"Бемористонҳои Ғазза ба камбуди дору рӯбарӯянд"

Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳам гуфт, бемористони Ғазза пур аз маҷруҳонест, ки бар асари бомбборони Исроил захмӣ шудаанд.
Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, Созмони ҷаҳонии беҳдошт ё тандурустӣ эълом карда, ки бемористонҳои Ғаза ба камбуди шадиди дору рӯбарӯянд. Ин созмон ба нақл аз мақомҳои Вазорати тандурустӣ дар Ғазза мегӯяд, то кунун 382 нафар захмӣ шудаанд, ки ҳар севуми онҳо кӯдаканд.
Бо авҷ гирифтани муноқиша дар Ғаза, Исроил рӯзи ҷумъа қароргоҳи нахуствазири фаластиниёнро бомбборон кард.
Бо онки ҷанг миёни созмони Ҳамос ва Исроил дар Навори Ғаза идома дорад, Рафиқ Абдусалом, вазири умури хориҷии Тунис, ба ин минтақа сафар карда ва ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба ин минтақаи фаластиниёнро маҳкум намуд. Ӯ рӯзи шанбе гуфт, амалкарди Исроил ғайриқобили қабул ва мухолифи қонунҳои байналмилалӣ аст: “Қонун ва маҳдудиятҳои байналмилалӣ вуҷуд дорад ва ончӣ ки Исроил мекунад, ғайриқобили қабул ва ғайриқонунӣ аст. Исроил бояд бидонад, ки бисёр чиз тағйир кардааст ва вазъ дар кишварҳои арабӣ ба минволи пешин нест. Исроил бояд бидонад, ки комилан озод нест ва қалъабандии комил нашудааст ва болотар аз қонунҳои байналмилалӣ нест.”

Рафиқ Абдулсалом, дувумин мақоми баландпояи кишварҳои арабӣ аст, ки баъди Ҳишом Қандил, нахуствазири Миср вориди Ғаза мешавад. Ба гуфтаи телевизиони Исроил, ҳавопаймоҳои ҷангии ин кишвар дар шаби ҷумъа ба шанбе 180 маротиба дар Навори Ғаза оташ кушоданд ва қароргоҳи Исмоил Ҳания, нахуствазири Ҳамосро вайрон карданд, ки рӯзе пеш дар ҳамон ҷо бо ҳамтои мисрии худ мулоқот дошт.Табибони фаластинӣ мегӯянд, ки дар ҳамлаҳои шабонарӯзи гузашта 8 нафар кушта шудаанд. Пулиси Исроил мегӯяд, чаҳор сарбози исроилӣ бар асари партоби мушаке аз Ғазза ҷароҳат бардоштаанд.

Авитал Лейбович, сухангӯи вазорати дифои Исроил дар шаҳри Байтулмуқаддас ба хабарнигорон гуфт, кишвараш азм дорад, ба ҳамлаҳои мушакӣ аз Ғазза хотима диҳад: «Мо имрӯз шоҳиди он ҳастем, ки бисёре аз раҳбарони тундрави Ҳамос пинҳон шудаанд, аммо дар масҷиду шифохонаҳо. Ҳамаи ин ва ҳадафгириҳои нерӯҳои мо нишон медиҳад, ки Ҳамос таҳти фишори бузург аст. Ва мо азм дорем, ки амалиётро идома диҳем ва то овардани сулҳу оромиш барои се миллион исроилӣ, ки таҳти хатари ногузири мушакҳо қарор доранд.”

Пештар аз ин ҳукумати Исроил барои ҷалби 75 ҳазор сарбози эҳтиётӣ ба қувваҳои мусаллаҳаш қарор қабул кард ва бо назардошти таҷаммӯъи нерӯҳои исроилӣ дар марзи Ғазза бисёриҳо интизор доранд, ки Исроил барои амалиёти заминӣ дар ин минтақа омода мешавад.

Дар вокуниш ба таҳаввулоти ахир Боб Карр, вазири умури хориҷии Австралия аз ҳарду тараф хост, хештандорӣ нишон бидиҳанд. Аҳмад Ваҳидӣ, вазири дифои Эрон рӯзи шанбе гуфт, ки тамоми мусулмонони ҷаҳон бояд алайҳи Исроил муттаҳид шаванд. Матбуоти расмии Эрон аз қавли ӯ навиштаанд, ки “хотима додан ба ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ, яъне Исроил, танҳо аз роҳи посухи воҳид ва талофиҷӯёнаи мусулмонони ҷаҳон имконпазир аст.”

Исроил амалиёти ҳавоӣ дар Навори Ғазза сераҳолиро рӯзи чаҳоршанбе ва бо ҳадафи хотима додан ба мушакандозиҳои пайваста аз Навори Ғазза шурӯъ кард, ки зиндагии рӯзмарра дар ҷануби Исроилро ба ҳам задаанд. Ҷангиёни фаластинӣ тайи се рӯзи гузашта ба Исроил садҳо мушак андохтанд, ки то шаҳрҳои Тел-Авив ва Байтулмуқаддас ҳам расид. Ба гуфтаи мақомоти фаластинӣ, аз замони оғози амалиёти Исроил дар ин минтақа 38 нафар кушта шудаанд. Се исроилӣ рӯзи панҷшанбе дар ҳамлаи мушакии Ҳамос ҷон доданд.

Таниш миёни Фаластин ва Исроил ба ривояти тасвир