Нигоҳи GFP ба заъфҳо ва қувватҳои артиши Тоҷикистон

"Global Firepower" (GFP) нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро аз нигоҳи иқтидор дар байни артишҳои Осиёи Марказӣ дар ҷои чорум ва дар ҷаҳон дар ҷои 81-ум гузоштааст. Артиши Узбакистонро дар ин раддабандӣ қавитарин артиши минтақа донистаанд.

"Global Firepower" (GFP), як бунгоҳи таҳлилӣ, ки масоили марбут ба иқтидори низомии кишварҳои дунёро пайгирӣ мекунад, дар раддабандии ҷадидаш нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро аз лиҳози иқтидори низомӣ дар байни 126 кишвари дунё дар ҷои 81-ум гузоштааст. Ин созмони таҳқиқотӣ мегӯяд, раддабандиашро бар асоси 50 омил таҳия кардааст ва он танҳо рӯи шумори аскару аслиҳаи техникаи низомии артишҳо тамаркуз намекунад, балки омилҳое, чун мавқеъияти ҷуғрофӣ, вазъи иқтисодӣ ва захираҳои табиии ҳар кишварро низ дар назар гирифтааст. Раддабандии охирин иқтидори артишҳои 126 кишвари дунёро то 1 майи соли 2015 баровард мекунад.

“Global Firepower” нерӯҳои мусаллаҳи Амрикоро дар раддабандиаш қавитарин артиши дунё эътироф карда, Русияро дар ҷои дуюм ва Чинро дар зинаи сеюм гузоштааст. Мақомҳои баъдиро дар ин ба истилоҳ “чемпионати артишҳои дунё” Ҳинд, Бритониё, Фаронса, Кореяи ҷанубӣ, Олмон, Ҷопон ва Туркия гирифтаанд.

Аз 10 артиши заифтарини дунё, ки дар байни 126 кишвари мавриди таҳқиқи “Global Firepower” қарор гирифтаанд, 9 артишаш марбут ба кишварҳои Африқост ва ин раддабандӣ бо кишварҳое, чун Либия, Замбия, Мали, Мозамбик ва Сомали хатм мешавад.

Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама қавитар артиши Узбакистон эътироф шудааст, ки дар зинаи 54-ум қарор дорад. Қазоқистон дар зинаи 66, Қирғизистон – 78 ва артиши Тоҷикистон дар мақоми 81 ҷойгир шудаанд. Аз Тоҷикистон заифтар дар минтақа танҳо артиши Туркманистон дониста мешавад, ки дар раддабандии “Global Firepower” дар зинаи 90-ум қарор дорад.

Муҳаққиқон нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро аз нигоҳи зарфият ва тавоноӣ тақрибан ҳамвазни артиши кишварҳое, чун Яман (дар ҷои 79), Зеландияи нав(80), Нигер(82), Баҳрайн(83), Непал(84) ва Муғулистон (дар зинаи 85) донистаанд.

Маҳдии Собир

Аммо Маҳдии Собир, коршиноси масоили низомии Тоҷикистон рӯзи 22 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин раддабандиҳо омилҳое, чун таҷрибаи фаровони ҷангии артиши Тоҷикистон ва рӯҳияи сарбозонашро дар назар нагирифтааст. Аз тарафи дигар, ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон кишвари ҷангҷӯ нест, ки пули зиёдро барои сохтани ягон артиши бузург масраф кунад. Ба ақидаи ӯ, “тавони артише ки дорем, барои ҳимоят аз марзу бум ва амнияти Тоҷикистон мерасад. Ҳамин кофист. Аммо бояд гуфт, артиши мо танҳо артиши соҳиби таҷрибаи ҷангӣ дар Осиёи Марказист. Артиши Тоҷикистон таҷрибаи кофии муқобила бо таҳдидҳои мусаллаҳонаро дорад. Бубинед, ҳатто баъди ҷанги дохилӣ ҳам, мо ба чандин талоши ошӯби мусаллаҳона рӯбарӯ шудем, ба мисли ошӯби Мулло Абдулло, нирӯҳои мусаллаҳи мо тавонистанд ин хатарҳоро бидуни кумак аз берун рафъ кунанд. Муҳим шумора нест. Фирдавсӣ ҳам гуфтааст:

Пароканда лашкар наояд ба кор,

Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.”

Вале мунтақидон мегӯянд, амалиёти густарда барои хунсо кардани гурӯҳи тақрибан 30-40-нафарии Мулло Абдулло дар 4 соли пеш камокон 8 моҳро дар бар гирифт ва бархе нуқтаҳои заъфи нирӯҳои амниятӣ ва артиши Тоҷикистонро ҳам ба намоиш гузошт.

“Global Firepower” буҷаи низомии Тоҷикистонро дар сол 75 миллион доллар ва шумори нирӯҳои ҷангиашро 6 ҳазор баровард кардааст, вале мегӯяд, дар сурати зарурат 3 миллиону 1 65 ҳазору 350 нафар аз 8 миллион аҳолии ин кишварро метавонанд низ ба хидмат ҷалб кунанд. Бино бар ин гузориш, артиши Тоҷикистон 37 тонк, 46 мошини зиреҳпӯш, 10 тӯпхона ва 3 мушакандоз дорад. Иқтидори нирӯҳои ҳавоии артиши Тоҷикистон аз 25 ҳавопаймо, аз ҷумла 15 ҳавопаймои боркаш ва 4 ҳавопаймои таълимӣ, ва 20 чархбол, аз ҷумла 6 чархболи ҷангӣ, иборат будааст.

Пажӯҳишгарон камбуди маводи сӯхти нафтиро, ки ба ақидаи онҳо, манбаи ҳаёти ҳар нирӯи дар ҳоли ҷанг аст, аз ҷумлаи заъфҳои Тоҷикистон дар сурати пеш омадани таҳдиди низомӣ унвон мекунанд. Бино ба омори овардаи онҳо, бо онки ҳар рӯз дар Тоҷикистон 20 100 бушка, муодили 2000 тонна маводи сӯхти нафтӣ истифода мешавад, худи кишвар рӯзона ҳамагӣ 555 бушка, ё ҳудуди 6 тонна маҳсулоти нафтӣ тавлид мекунад, ки баробари ҳамагӣ 2,5 дарсади эҳтиёҷоташ ба чунин навъи маводи сӯхт аст. Ин ҳол, бино ба гузориши “Global Firepower”, нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар ҳолати низоъи мусаллаҳона метавонад дар вазъи осебпазир қарор диҳад.

Тоҷикистон, бино ба ин гузориш, дар сурати пеш омадани таҳдиди ҷанг, метавонад дар баробари беш аз 3 миллион нирӯи захиравиаш ҳамчунин ба 27 767 километр роҳҳои мошингард, 680 километр роҳи оҳан, 24 фурудгоҳ ва 200 километр роҳи дарёияш умед бандад. Аммо ба ақидаи муаллифон, “дар сурати ҷанг ягон омил, ҳатто нақши раҳбар ва аслиҳа мисли пул муҳим нест”, чунки ҷанг, таври маълум бозие хеле гаронбаҳост. Аммо дар ҳоле ки хароҷоти низомии Тоҷикистон дар сол ҳамагӣ 75 миллион доллар аст, қарзи хориҷии ин кишвар 2 миллиарду 162 миллион долларро ташкил медиҳад.

Барои муқоиса, “Global Firepower” шумори нирӯҳои ҷангии артиши Узбакистонро, ки қавитарин артиши Осиёи Марказӣ донистааст, 65 000 нафар мегӯяд. Артиши Узбакистон бо 420 тонк, 715 зиреҳпӯш, 65 чархбол ва 165 ҳавопаймо мусаллаҳ будааст ва бар фарқ аз Тоҷикистон, ки ҳамаи ҳавопаймоҳои артишаш боркашу таълимианд, Узбакистон 69 ҳавопаймои ҷангӣ доштааст.

Рақамҳои овардаи “Global Firepower” тақрибан ҳамсони арқоми гузориши “Тавозуни низомӣ-2015” (The Military Balance 2015)мебошад, ки моҳи феврал аз сӯи Пажӯҳишгоҳи байналмилалии мутолиоти стротегӣ (IISS), мақараш дар Лондон, нашр шуд. Дар он гузориш нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон заифтарин артиш дар Осиёи Марказӣ унвон шуда буд.