Полиси Афғонистон ба таҳқиқи ҳодиса шурӯъ кардааст.
Даҳҳо духтари талибилми мактабе дар Афғонистон бо нишонаҳои заҳролудшавӣ ба шифохонаи маҳаллӣ муроҷиат карданд. Радиои Афғонистони Озод мегӯяд, ки субҳи рӯзи душанбе дар яке аз мактабҳои духтаронаи рустои Мисрободи вилояти Ҷузҷон бӯи баде ба машор расидааст, ки дар паи он, ҳудудан 160 духтари толибилм дилбеҳузуриву дарди сар ва беҳолии шадидро эҳсос кардаанд. Полиси маҳаллӣ ба таҳқиқи ин ҳодиса, ки хеле шабеҳ ба ҳодисаҳои гузаштаи заҳролудшавии духтарҳои мактабхон будааст, шурӯъ карданд.
Таҳқиқи муқаддамотӣ ҳанӯз хусусияти бӯй ва мувофиқати онро ба кадом навъи гази заҳролуд тасдиқ накардааст.
Муҳаммадолим Соиб, волии Ҷузҷон гуфт, ки ин ҳодиса хашму ғазаби мардуми маҳаллиро, ки аксарашон хостори таҳсили фарзандонашон мебошанд, бедор кардааст:
- Дар наздиктарин фурсат омилони ин ҳодисаро дастгир мекунем. То ҳоло дар Ҷузҷон ҳеҷ ҳодисае нашудааст, ки гунаҳгорон боздошт нашуда бошанд, ба хотири ин ки мардум бо мо ҳамкор аст. Бахусус дар масъалаҳои маориф мардум хеле бо мо ҳамраъйӣ нишон медиҳанд, - гуфт волии Ҷузҷон.
Шоҳидон мегӯянд, ки ин ҳодиса субҳи барвақт рӯй дод. Марям, як шогирди мактаби духтаронаи Мисробод ҳодисаро чунин нақл кард:
- Соатҳои субҳ буд, мо дар синф дарс мехондем. Бӯй омад, мисли бӯи чарс буд. 20-30 дақиқа биниҳоро махкам карда шиштем. Баъд муаллима гуфт, ки хуб, берун равед. Вақте берун шудем, тамоми саҳни мактаб бӯй дошт, - гуфт вай.
Волидони аксар духтарҳо ба ин боваранд, ки ин ҳодиса кори дасти "душманони таҳсилу пешрафт" аст. Падари яке аз духтарҳо гуфт, ки дар ин ҳодиса, ду духтар ва ду хеши наздики дигараш заҳролуд шудаанд.
Ба иттилои манобеи беҳдоштии маҳаллӣ, ҳеҷ нафаре аз духтарҳои заҳролудшуда бистарӣ нашуданд ва дар ҳолати сангин қарор надоранд. Баъди муоинаву кӯмаки тиббӣ ҳамаи онҳо хона ба хона шуданд. Дар сӯҳбат бо Озодӣ масъули тиб гуфт, ки “вазъи сиҳҳатии онҳо зери назари духтурҳост”.
Хабари заҳролудшавии шогирдони мактаби духтаронаи наздикии Шибирғон нигарониҳоеро аз эҳтимоли ҳамлаи навбатии Толибон, ки таълиму таҳсили занҳоро шадидашон манъ мекунанд, ба миён овард. Ҳарчанд, ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳ ё нафаре масъулияти ин ҳодисаро ба дӯш нагирифтааст.
Ду ҳафта пеш аз ин, аз ҷануби Афғонистон хабари заҳролудшавии 40 афсари академияи полиси Ҳилманд ба гӯш расид. Сухангӯи волӣ гуфт, ки баъди субҳона дар Академияи полиси Лашкаргоҳ афсарон бо нишонаҳои дилбеҳузуриву дарди сар ба табибон муроҷиат карданд. Яке аз онҳо дар ҳолати сангин ба беморхона интиқол ёфт.
Дар оғози моҳи июн дар вилояти шимолушарқии Тахори Афғонистон 17 нафар бо иттиҳоми заҳролудкунии садҳо духтари мактабхон боздошт шуданд. Ба иттилои мақомоти беҳдошти Тахор, дар ин минтақа тақрибан 800 духтари муҳассили шаш мактаби миёнаи маҳаллӣ аз газе заҳролуд шуданд. Радиои Афғонистони Озод хабар дод, ки дар миёни боздоштшудаҳо шаҳрвандони маҳаллӣ ва ҳам хориҷӣ буданд.
Дар изҳороти Толибон даст доштани онҳо дар ин ҳодиса рад ва омилони ин ҳодиса маҳкум шуданд.
Ба бовари таҳлилгарони бетараф, заҳролудшавии духтарҳо ва ходимони полис кори дасти онҳоест, ки мухолиф бо субот ва рушди ҷомеаи Афғонистон аст.