Тақдири Гулистон. Чаро ҷони худро дар хатар мегузорем? ВИДЕО

Бархе аз соҳибони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ки бо вуҷуди ҳушдорҳои батакрор ҳанӯз ронандагони тоҷик барои гирифтани гази моеъ ҳамроҳи мусофиронашон вориди чунин марказҳо мешаванд. Дар гузашта ҳангоми ё баъди пур кардани гази моеъ чанде аз мошинҳо сӯхта, мусофиронашон осеб дидаанд.

Таркиш дар "Сафина": хисорот ҳисоб нашудааст​

Дар Тоҷикистон тайи ду соли ахир ҳашт ҳодисаи таркиш дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ рух додааст.

Гулистон Каримова, сокини шаҳри Душанбе, яке аз онҳост. Ӯ ду сол қабл ҳангоми бозгашт аз вилояти Бадахшон дар сӯхтори мошини кирояе, ки барои пур кардани гази моеъ вориди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ шуда буд, ҷароҳат бардошт. Дасту рӯ ва пояш сӯхт ва баъди ду рӯз тавассути ҳавопаймо ба Душанбе оварда шуд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Чаро ҷони худро дар хатар мегузорем?

Каримова рӯзи 17-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки “ҳодиса дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон рух дод. Ронанда мошинро дохили нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ карда, гази моеъ гирифт. Вақте мошинро ба кор даровард, якбора таркиш шуд. Талош кардам аз дохили мошин худамро берун кашам, нашуд. Натавонистам шишаи тирезаро шиканам ва барои ҳамин осеби бештарро ман дидам.”

Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, баъд аз ин ҳодиса ронанда боре ҳам аз ҳолаш хабар нагирифтаву ҳатто узр напурсид. Вай аз он нигаронӣ дорад, ки ҳатто идораи умури дохилии ноҳияи Рӯшон ин ҳодисаро сабт накардааст. Ҳоло Гулистон Каримова барои рӯёндани ҷуброни зарар аз ронандаи мошини кироя, ки пас аз ин ҳодиса бо хонаводааш ба Русия рафтааст, бо шикояти расмӣ ба Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт муроҷиат намудааст. Ӯ сӣ ҳазор сомонӣ харҷи табобаташро талаб дорад.

Таркиши як мошини ҳомили 10 тонна маводи сӯхт дар Варзоб

Дар Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ тасдиқ карданд, ки чунин шикоят ворид шуда ва ҳоло таҳқиқу санҷиш мешавад. “Дар ҳолати ниҳоӣ шудани тафтиш, метавонем ғоибона мурофиаро баррасӣ ва қарор қабул кунем”, - гуфтанд дар додгоҳ.

Дар ҳоле, ки баҳси додгоҳии Гулистон бо ронандаи мусофирбар ниҳоӣ нашудааст, дар бархе аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (НФС) мусофирбарҳои пур аз одамро дидан мумкин аст, ки бидуни онки мусофиронро аз дохилаш берун кунанд, ба пур кардани бензину газ идома медиҳанд. Ҳарчанд дар даромадгоҳи ин нуқтаҳо навиштаҷоти “Ронанда, мусофиронро фарор!” насб шуда, онҳоро ба риояи ҳатмии қоидаи бехатарӣ даъват мекунад.

Сайфиддин Сафаров, як масъули нуқтаи фурӯши сӯзишвори пойтахт, рӯзи 17-уми сентябр гуфт, онҳо баъзан ронандаҳоро маҷбур мекунанд, то мусофиронро дар даромадгоҳи чунин нуқтаҳо поён кунанд. Чун, ба гуфтаи ӯ, “дар чунин ҳолат намешавад таваккал кард. Дар дохили як мошин аз 4 то 12 мусофир аст.”

Комрон Шехов - қурбонии 4-уми таркиш дар Зайнабобод

Худи ронандаҳо низ иқрор мекунанд, ки дар ҳолати шитобзадагӣ ҳамроҳ бо мусофирон ба нуқтаҳои газпуркунӣ ворид мешаванд. Акрам, як ронандаи мусофирбар дар пойтахт дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “албатта, мумкин нест. Лекин вақте бо худи мусофирон ҳам “заправка” мекунем, онҳо ҳам саросема ҳастанд ва чизе намегӯянд. Ин хе ҳолатҳо мешавад.”

Ҳоло Гулистон мегӯяд, ҳар боре, ки мусофирбарҳои пур аз одам ва махсусан кӯдаконро дар нуқтаҳои фурӯши сузишворӣ мебинад, дилаш ба ларза меояд ва ҳатман бо ронандаҳои фориғбол вориди баҳс мешавад. Ӯ аслан аз фориғболии ронандаҳо, ки бо мусофирон вориди НФС мешаванд, тарс дорад ва мегӯяд, масъулин интизор набошанд, ки кай як таркиши пурқурбонӣ рух диҳад ва баъдан тадбирандешӣ кунанд.

Дар Тоҷикистон дар ду соли охир ҳашт ҳодисаи таркиш дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ рух дода, дар матбуот бозтоб ёфтааст. Таркиши як мошини ҳомили газ дар ноҳияи Бохтар дар соли 2016 ҳам расонаӣ шуд, ки сабаби марги як нафар ва захмӣ шудани 21 тани дигар гардид.

Шоҳид: Дар таркиши Бохтар ду мошин ба коми оташ рафт

Ҳарчанд мақомот дар алоҳидагӣ омори расмии ба ҷавобгарӣ кашондани ронандаҳои фориғболро дар ин маврид сабт накардаанд, аммо масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, риояи қоидаҳои бехатарӣ дар чунин ҷойҳо вазифаи аслии масъулони НФС аст. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи ин ниҳод, гуфт, масъулони нуқтаи фурӯши сӯзишфорӣ метавонанд барои бехатар анҷом додани кори худ, ронандаҳоро маҷбур кунанд, то бидуни мусофир вориди НФС шуда, баъдан сӯзишворӣ бигиранд.