Ба хоҳари генерал Ғаффор Мирзоев ду рӯз боз иҷозат намедиҳанд, ки бародарашро дар зиндон аёдат кунад.
Оиша Мирзоева, хоҳарбузурги Ғаффор Мирзоев дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ аз риоя нашудани ҳаққи хешовандон барои мулоқот бо ин генерали зиндонӣ шикоят кард ва гуфт, баъди ду рӯзи интизорӣ дар пушти дари боздоштгоҳ ин дафъа ӯро ба рӯзи сешанбе ваъдаи дидор бо бародараш додаанд.
Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи Горди миллӣ ва раиси собиқи Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон 7 сол пеш бо ҷароими сангине, чун хиёнат ба ватан, омодагӣ ба табадулоти давлатӣ, одамкушӣ ва пинҳон доштани силоҳҳои ғайриқонунӣ ба ҳабси абад маҳкум шуда буд.
Тибқи қонун, ӯ солона ба як мулоқот бо наздиконаш ва ду бор гирифтани маводи хӯрока ҳақ дорад. Аммо хоҳарбузурги ӯ Оиша Мирзоева мегӯяд, мақомоти маҳбас дидори ӯ бо додарашро ба таъхир гузоштаанд. Ӯ мегӯяд: «Ба ман ваъда дода буданд, ки рӯзи 5-уми октябр озуқаи овардаамро қабул мекунанд. Аммо то ҳол ягон нафар бо ман сӯҳбат ҳам намекунад ва хӯрокҳои овардаамро ҳам қабул намекунанд.»
Ба ҷуз аз Ғаффор Мирзоев, аз ин хонаводаи як замон пурнуфузи Кӯлоб боз 3 тани дигар дар маҳбас ба сар мебаранд. Оиша Мирзоева гуфт, бародари дигараш Абдурасул Мирзоев ва писару домоди худи Оиша Мирзоева низ ба дунболи боздошти Ғаффор Мирзоев боздошт ва ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.
Бо вуҷуди гузашти 7 сол аз судури ҳукми ҳабаси абади Ғаффор Мирзоев, ин генерали собиқ ва фармондеҳи пешини Фронти халқӣ, ки дар рӯи қудрат овардани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон саҳми муҳим бозӣ кардааст, то ҳол дар боздоштгоҳ адои ҳукм мекунад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад