани ҳокимтяи шӯроҳо дар ин ҷо ғарибонро дафн мекарданд. Шумораи дақиқи дафншудагон дар ин ҷо ба касе маълум нест. "Ҳамаашон дар ҳамин ҷо дафн шудаанд. Шумораи аниқи инҳоро касе намедонад. Мо аз солҳои 50-ум ин тарафашро ёд дорем. Калонсон ҳар чӣ ки нақл кардаанд, ҳамонро медонем," -- мегӯяд Зайдулло Файзуллоев.

Коршиносоне, ки бо майитҳои ин манзилгоҳ сару кор доштанд, мегӯянд дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон масоҳати қабристон яку якбора хеле васеъ шуд. Алихон Икромӣ, коршиноси ҳарбии судӣ-тиббӣ, ки дар ташхиси қисме аз ҷасадҳо ширкат кардааст, мегӯяд "ҳар хел гурӯҳҳо аз ин тараф ё аз он тарафи дарё сарҳадро убур мекарданд.

Алихон Икромӣ

Ҳодисаҳое мешуд, ки ғарқ мешуданд. Вақте ҷасадро мо аз тарафи рости дарё, яъне Тоҷикистон пайдо мекардем, кӯшиш мекардем то ҳадди имкон ба ҷои ҳодиса равем ва ҷасадро ташреҳ кунем. Масъалаи дар куҷо дафн кардани ҷасадҳо пайдо мешуд, зеро шумораашон зиёд буд. Вақте ҷасадҳо ба деҳот наздик мебуданд, фарқ надошт ё сокини ин тарафи дарё мебуд ё аз он тараф, агар шахсияташ номаълум мебуд, бо ташаббуси мардум ҷаноза карда, дар ҷои муайян ба хок супурда мешуданд."

Ба назари коршиносон, баъди ба сулҳ расидани тоҷикон ва ором шудани вазъ дар кишвар, ин манзилгоҳ акнун камтар ғарибонро дар оғӯши худ мегирад, чунки аксари ғарқшудаҳо баъди маълум шудани шахсияташон ба кишвари худ интиқол дода мешаванд. "Вақте ҷасади шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ин тараф ошкор мешавад, баъди муайян шудани шахсияташ раҳбарониҳои сарҳадиву амниятии Тоҷикистону Афғонистон гуфтушунид карда, ҷасадро ба ватанаш интиқол медиҳанд. Ё акси ҳол. Агар ҷасади шаҳрвандони мо дар он тарафи дарё пайдо шаванд, ба Тоҷикистон интиқол дода мешаванд. Шахсан ман дар интиқоли чанд ҷасад ба Афғонистон иштирок кардаам," мегӯяд ҷаноби Икромӣ.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Қабристони ғарибон" дар Кишти Шӯрообод

Ин манзилгоҳ дар шакли пуррааш то имрӯз омада нарасидааст. Вақте ба канори оромгоҳ менигарӣ, аён аст, ки як қисмашро об шуста бурдааст. Сокинон мегӯянд, қисми боқимондаи оромгоҳ ҳамагӣ 50 дарсадаш аст.

Манзили охирин ғариб, ки мардуми Кишт аз об бароварда, ба хок супурданд, имрӯз холӣ аст. Ӯ як духтари 22-солаи бадахшӣ будааст, ки худравашон ба садама дучор шуда, ба об ғарқ шудааст. Наздикони майит баъди чанд рӯзи фавташ омада, ҷасадро ба зодгоҳаш бурдаанд.

Назрибегим Ниёзова, сокини рустои Кишт, ки хонааш дар канори дарё ва оромгоҳ аст, ҳар вақте ба канори дарё меравад, пайдо шудани ҷасади он духтарак пеши назараш меояд. "Ҳамроҳи занон барои тамошо ва ҷамъ кардани чорвоҳои худ ба лаби дарё омадем. Дидем, ки

як сиёҳие дар дохили об давр мезанад. Мардони деҳаро хабар кардем. "Ҳалук" соз карда, аз об кашида ӯро бароварданд. Аз мардум матоъ ҷамъ карда, рӯяшро пушонидем. Мардон гирифта ба роҳ бароварданд ва мо занҳо ҷамъ шуда, барояш кафанӣ дӯхтем. Мардон бошанд, ҷаноза карда дар ҳамин манзилгоҳ ӯро ба хок супориданд," -- нақл мекунад хонум Назрибегим.

То имрӯз мардуми зиёд ба монанди наздикони он духтари бадахшӣ аз соҳили дарёи Панҷ ба суроғи наздикони гумкардаашон дари сокинони деҳаи Киштро мекӯбанд. Арзишҳои инсонӣ барои сокинони як деҳи рӯдхонаи Панҷ ҳанӯз ҳам қимматанд. Ин аст, ки мардуми рустои Кишт вазифаи имонӣ ва инсонии худро дар баробари як ғарибе анҷом медиҳанд.