"Гоҳ аз пули нафақа об мехарему гоҳ аз пули муҳоҷирон". Тобистони ёздаҳ деҳаи Эсанбой. ВИДЕО

Сокинони 11 деҳаи ҷамоати Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ аз муҳимтарин васила барои зиндагӣ -- об маҳруманд. Онҳо мегӯянд, мушкили беобӣ маҷбурашон кардааст, қисме аз даромади моҳонаи худро барои харидани он харҷ кунанд. Теъдоде аз сокинон гуфтанд, аз беобӣ ба танг омадаанд, вале ба хотири ин, ки ҷое барои рафтан надоранд, зиндагии худро дар инҷо идома медиҳанд. Мақомот мегӯянд, аз вазъи сокинон огоҳанд ва талош доранд мушкилро ҳал кунанд.

Азизмоҳ Сайфуллоева гулҳои сунъиро дар канори гулҳои нимхушкидааш барои таскини дил мегузорад ва аз дур онҳоро тамошо мекунад. Ӯ ба гулпарварӣ шавқ дорад. Ҳар баҳор бо оби барфу борон гул шинондаву гулпарварӣ мекунад, аммо тобистон гулҳояш аз гармӣ ва беобӣ хушк мешаванд. Ин сокини деҳаи Ганҷинаи ҷамоати Эсанбой ҳар қатра обро сарфакорона истифода мебарад, чун деҳаи онҳо аслан оби ошомиданӣ надорад.

Деҳаи Ганҷина яке аз 11 рустои ҷамоати Эсанбой дар 75-километрии Душанбе аст, ки бо камбуди шадиди об рӯбарӯст. Дар деҳа танҳо оби шӯр ҷорист, ки барои обёрии замин ва ҳайвонҳои хонагӣ истифода мешавад. "Гоҳе аз пули нафақа об мехарему гоҳи дигар аз ҳисоби бачаҳои муҳоҷир, ки аз Русия пул мефиристанд. Оби шур ҳаст, баъзан дарахтонро ҳам хушк мекунад,"- гуфт ӯ.

Сокинони деҳа мегӯянд, беобӣ боис шудаааст, ки ҳатто барои оби шур низ миёни ҳамсояҳо ҷанҷол сар занад. Чанд сол пеш мақомоти маҳаллӣ бо насоси обкаш ва лӯлаҳо ба деҳаи Ганҷина ва чанд рустои дигари беоб аз чашма об оварданд, аммо он ҳам талх буд. Ҳоло ин об ҳам нест ва онҳо аз мошини обкашон, ки аз Кофарниҳон об меорад об мехаранд.

Қурбонмоҳ Холова, омӯзгор аст ва дар оилаи ёздаҳнафараи онҳо танҳо ӯ кор мекунад. Даромади ин хонаводаи бузург дар як моҳ ҳамагӣ 800 сомонӣ аст. Аммо Қурбонмоҳ мегӯяд, 80 дарсади маошаш танҳо барои хариди об дар фасли гармо харҷ мешавад.

"Дигар илоҷ нест, бе об тамоман зиндагӣ карда намешавад, оилаи мо калон аст, ман келину набера дорам. Вақте обро мехарему дар чоҳ захира мекунем, ин ҳам боз ташвиши дигар дорад. Метарсем ки мабодо кудакон ба об наафтанд ё обро чиркин накунанд",- гуфт ӯ.

Ҳар сокини ин деҳа дар ҳавлии худ чоҳ доранд. Дар фасли зимистону баҳор бештар аз оби борону барф захира ва онро истифода мебаранд. Аммо дар тобистон маҷбуранд, об харидорӣ кунанд. Обро мехаранд ва дар ҳавзу бушкаҳо нигаҳ медоранд, вале оби ҳаргуна зарф дар дар ҳарорати баланди Тоҷикистон ба зудӣ мегандад.

Маҳмуд Сайфуллоев, ки давраи наврасӣ ва ҷавониашро дар ҳамин минтақаи беоб пушти сар кардааст, хотираҳои талхе дорад. Мегӯяд, модари ҳомилааш дар гузашта ҳам маҳз ба хотири набуди об, ки роҳи дуру дарозро барои овардани об тай мекард, сари фарзанд рафт. "Он вақт техникаҳо набуд, одамон аз даҳ то понздаҳ километр роҳ обро худашон меоварданд. Албатта, беобӣ мушкил буду ҳаст. Вале хонаи аз падар меросмонда буду мо ҷои дигар нарафтем".

Гузориши видеоиро дар инҷо бубинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

«Гоҳ аз пули нафақа об мехарему гоҳ аз пули муҳоҷирон». Тобистони ёздаҳ деҳаи Эсанбой

Мушкили беобӣ дар ин деҳаҳо дар ҳолест, ки ҷамоат дар канори рӯди Кофарниҳон воқеъ аст. Мақомоти маҳаллӣ мушкили набуди оби пок барои чанд деҳа дар ин ҷамоатро тасдиқ мекунанд.

Абдуҷҷабор Тағоймуродов, раиси ҷамоати Эсанбойи ноҳияи Рудакӣ 10-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, бо даст додани имконият ва ҳам ба таври ҳашар ба кандани каналҳо шуруъ кардаанд ва мехоҳанд тавассути он аз дарё ба деҳаҳо об биёранд. Вай афзуд, "баъзе аз ин деҳаҳо дар баландиҳост ва дарё дар пастӣ. Барои ин бурдани об ба чунин деҳаҳо мушкил аст. Вале мо бо ҳар роҳе кушиш мекунем ин мушкил ҳал шавад".

Дар 23 деҳаи ҷамоати Эсанбойи ноҳияи Рудакӣ бештар аз 22 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунанд.

Мушкили дастрасӣ ба об дар деҳаҳои атрофи Душанбе дар ҳолест, ки беш аз 40 дар сади ҷамъияти Тоҷикистон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Тибқи гузоришҳои созмонҳои байнулмилалӣ, танҳо дар вилояти Хатлони Тоҷикистон даҳҳо деҳа аз оби поки ошомиданӣ маҳруманд. Чунин рустоҳои беоб дар минтақаҳои дигар мисли ҷамаоти Эсанбой кам нестанд.

Аммо Азизмоҳ Сайфуллоева, ки панҷоҳ соли охири умраш дар ин макони беоб гузаштааст, ҳануз ҳам умед дорад рӯзе ба деҳаи онҳо об меояд ва гулҳои парвардаи ӯ дигар хушк намешаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!