Эҳсосоти мардуми тоҷик: Ҳангоми шодӣ, ё ташвиш, ё дар ҳоли хашм

​Бино ба як назарсанҷии созмони Gallup, 43 дарсади аҳолии Тоҷикистон эҳсосотӣ буда, дар изҳори шодию ғам, нигаронӣ ва ҳамин тавр, дар ҳоли ғазаб худро нигоҳ дошта наметавонанд.

Назарсанҷии созмони Gallup, ки дар 148 кишвари дунё анҷом шудааст, нишон медиҳад, ки 43 дарсади мардум дар Тоҷикистон эҳсосотианд ва ҳангоми шодию хурсандӣ, ё ғуссаву ғам ва ҳамин тавр, дар ҳолати хашму ғазаб эҳсосоташонро дар дил нигоҳ дошта наметавонанд. Тоҷикистон бо ин нишондиҳанда дар байни 148 кишвар дар ҷои 126-ум меояд.

Ин назарсанҷӣ дар маҷмӯъ, эҳсосоти мардумро дар 10 ҳолат – 5 ҳолати мусбат ва 5 ҳолати манфӣ – санҷидааст ва бар ин асос, ки оё пурсидашудаҳо нисбат ба як рӯзи пеш ба эҳсосоти бештар роҳ додаанд ё на?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Эҳсоси худро чӣ гуна фурӯ менишонед?

5 ҳолати манфии изҳори эҳсосот ҳолатҳои хашм, стрессс, ғамгинӣ, дарди ҷисмонӣ ва ҳолати нигаронии пурсидашудаҳоро дар бар мегирад. Дар 5 ҳолати мусбат намоиши эҳсосоти мардум дар ҳолатҳои истироҳати хуб, табобати муносиб, ризоият, хандаву табассуми зиёд ва омӯзиш ё машғулият ба ягон чиз ё кори ҷолибро ба назар гирифтаанд.

Ҷолиб ин аст, ки се ҷои аввалро дар ин раддабандии эҳсосоти кишварҳои дунё кишварҳои Амрикои Лотинӣ – Боливия, Салвадор ва Эквадор гирифтаанд. 59 дарсад дар Боливияву Салвадор ва 58 дарсад дар Эквадор, Филлипин, Никарагуа, Гватемала ва Ироқ иқрор кардаанд, ки дар ҳолати чӣ шодӣ ва чӣ ғам ё ғазаб эҳсосоти худро беибо фурӯ мерезанд.

Дар Осиёи Марказӣ аз ҳама эҳсосотӣ - бо 45 дарсад – сокинони Узбакистон будаанд. Дар Туркманистон 42 дарсад, дар Қирғизистону Қазоқистон 41 дарсад ва дар Русия 40 дарсад дар ҳолатҳои мусбату манфӣ ба эҳсосот роҳ доданашонро эътироф кардаанд. Аммо аз ҳама мардуми хунсард дар Бангладеш будааст, ки танҳо 37 дарсадаш худро эҳсосотӣ эътироф кардааст. Дар Гурҷистону Озарбойҷону Муғулистон ин нишондиҳанда 38 дарсад будааст. Ин 4 кишвар 4 зинаи пойинтарини рейтинги Gallup-ро ишғол кардаанд.

Аммо барои мардум фурӯ рехтани эҳсосот хуб аст ё фурӯ нишонданаш? Ин суолро дар як мусоҳиба аз равоншиноси тоҷик Нафиса Юнусова пурсидем.

Нафиса Юнусова: “Натиҷаҳои таҳқиқот нишон медиҳанд, ки 43 дарсади мардум дар Тоҷикистон эҳсосотианд. Яъне, қариб нисфи мардум, ки ин рақами хеле баланд аст. Барои паст кардани чунин ҳолатҳо одам бояд аз ин эҳсосот озод шавад. Масалан, дар ҳолати стресс ё асабоният аз роҳи машварат ё сӯҳбат бо равоншинос ваё бо нафарони дигар бояд партояд ҳиссиёти манфиашро, вагарона эҳсосот метавонад шеваи агрессияро бигиранд ва ба паёмадҳои ногувор, ҳатто ба зӯроварӣ биорад. Техникаҳои махсуси раҳоӣ аз эҳсосот вуҷуд дорад. Ба дигар одам партофтан ё ба сараш фурӯ рехтани ин эҳсосот низ озодшавӣ аст, касро сабук мекунад. Вале вақте аз ин фурӯ рехтани эҳсосоти шумо каси дигар зарба бигирад, хуб нест. Равоншиносон техникаҳои мушаххаси аз эҳсосот озод карданро доранд, ки ба фоидаи он одам аст, валебидуни зарар ба атрофиён.”

Радиои Озодӣ: Мардуми мо солҳои пеш зиёд ҷиддӣ намегирифтанд муроҷиат ба равоншиносро. Ҳоло вазъ тағйир ёфтааст? Мардум муроҷиат мекунанд?

Нафиса Юнусова: “Бовар кунед, бо вуҷуди онки мо бисёр вақт шикоят мекунем, ки иттилоот дар бораи маърифати психологӣ кам аст, мардум зиёд муроҷиат мекунанд. Маҳз дар масъалаҳои оилавӣ, муносибатҳои байни якдигар, зӯроварӣ дар оила. Умуман гуфта метавонам, ки бекор нестем.”

Радиои Озодӣ: Фикр намекунед, ки як омили ин метавонад мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ бошад? Аз ҷумла дар Тоҷикистони мо?

Нафиса Юнусова: “Ин исбот шудааст, ки вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ таъсири худро мерасонад. Вале агар депрессия, яъне афсурдаҳолиро бигирем, дар Кореяи ҷанубӣ, ки як кишвари пешрафта аст, худкушӣ дар ҷумлаи иллатҳои марги мардум баъди бемориҳои қалбу саратон ҷори чорумро мегирад. Олимон исбот кардаанд, ки решаи мушкил дар давлатҳои пешрафта мушкилоти равонист. Вале дар давлатҳои рӯ ба тараққӣ, албатта, мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ. Аз тарафи дигар, эътиқоди мазҳабии мардум ҳаст, ки дар ҳолатҳои вазнин ба дин муроҷиат мекунанд ва оромиш меёбанд.”

Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон намоиши эҳсосоти мардум бо чӣ фарқ мекунад аз кишварҳои дигар?

Нафиса Юнусова: “Душвор аст гуфтан, чунки пажӯҳишҳои муқоисавӣ гузаронда нашудаанд. Вале аз рӯи мушоҳидаҳои худи ман, бармеояд, ки ҳарчанд дар ҷомеа мушкилот зиёд аст,мушкилоти муҳоҷират, мушкили ҷои кор, ҳамаи ин таъсир мерасонад. Вале халқи мо аҷаб мардум аст. Миллати хеле хушбин (оптимист) аст мардуми тоҷик. Ман баъзан аз мушоҳидаҳои худ ба ҳайрат меоям, ки чӣ вазъу чӣ ҳолате набошад, аз маршруткаҳову аз таксиҳо ҳамеша садои мусиқии шоди тӯёна, садои мусиқии, тавре мегӯянд, мажор ба гӯш мерасад. Мардуми тоҷик дар ҳар ҳолат кӯшиш мекунад, ки вазъи равониашро беҳтар кунад. Ва ин хеле чизи хуб аст.”