Рутбаи 95-уми Тоҷикистон дар феҳристи баробарии ҷинсиятӣ дар ҷаҳон

Форуми иқтисоди ҷаҳонӣ (World Economic Forum) дар гузориши солонаи худ дар бораи баробарии ҷинсиятӣ дар 144 кишвари ҷаҳон эълон кард, ки Тоҷикистон дар соли ҷорӣ дар мақоми 95-ум қарор дорад. Дар гузориши Форуми иқтисоди ҷаҳонӣ, кишварҳои мухталифи ҷаҳон бар асоси маълумоти вобаста ба имкони дастрасии занон ба таҳсил, беҳдошт ва сиҳати умумӣ, ширкат дар умури иқтисодӣ ва сиёсии кишвар, раддабандӣ шудаанд.

Занони фаъоли тоҷик, нобаробарии иҷтимоиву иқтисодӣ ва падарсолории ҷомеаи Тоҷикистонро аз омилҳое медонанд, ки бонувони тоҷикро осебпазир мекунад.

Тоҷикистон дар ин феҳраст дар байни Гурҷистон ва Парагвай қарор гирифтааст. Дар гузориши Форуми иқтисоди ҷаҳонӣ таъкид шудааст, ки бо вуҷуди пешрафтҳои доимӣ, аммо кунд дар як даҳсолаи гузашта, шохиси баробарии ҷинсиятӣ дар соли ҷорӣ дар ҷаҳон рӯ ба поён шудан доштааст. Форуми иқтисоди ҷаҳонӣ ҳар сол бо баррасии фарқиятҳои мавҷуд байни занон ва мардон дар заминаи тандурустӣ, таълиму тарбия, сиёсат ва иқтисод, феҳристе аз кишварҳои мухталифро таҳия мекунад.

Тибқи оморҳо нисфи ҷамъияти Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд. Аз рӯи Қонуни асосиаш, Тоҷикистон як кишвари дунявӣ аст, ки баробарии ҳуқуқи зану мардро дар банди махсус тазмин кардааст. Вале ҳукумат, ки ба сурати умум мардсолор аст, ин шеваро ба сари ҷомеа низ таҳмил кардааст.

Ҳатто Шӯравии собиқ бо ҳама қудрату сиёсаташ натавонист стереотипҳои нотавонмандии занро дигар кунад. Дар 25 соли мустақилияти Тоҷикистон ҳам вазъ тағйир наёфт ва занон ҳамчунон на дар сиёсат, на дар бизнес ва на дар иҷтимоъ ҷойгоҳи назаррас надоранд. Дар сутуни давлатдорӣ низ занҳо дар сояи мардҳои сиёсатмадор, нонамудор ҳастанд.

Худи занони фаъоли тоҷик, нобаробарии иҷтимоиву иқтисодӣ ва падарсолории ҷомеаи Тоҷикистонро аз омилҳое медонанд, ки бонувони тоҷикро осебпазир мекунад ва барои рушди малакаҳои раҳбарии онҳо мониа мешавад.

Дар раддабандии нави Форуми иқтисоди ҷаҳонӣ Исландия монанди солҳои гузашта аз назари баробарии ҷинсиятӣ беҳтарин ва кишвари Яман бадтарин кишвари ҷаҳон муаррифӣ шудаанд. Норвегия, Финландия, Рувандо ва Шведсия баъд аз Исландия дар ҷойҳои баъд қарор доранд. Ин кишвар беҳтарин кишварҳои дигари ҷаҳон тавонистаанд баробарии зан ва мардро дар арсаҳои мухталифи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ таъмин кардаанд.

Яман дар ин феҳрист дар мақоми охирин қарор дорад.

Аз кишварҳои минтақа дар ин феҳрист Қирғизистон дар мақоми 85, Қазоқистон дар ҷои 52, Русия дар раддаи 71 ва Озарбойҷон дар ҷойгоҳи 98-ум қарор доранд. Ду кишвари минтақа -- Эрон ва Покистон дар мақомҳои охирин ин феҳрист -- 140 ва 143-юм ҷой гирифтаанд .

Дар раддабандии имсол Арабистони Саудӣ чанд зина боло рафта ва дар ҷои 138-ум қарор гирифтааст. Арабистони Саудӣ дар чанд моҳи гузашта ронандагии занон ва ширкати онҳо дар варзишгоҳҳоро иҷоза дод.

Дар гузориши Форуми иқтисоди ҷаҳонӣ гуфта шудааст, ки бо идомаи раванди кунунӣ, пешрафт дар баробарии зан ва мард дар сатҳи ҷаҳон, дар сад соли дигар метавон шоҳиди баробарии комили занон ва мардон буд. Бар асоси гузориш, баробарии комили мард ва зан дар ҷои кор 217 сол тӯл хоҳад кашид.