Мавҷи эътирозҳо ба куштори мусалмонон дар Мянмар

Эътирозҳои ҷаҳонӣ ба хушунат алайҳи мусалмонони Роҳинҷа дар Мянмар (Бирмаи собиқ) рӯзи 4-уми сентябр боз ҳам афзоиш ёфт ва сарони кишварҳои исломӣ гуфтанд, ки аз Созмони Милали Муттаҳид талаб хоҳанд кард, ки дар робита ба куштори беш аз 400 мусалмон дар моҳи гузашта, иқдом кунад.

Эрон ва Туркия: "Наслкушӣ" аст

Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи 4-уми сентябр ин хушунатҳоро, ки мунҷар ба фирори ҳудуди 90 ҳазор мусалмони Роҳинҷа ба кишвари ҳамҷавори Бангладеш шудааст, “поксозии қавмӣ” хонд ва Туркия онро “наслкушӣ” номид.

Вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф дар сафҳаи “Твиттер”-и худ бо интиқод аз хомӯшии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баробари идомаи хушунатҳо алайҳи мусалмонони Роҳинҷа гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои пешгирӣ аз "поксозии қавмӣ" иқдом кунад ва Созмони Милали Муттаҳид бояд эътироз намояд.

Ҳамоиш дар Чеченистон:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гирдиҳамоии ҳомиёни мусулмонони Мянмар дар Чеченистон

Гуфта мешавад, ки хушунатҳои ахир дар пайи як ҳамлаи мусаллаҳони Роҳинҷа ба постгоҳҳои пулис дар аёлати Рохин дар таърихи 25-уми август сар зад. Мақомот мегӯянд, ки ҳадди ақал 400 нафар дар ин даргириҳо кушта шуданд. Мақомоти Мянмар мусаллаҳони Роҳинҷаро дар оташ задани хонаҳо ва хушунатҳо гунаҳкор кардаанд. Аммо нозирони ҳуқуқи башар гуфтанд, ки артиши Мянмар талош дорад, ки онҳоро тариқи саркӯб ва куштор аз ин минтақа берун кунад.

Тазоҳурот: аз Индонезия то Чеченистон

Шумори кишварҳои мусалмонӣ, ки алайҳи ин хушунатҳо садо баланд карданд, рӯ ба афзоиш аст ва рӯзи 4-уми сентябр дар Индонезия ва ҷумҳурии Чеченистони Русия ҳазорон нафар ба тарафдорӣ аз мусалмонони Роҳинҷа тазоҳурот карданд. Дар шаҳри Маскав ҳам садҳо нафар дар як эътирози бесобиқае ба ҳимояи мусалмонони Мянмар садо гирди ҳам омаданд.

Вазири умури хориҷии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф рӯзи 4-уми сентябр "ваҳшати амиқ"-и худро аз гузоришҳо дар бораи куштаҳо ва беҷошудагонии мусалмон дар Мянмар баён дошт ва ҳукумати Мянмарро ҳушдор дод, ки ин ҷиноятҳоро таҳқиқ намояд.

“Бӯҳрони инсонӣ бояд фавран қатъ шавад”,- гуфт раиси ҷумҳури Индонезия Ҷоко Видодо ва вазири умури хориҷии кишварашро барои мулоқот бо раҳбарони Мянмар фиристод.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Хушунат мусулмонони Мянмарро ба фирор аз ватан маҷбур кард

Масъулони Созмони Милали Муттаҳид тахмин мезананд, ки ҳудуди 87 ҳазор паноҳандаи Мянмар марзи Бангладешро убур карданд ва шумораи зиёди онҳо маҷрӯҳ шуда ва ба маводи ғизо ва кӯмакҳои тиббӣ ниёз доранд. Кишвари Малдив рӯзи 4-уми сентябр эълон кард, ки ҳама робитаҳои тиҷоратии худро бо Мянмар то замони поён додани хушунатҳо алайҳи мусалмонони Роҳинҷа ба ҳолати таъхир андохтааст.

Қирғизистон бозӣ бо Мянмарро ба таъхир андохт

Дар ҳамин ҳол, бозии даври интихобии Ҷоми Осиё-2019 миёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Қирғизистон ва Мянмар, ки бояд имрӯз, 5-уми сентябр, дар Бишкек баргузор мешуд, барпо намегардад. Дар ин бора «Sport АКИpress» хабар додааст. Ба иттилои ин манбаъ, 4-уми сентябр дар як нишасти хабарӣ дар Федератсияи футболи Қирғизистон гуфта шудааст, ки сарвазири ин кишвар Сафар Исоқов чунин тасмим гирифтааст. Бозӣ ба иллати эҳтимолияти таҳдидҳои террористӣ ва роҳ надодан ба низои байнимиллӣ ва бетартибиҳои оммавӣ баргузор намешавад.

Раиси Федератсияи футболи Қирғизистон Семетей Султонов дар ин нишаст гуфтааст, ки теъдоди билетҳои ба ин бозӣ фурӯхташударо маълум карда, маблағи онҳо баргардонида мешавад. Тасмим дар бораи он ки бозӣ мавқуф гузошта ё бохти техникӣ дода мешавад, дар ҷаласаи муштараки федератсияҳои футболи ҳарду кишвар гирифта хоҳад шуд. Вале тасмими ниҳоиро Конфедератсияи футболи Осиё мегирад. Феълан сухан дар бораи мавқуф гузоштани бозӣ ва дар майдони бетараф баргузор шудани он меравад, иброз доштааст Семетей Султонов.

Интиқодҳо аз Аун Сан Су Ҷӣ

Малола Юсуфзай (чап) ва Аун Сан Су Ҷӣ.

Барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Малола Юсуфзай низ рӯзи 4-уми сентябр садои эътирозии худро баланд кард ва аз барандаи дигари ин ҷоиза - раҳбари Мянмар Аун Сан Су Ҷӣ тақозо кард, ки ин хушунатҳоро маҳкум кунад. Барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Аун Сан Су Ҷӣ баъди мавқеи ғолибан бетарафонааш дар робита бо мушкилоти мардуми Роҳинҷа мавриди интиқод қарор гирифт ва ин ҳолат ба обрӯяш латма зад.

Вазири умури хориҷии Малайзия Анифаҳ Амон низ аз Аун Сан Су Ҷӣ талаб кард, ки ба хомӯшиаш дар баробари ин ҳодиса поён диҳад. Ин дар ҳоле аст, ки бархе аз Кумитаи Ҷоизаи Нобел талаб карданд, ки ҷоизаи Аун Сан Су Ҷиро боспас гирифта шавад.

Аммо ҳаводорони хонум Аун Сан Су Ҷӣ мегӯянд, ки ин барандаи Ҷоизаи Нобел дар ҳукумати Мянмар қудрати маҳдуд дорад ва наметавонад низомиёнро контрол намояд. Аммо мунтақидони вай мегӯянд, ки хонум Аун Сан Су Ҷӣ аз ҷумлаи маъдуд афроде аст, ки тавоноии ахлоқӣ дар ҷомеа дорад ва метавонад бар вазъият таъсир расонад.