Ҷонибдорони генерал Абдурашид Дӯстум, муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон ва раиси Ҷунбиши миллӣ-исломӣ, рӯзи сешанбеи 22 март дар маркази вилояти Балх тазоҳурот карданд.
Дар айни ҳол ҳазорон тан аз тарафдорони Атомуҳаммад Нур, раиси вилояти Балх ҳам ба ҳимоят аз ӯ дар қисмати ҷанубии он шаҳр даст ба тазоҳурот заданд. Мақомоти дар шимоли Афғонистон эълон карданд, ки тазоҳуроти ҳар ду гурӯҳи рақиб, бидуни хушунат ба поён расидааст.
Тазоҳуроти ҷонибдорони генерал Дӯстум дар Балх аз сӯи тарафдорони ӯ дар ҳоле роҳандозӣ шуд, ки як рӯз қабл аз оғози соли нави хуршедӣ ё Наврӯз, афроди номаълум чанд тасвири калони ин генерали узбактаборро дар ду минтақаи марказии шаҳри Мазори Шариф поин карданд ва пора-пора намуданд
Ин боиси тазоҳуроти тарафдорони Дӯстум шуд ва ҷонибдорони ӯ дар яке аз хиёбонҳои марказии Мазорати Шариф даст ба тазоҳурот заданд. Тазоҳуркунандагон ҳамчунин аз ҳукумати маҳаллӣ дар Балх хостаанд, ки намояндагони гурӯҳҳои сиёсии дигарро низ дар вазифаҳои давлатӣ шарик бисозад, зеро ба гуфтаи онҳо, қудрат дар дасти тарафдорони як гурӯҳ -Ҳизби ҷамъияти исломӣ қарор гирифтааст.
Аз сӯи дигар, ҳазорон нафар аз тарафдорони генерал Атомуҳаммади Нур, волии вилояти Балх дар минтақаи Шодиёни шаҳри Мазори Шариф дар вокуниш ба ин амалкарди тарафдорони Дӯстум, даст ба эътироз заданд.
Мунир Фарҳод, сухангӯи раиси вилояти Балх гуфтааст, ки тазоҳурот ҳаққи шаҳрвандии шаҳрвандони Афғонистон аст, вале иддаои эътирозгарон дар мавриди "якҳизбӣ ва якқавмӣ" будани идораҳо дар вилояти Балхро рад кардааст. Мунир Фарҳод аз ҷумла гуфт, ки "тамоми таъйинот дар вилояти Балх бар асоси лаёқат ва шоистасолорӣ сурат гирифтааст."
Аз ин пеш генерал Атомуҳаммад Нур низ дар вокуниш ба тазоҳуроти ёдшуда ибрози назар карда буд. Вай дар сафҳаи Фейсбукаш аз тазоҳуроти сулҳомез ҳимоят кард, аммо навишт, ки тазоҳурот набояд боиси нооромӣ ва барҳам задани амнияти шаҳрвандон шавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад