Тақрибан 40 дарсади доталабони ҷойҳои кории холӣ дар сохторҳои додгоҳӣ, дар пайи як санҷиши имлоӣ, ки аз сӯи Шӯрои адлияи баргузор шуд, баҳои "ду" гирифтаанд. Санҷиши имло, ё диктант дар байни довталабони ҷойҳои кории холӣ дар додгоҳҳои шаҳри Душанбе баргузор шудааст.
Абдурашид Шамсуллозода, мутахассиси пешбари шӯъбаи кадрҳои Шӯрои адлия дар рӯзи 8-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, навиштани диктант ва ё, имло имтиҳони аввали озмун барои дарёфти ҷойҳои холии корӣ дар додгоҳҳои шаҳри Душанбе буд. Вай афзуд: “Имтиҳони нахустин диктант буд. Матни диктант ҳам чандон душвор ҳам набуд. Онҳое, ки ширкат доштанд, ҳамаашон албатта факултаи ҳуқуқшиносиро хатм кардаанд. Бар замми ин, баъзеи дигарашон таҷрибаи кор ҳам дар системаи судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ доранд.”
Шамсуллозода гуфт, онҳое, ки аз озмуни имло ва ё диктант нагузаштанд, аз ҳаққи идомаи ширкат дар озмуни дарёфти ҷойи кор маҳрум мешаванд. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, ҷойҳое корие, ки барои ин озмун эълон шудаанд, мансабҳои чандон баланде нестанд, аз қабили котиби суд, иҷрочии суд ва дигар корҳои дар ҳамин сатҳ.
Ба таъкиди ӯ, барои қабули довталабон ба ин мақомҳо, як комиссияи вижа бо шумули масъулон аз дастгоҳи раисҷумҳур, Кумитаи хизмати давлатӣ ва роҳбарияти худи Шӯрои адлия таъсис дода шудааст, ки лаёқату дониши кадрҳоро дар додгоҳҳо месанҷанд. Ин имтиҳон то ҳол танҳо дар Душанбе баргузор шуд, вале қарор аст ин гуна озмунҳо дар тамоми манотиқи кишвар баргузор шаванд.
Ҳуқуқшиносон мегӯянд барои кормандони додгоҳ, ки дар мурофеаҳо тақдири садҳо нафарро ҳал мекунанд, донистани забон, грамматика ва қоидаҳои имло хеле муҳим аст. Зуфархон Шоимов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, барои кормандони додгоҳ, муфаттишон ва умуман нафароне, ки ба тартиб додани парванда ва содир кардани ҳукм, навиштани протоколи мурофеаҳо машғул ҳастанд, ба хуби донистани забон, қоидаҳои имло ва грамматика ниҳоят муҳим аст: “Барои он, ки вақте ҳукми додгоҳ содир мешавад, аз рӯи он суд-иҷрочиён ва ё нозирони маҳбасҳо ба маҳкумшудаҳо ҷазо тадбиқ мекунанд. Агар матн нофаҳмо ва ё бо ғалатҳо омода шуда бошад, дар иҷрои ҳукми суд нофаҳмиҳо рух доданаш мумкин аст.”
Аммо устодони факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯянд, таълими забони тоҷикӣ дар факулта ба тавре хеле ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст ва аз донишҷӯён саводи забондонӣ баробар бо ҷиддияти фанҳои дигар, талаб мешавад.
Парвона Мирзоев, муовини декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд: “Дар факултети мо дар таълими забони тоҷикӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Дар курси якум забони тоҷикӣ омӯзонида мешавад. Имтиҳону санҷишҳоро донишҷӯён месупоранд.”
Мирзоев ба ин суол, ки чаро хатмкунандагони факултаи ҳуқуқ, ки панҷ сол таҳсил карда соҳиби диплом шудаанд, дар навиштани як диктант оҷиз мондаанд гуфт, “ман намедонам чаро ин довталабон дар ин озмун ноком шудаанд, набудам ва шарҳ ҳам дода наметавонам.”
Ихтисоси ҳуқуқшинос аз касбҳои бартаридори ҷомеаи Тоҷикистон аст. Аксари ҷавонон талош мекунанд, ки маҳз дипломи факултаи ҳуқуқро ба даст биёранд.
Аммо ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ҳоле, ки кишвар ба муҳандису бинокор, технолог, барномасоз ва табибони баландихтисоси сатҳи байналмилалӣ ниёз дорад, танҳо дар байни солҳои 2008-2010-ум ҳудуди 10 ҳазор нафар ба дипломи факултаи ҳуқуқ бартарӣ додаанд.