Талабшо Меликов, сардори шӯъбаи мудирияти нозирони минтақавии милисаи раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 21 апрел зимни баргузории ҳамоише дар мавриди “Иқдомоти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои зиррабт алайҳи хушунати хонаводагӣ” гуфт, дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 790 мавриди арзу шикояти сокинон роҷеъ ба хушунат сабт шудааст, ки тибқи таҳлилҳо 478 адади он нисбати мардон ва 103 маврид нисбати занон будааст.
Ба гуфтаи ҷаноби Меликов, бар асоси ин шикоёт, 247 парвандаи ҷиноятӣ боз шуда ба мақомоти тафтишотӣ ирсол шудааст. Ҳамчунин ба таъкиди ҷаноби Меликов, аз ҷониби нозирони минтақавии пулис, дар ин муддат 43 маводи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбат ба шахсоне, ки дар хонавода зӯровариро раво дидаанд, муҷозоти ҷаримавӣ татбиқ шудааст.
Талабшо Меликов афзуд, ки 11 нафар қурбониёни хушунат ба марказҳои офиятӣ роҳхат дода шуда ва нисбат ба 2 нафаре, ки такроран хушунатро анҷом додаанд, ҳабси маъмурӣ татбиқ шудааст.
Ин масъули вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби хушунату зӯроварӣ дар хонаводаро ба хусумати хешу таборӣ, лату кӯб, расонидани зарари ҷисмонӣ, муноқишаҳои оилавӣ ва рафтори авбошона марбут медонад. Бо ин ҳама масъулони вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон саҳми дигар сохторҳои марбутаи давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар заминаи ҷилавгирӣ аз хушунатро чандон муассир намедонанд.
Зимнан, ҳамоиши “Иқдомоти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои зиррабт алайҳи хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон” субҳи имрӯз, 21 апрел бо ширкати мақомоти ҳиҷфзи ҳуқуқ, намояндагони ҷомеаи маданӣ ва коршиносону хабюарнигорон дар меҳмонхонаи “Меркурий”-и шаҳри Душанбе оғоз шудааст. Қарор аст, ширкаткунандагони ҳамоиш ҳолати хушанат ва зӯроварӣ ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз ин падидаро баҳсу баррасӣ кунанд.
ТАФСИЛОТ НАШР МЕШАВАД