Эмомалӣ Раҳмон дар нимаи дувуми моҳи июл дар ҷараёни сафараш ба Дарвози Бадахшон аз номи сокинон ва раҳбарияти ин ноҳия аспе ба тӯҳфа гирифтааст, ки ба қавли манобеи мо қиматаш аз 10 ҳазор доллар зиёдтар мебошад. Ин аспро ба раисиҷумҳур Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ, бостоншинос ва аз муаррифгарони шаҳри қадимии Карон дар ноҳияи Дарвоз, муаррифӣ ва аз номи сокинони ноҳия тақдим кардааст. Ӯ 11 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин асп ба далели ранги сиёҳ доштанаш Шабдез номгузорӣ шуда, "яке аз зотҳои нодири аспи хатлонӣ аст".
Оқои Яъқубшоҳ мегӯяд, президент яке аз тарафдорони эҳёи аспҳои нодир аст ва, бинобар ин, барояш чунин як тӯҳфаро интихоб кардаанд. "Албатта, ин ҳадяи мардуми Дарвоз аз ҷониби раисҷумҳур хуб қабул
шуд. Президент мехоҳад, зотҳои аспҳои қадимии тоҷикро эҳё кунад ва мардум ҳам бо ин тӯҳфа хостанд, ки ӯро шод намоянд. Асп дар худи Дарвоз парвариш шудааст," -- афзуд ӯ.
Тӯҳфаи сокинони Шуғнони Бадахшон ҳам ба раисиҷумҳур таваҷҷӯҳи бисёриҳоро ба худ ҷалб кард. Дар ин ноҳия ба Эмомалӣ Раҳмон рамзи "Ваҳдати миллӣ" тақдим шуд, ки рӯйи санги мармар ва бо сангҳои мухталиф, аз ҷумла сангҳои қиматбаҳои Бадахшон, тасвир ёфтааст. Найшакар Найшакаров, раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Шуғнон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тарҳи ин тӯҳфаро наққоше кашида ва онро корхонаи Лаълу сангҳои қимматбаҳои ноҳия омода кардааст.
"Навиштаҷот ва акси рамз бо сангҳои Бадахшон омода шудааст. Президент, ки сармеъмори суҳу ваҳдат аст, мо ҳам тасмим гирифтем, барояш чунин як тӯҳфа пешниҳод кунем. Ба он кас бисёр маъқул шуд. Мо, инчунин, хостем, ки бо ин тӯҳфа ҷалби сармоягузоронро ба ин корхонаи худ зиёд кунем," -- гуфт ӯ. Раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Шуғнон илова кард, солҳои пеш онҳо ба истиқболи президент бо тӯҳфаҳое чун гилему рубоб мебаромаданд, ки маҳсули дасти сокинони
ноҳия буд, вале ин дафъа тасмим гирифтаанд, ки шакли тӯҳфаи худро тағйир диҳанд. Бо ин ҳол, ин масъули ҳукумати ноҳияи Шуғнон қиммати туҳфаашонро ошкор накард ва гуфт, "арзишашро намедонам, вале аз ҳисоби худи Корхонаи лаълу сангҳои қимматбаҳо омода шудааст".
Бархе аз сокинон тақдими чунин ҳадяҳоро кори одӣ ва як навъ арҷгузорӣ ба раисиҷумҳур медонанд, аммо иддае мухолифи онанд ва мегӯянд, ки ин кор кеши шахспарастиро бештар карда, метавонад як сабқати ғайрирасмӣ ва пасипардагиро миёни раҳбарони шаҳру навоҳӣ оғоз гузорад, ки кӣ ҷолибтару зеботар ба президент ҳадя хоҳад дод? Коршиносон ҳам мегӯянд, агар дар гузашта ҳангоми сафари президент ба минтақаҳо аз номи сокинон ба ӯ танҳо ҷомаву тоқӣ дода мешуд ва ё барои осорхонааш маҳсули дасти ҳунармандони навоҳӣ пешниҳод мегардид, ҳоло ин туҳфаҳо ба аспу сангҳои қиматҳо расидааст ва дар минбаъда метавонад аз он гаронбаҳотар бошад.
Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, "10-15 сол пеш мансабдорон ва раисони шаҳру навоҳӣ дар ҳар гӯшаи кишвар мавзеи хушбоду ҳавоеро интихоб карда, барои президент гӯё истироҳатгоҳ тақдим мекарданд. Баъд ҳамаи ин биноҳо дар хизмати худи мансабдорони он минтақаҳо мемонд. Метарсам, ки ин туҳфаҳои аҷибу ғариб ҳам оғози як сабқати тӯҳфаҳои гаронбаҳо набошад."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар бархе аз кишварҳо, аз ҷумла Русия ва Эрон, қарору қоидаҳои вижае шеваи нигаҳдории тӯҳфаҳои президент ва мансабдоронро муайян мекунад. Барои мисол, бар асоси як қарор дар Русия тӯҳфаҳое, ки мақомдорон дар ҷараёни сафарҳои худ дарёфт мекунанд, агар арзиши он болотар аз 3 ҳазор рубли русӣ бошад, моли давлат ҳисобида мешавад ва бояд ба хазинаи давлат супурда шаванд. Агар мансабдорро аз ин тӯҳфа хеле хушаш биояд, ӯ метавонад онро барои худ бигирад, вале танҳо дар сурати супурдани пулаш ба хазина. Дар Эрон ҳам пештар чунин қоида будааст, ки ҳар тӯҳфаи ба дастовардаи президент, бояд ба осорхонаи он кишвар супурда шавад.
Дар Тоҷикистон қисмате аз тӯҳфаҳои раисиҷумҳур дар гӯшаи вижае дар Осорхонаи миллӣ нигаҳдорӣ мешавад. Абдувалӣ Шарифов, мудири ин осорхона, мегӯяд, дар ин гӯша тӯҳфаҳои зиёди президент, ки аз ҷониби афроди мухталиф - ҳам раҳбарону намояндаҳои кишварҳои хориҷӣ ва ҳам мардуми одӣ - тақдим шудаанд, гузошта мешаванд. Ба гуфтаи Шарифов, ба ин гӯша пайваста аз сӯи раисиҷумҳур тӯҳфа ворид мешавад. Аммо бо ин ҳам дақиқ нест, ки қисмати дигари тӯҳфаҳо, ки дар ҷараёни сафарҳои раисиҷумҳур ба хориҷ ва ҳам шаҳру навоҳии кишвар ба даст меоянд, дар куҷо нигаҳдорӣ мешаванд. Дар қароргоҳ, бӯстонсаро ё манзили шахсии раисиҷумҳур?
Вале масъулони ноҳияи Шуғнон гуфтанд, тӯҳфаи онҳо, ки тасвири рамзи ваҳдат аз сангҳои мухталиф ва рӯйи санги мармар аст, махсус барои нигаҳдорӣ дар Осорхонаи президент супурда шудааст. Аммо дар Осорхонаи миллӣ сабту аксбардорӣ аз тӯҳфаҳои гӯшаи президент ҳоло манъ будааст ва имкон нашуд бубинем, ки кадоме аз ин тӯҳфаҳои дар сафари Бадахшон ба дастовардаи раисиҷумҳур ба Осорхона ворид шудааст.
Дар зимн, сафари ахири президент Раҳмон ба Бадахшон, баҳсҳо атрофи шеваи истиқболи ботантанаву пурхарҷи вайро дигарбора ва ин бор бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле доғ кард. Дар ин сафар ҳам президент мисли шаҳру навоҳии дигар, бо ҷалби зиёди мардум, ҷавонону наврасон, шеъру таронахонӣ ва тӯҳфасупорӣ истиқбол шуд, аммо чун мардуми Бадахшон дар шабу рӯзи сафари президент ба ин минтақа, як фалокатеро пушти сар кардаву даҳҳо оила аз хонаву дари худ маҳрум шуда буд, аксарият аз он нороҳатӣ мекарданд, ки дар чунин шароит ҳам мақомот бо хароҷоти зиёд барои истиқболи президент “дар сатҳи баланд” талош кардаанд.
Солҳои гузашта худи президенти Тоҷикистон ба ин шеваи истиқболаш мухолифат карда, барои аз байн бурдани онҳо дастури вижа дода буд. Ҳатто ӯ хоста буд, аксҳои бузургашро аз сари роҳҳо барчинанд.