Мактабҳо чашмбароҳи мардони омӯзгор аст

Як омӯзгори тоҷик.

Дар Тоҷикистон қонуне омода мешавад, ки қарор аст, ба воситаи имтиёзҳои махсус шумори бештари муаллимони ҷавон, бахусус мардонро ба мактабҳо ҷалб кунад.
Тарафдорони ин тарҳ бовар доранд, ки бо ин роҳ сифати таълиму тарбия дар кишвар низ боло хоҳад рафт.

Тарҳе, ки ҳоло дар парлумони Тоҷикистон баррасӣ мешавад, барои ин гурӯҳи омӯзгорон дар ноҳияву деҳоти кишвар барои се соли аввал бонус ё маоши иловагиро пешбинӣ мекунад. Ҳамчунин омӯзгорони ҷавон муваққатан аз хизмат дар артиш озод мешаванд.

Раиси кумитаи илм маориф ва сиёсати ҷавонон дар Маҷлиси Намояндагон Марҳабо Ҷабборова мегӯяд, ҳадафи аслӣ ба мактаб овардани муаллимони ҷавон, аз ҷумла мард аст.

Марҳабо Ҷабборова

“Барои бартараф кардани камбуди омӯзгорони ҳирфаӣ ва ҷавон, ки баъд аз хатми донишгоҳ на ҳама вақт ба ҷои кор ҳозир мешаванд, ба онҳо имтиёзҳои бештар пешбинӣ шудааст. Ба хусус барои дастгирии омӯзгорони ҷавоне, ки синни ҳарбӣ доранд. Хизмати онҳо тибқи ин қонун ба таъхир гузошта мешавад, ҳадаф ҳавасмансозии ин ҷавонон аст, ки рафта кор кунанд ва аз ҳисоби мардон ҳам муаллимон дар мактабҳо зиёд шаванд.»


Камбуди омӯзгорон, ба хусус ангуштшумор будани муаллимони мард дар мактабҳои Тоҷикистон мушкили нав нест, барои бартараф кардани он чанд соли охир маоши омӯзгорон то 60 дар сад боло рафта, ба омӯзгорони ҷавон ваъдаи замин барои сохтани манзил дода шуд. Аммо онҳо шикоят мекарданд, ки ҳукуматҳои маҳаллӣ аксаран ин имтиёзро нодида мегиранд. Се сол пеш вазири маориф таҳдид кард, ки 4000 хатмкардаи риштаи омӯзгориро барои ҳозир нашудан дар мактаб ба додгоҳ хоҳад кашид. Дар бархе аз минтақаҳо хидмати ҳарбии омӯзгорони ҷавон мавқуф гузошта мешавад.

Вазорати маориф мегӯяд, ин чораҳо вазъро каме беҳтар кард ва имрӯз макотиби кишвар танҳо ба 1000 муаллим ниёз доранд, аммо воқеият ин аст, ки то имрӯз ҳам ҷавонон ба омӯзгорӣ майл нишон намедиҳанд.

Сиддиқ Абдуллоев
, омӯзгори 25-сола, ки ҳамгаӣ ду моҳ аст дар яке аз мактабҳои вилояти Хатлон дарс мегӯяд, ба хулосае омадааст, ки омӯзгориро тарк карда, дубора рӯ ба муҳоҷират орад. Сиддиқ мегӯяд, зиндагияш бо 300 сомонии омӯзгорӣ пеш намеравад.

«Ман ҳоло бояд оиладор шавад, мехоҳам зиндагии хуб дошта бошам, аммо бо ин маоши омӯзгорӣ намешавад, ҳатто танҳо худамро таъмин карда наметавонам”. Ин омӯзгори ҷавон гуфт, ки қимати як шиму костюми хуб, ки ҷузви ҳатмии сару либоси омӯзгорон шудааст, 700 -800 сомонӣ қимат дорад. “Вақте ман худ либоси хуби корӣ надорам, аз хонанда чӣ талаб кунам? Маоши муаллим зиёд бошад 600 сомонӣ аст, пояфзолу либос харем ё зиндагиро пеш барем?”, - мегӯяд ӯ.

Абдуллоев мегӯяд, ки орзу дорад соҳиби замину манзил шавад ва “шояд, агар ҳамаи ин ваъдаву имтиёзҳо амалӣ шавад, вазъи омӯзгор беҳтар шавад”. Вай мегӯяд, ҷаласаҳои марбут ба тақсими замин барои омӯзгорон “бо ҷанҷол” мегузаранд ва ӯро хеле “дилсард” кардаанд. Вай мегӯяд, ба хулосае омадааст, ки дубора ба Русия баргардад.


Бино бар омори расмӣ, зиёда аз 60 дар сади 95 ҳазор муаллимро дар кишвар занон ташкил медиҳанд. Аммо Руҳулло Ҷӯрабоев раҳбари мактабе дар деҳаи Қаратоғ мегӯяд, беш аз 90 дар сади омӯзгорони мактаби ӯ занонанд. Ин мактаб ҳамагӣ 4 муаллими мард доштааст, ки онҳо ҳам аз деҳоти дигаранд ва бо пешниҳоди ёрдампулӣ, розӣ шудаанд, дар ин мактаб кор кунанд.

Руҳулло Ҷӯрабоев мегӯяд, ки ҳоло бисёр муттахасисони мактаби деҳаи Қаратоғ дар як корхонаи воҳиди давлатӣ кор мекунанд ва он ҷо маош “нисбати мактаб то се маротиба зиёд аст. Муаллимони ҷавон бошанд, баъди хатми донишкадаҳо роҳи муҳоҷиратро пеш мегирнад ва бо сабаби кам будани маош ба мактаб барои кор аз рӯйи ихтисос намеоянд”.

Вай мутмаин аст, ки ин мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ имрӯз ҷавононро аз мактаб дур кардаву пешаи омӯзгорӣ ҳам пешаи занона шудааст.

Абдуҷаббор Раҳмонов, собиқ вазири маорифи Тоҷикистон.

Камбуди омӯзгорони мард дар мактабҳо дар ҳоле ба миён омадааст, ки ба гуфтаи Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири пешини маорифи Тоҷикистон ва ҳоло раҳбари Донишгоҳи омӯзгории Душанбе шумори духтарону писарон дар донишгоҳ қариб, ки баробар аст. Ҳамасола ин донишгоҳро наздик ба 2 ҳазор донишҷӯ хатм мекунад. Дар соли 2011 878 духтар ва беш аз 900 ҷавонпсиар соҳиби дипломи ин донишгоҳ шудааст.

Абдуҷаббор Раҳмонов, ки тарҳи қонуни нави маориф дар давраи вазирии ӯ таҳия ва пешниҳод шудааст, мегӯяд бояд ин масъала ҷиддӣ гирифта шавад:

- Воқеан ҳам сафи омӯзгорони мард дар бисёре аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сафи омӯзгорони мард кам аст. Ёд дорам дар вақти раҳбариам дар вазорати маориф як сафар доштем ба Суғд ва дар яке аз мактабҳои як ноҳия ҳамагӣ як омӯзгор дарс мегуфт, ки аз сӯйи муаллимаҳо ҳурмату эҳтиромро қоил буд. Дар асл будани омӯзгори мард дар мактабҳо имкон фароҳам меорад, ки ҳам мушкили гендерӣ ё баробарии зану мард ҳалли худро пайдо мекунад ва ҳам аз сӯйи дигар таъсири мардон махсусан ба хонандаҳои синфҳои болӣ бештар аст. Ва агар онҳо ҷалб шаванд беҳтар мешавад. Чун зан-модар аст, меҳри модарӣ доранд, меҳрубонанд, хотирбинӣ мекунанд. Тибқи анъанае, ки дар хонаводаҳои мардуми мо аст, яъне нақши падар ё мард дар оила зиёд аст, бинобарин аққалан 40 дар сади омӯзгорони мактабҳоро мардҳо ташкил диҳанд, кори муассисаи таҳсилоти умумӣ боз хубтару беҳтар мешавад, - гуфт вазири собиқ.

Бе ҳеҷ гуна камбинии заҳмати омӯзгорони зан, худи хонандагон мегӯянд, таъсири муаллимони мард дар мактаб болотар аст. Диёра, хонандаи синфи 9- уми яке аз мактабҳои пойтахт мегӯяд, онҳо ҳамагӣ як муаллими мард доранд, ки дар дарси ӯ, ба қавле, «пашша пар намезанад»:

«Масалан ҳамаи омӯзгорони мо зан ҳастанд ва танҳо як муаллими мард дорем, ки аз фанни ҳуқуқ дарс мегӯяд. Талабҳомон нисбат ба дарси муаллимаҳо дар дарси ин муаллим хомӯш мешинанд ва ҳамеша ба дарсҳо таёранд ва метарсанд аз ӯ. Ӯ намезанад, аммо намедонам сиёсат дорад ё чӣ, ки ҳама ӯро гӯш мекунад».

Чанд моҳ пеш Вазорати маорифи Тоҷикистон дар пайи як санҷиш даҳҳо роҳбари мактабҳои миёнаи кишварро, ки асосан занон буданд аз вазифа барканор ва ба ҷойи онҳо мардҳоро таъин кард. Коршиносон мегӯянд, қонуни нав, ки бояд ба зудӣ тасвиб шавад, барои ҷалби омӯзгорони ҷавон ва мард ба мактабҳо шароити мусоидеро фароҳам меорад, аммо муваффақияти тарҳ ба он бастагӣ хоҳад дошт, ки нукоти асосии ин қонун ба чӣ шакл ва чӣ муддат иҷро хоҳанд шуд.