Туркманҳо дар бораи зиндагии президенти худ чизе намедонанд

Каримгулӣ Бердимуҳаммадов

Онҳо борҳо бачаи 12 солаеро дар паҳлӯи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мушоҳида кардаанд, ки гуфта мешавад наберааш будааст.
Дар бораи хонаводаи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон маълумоти зиёд мавҷуд нест. Аммо ахиран як узви хонаводаи ӯ, наберааш Каримгулӣ дар зери партави матбуот қарор гирифт.

Набераи Бердимуҳаммадов дар вақти намоиши ҳунарии ситораи шоубизнеси ҷаҳонӣ Ҷенифер Лопес дар маркази таваҷҷӯҳ қарор гирифт. Ӯ дар як навор, дар ҷараёни ҳунарнамоии кӯдакон савори асп ва дар навори дигар ҳангоми саломуалейки падарбузургаш бо як марди солманд зоҳир шуд. Бурузи ин бачаи ҳудудан 12- сола дар саҳна то ҳадде таваҷҷӯҳи матбуоти давлатиро ба худ кашид, ки ин гуна таваҷҷӯҳ ба ҳеҷ як узви оилаи раҳбари аввали Туркманистон зоҳир нашуда буд.


Каримгулӣ бо бобои президенташ

Шояд ин таваҷҷӯҳ аз ин хотир бошад, ки Каримгулӣ бештар аз дигарон дар маъракаҳо паҳлӯи бобояш дида мешавад. Ӯ бори аввал моҳи феврали соли 2012, дар ҳоле дар дурбинҳои аккосӣ афтод, ки ҳамроҳи Бердимуҳаммадов ба қитъаи овоздиҳӣ ҳозир шуд. Аз он рӯз ба баъд ҳузури ӯ дар маросимҳои давлатӣ бештар шуд.

Маъракаи пурҳашамати таҷлил аз зодрӯзи Бердимуҳаммадов, ки ҳамакнун 56-сола шудааст, дар таърихи 29 июн, шояд барои туркманҳо бештар барои он хотирмон буд, ки дар он Каримгулии 12-сола барои бобояш пианино навохт. Ин маърака бо шукӯҳу шаҳомати худ ва иштироки ситораҳои бузурге, чун Ҷенифер Лопес ва Филлип Киркоров, сару садоҳоеро дар матбуоти байналмилалӣ баланд кардааст.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тӯҳфаи мусиқии Каримгулӣ ба зодрӯзи бобои президенташ



Каримгулӣ, ки дар тан либоси милии туркманӣ дошт, қабл аз ворид шудан ба саҳна бидуни ҳеҷ мартаба ва ба таври содда “Каримгулӣ Бердимуҳаммадов” муаррифӣ шуд. Ӯ ҳамроҳи овозхонҳои дигар дар васфи Туркманистон ва бобояш Арқадаг, ё “Ҳомии туркманҳо” Қубонгулӣ Бердимуҳаммадов мадҳия сароид, ки чунин маънӣ дошт: “Шабҳои ту зебоянд, шабҳои ту дурахшонанд. Мо бо ту ифтихор мекунем, ту таҳти раҳбарии ҳомии худ як сарзамини афсонавӣ шудаӣ.”


Каримгулӣ Бердимуҳаммадов

Туркманҳо дар бораи оилаи раисиҷумҳур Бердимуҳаммадов тақрибан чизе намедонанд. Онҳо ҳатто намедонанд, ки падару модари Каримгулӣ кӣ аст ва ӯ набераи духтарии Бердимуҳаммадов аст ё фарзанди писараш.

Гуфта мешавад, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ду духтар ва як писар дорад. Писари ӯ Сардор ном дорад ва дар риштаи равобити байналмилалии донишгоҳи Маскав таҳсил карда, соле пеш корманди вазорати хориҷӣ будааст.

Духтари бузурги президент Гулҷаҳон бо Ихлосгелдӣ Амонов издивоҷ кардааст, ки намояндаи Ожонсии фурӯши нафту гази Туркманистон ба Аврупо дар Лондон буд. Духтари дигари президент ҳамроҳи шавҳараш, ки корманди сафорати Туркманистон аст, аз соли 2009 ба ин тараф дар Париж ба сар мебарад.

Дар яке аз номаҳои дигар, ки ба гуфтаи Викиликс, аз сафорати Амрикро дар Ашқобод берун шудааст, сухан аз боби овозаҳое меравад, ки Бердимуҳаммадов муддатҳост маъшуқа русие ҳам дорад бо номи Марина. Гуфта мешавад, ки Марина як замон бо Бердимуҳаммад дар як клиникаи дандонпизишкӣ кор мекард. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки аз робитаи Бердимуҳаммадов бо Марина духтаре ба дунё омадааст, ки ҳоло ҳудудан 18 сол дорад.