Galaxy Note 7 ба Тоҷикистон нарасида, оташ гирифт. ВИДЕО

Ширкати Samsung баъди ду моҳи ба бозор ворид кардани телефони пешрафтаи навъи Galaxy Note 7 эълон кард, ки истеҳсоли ин телефонро бас мекунад. Galaxy Note 7-ро Samsung тобистони имсол бо ситоиши зиёд ба фурӯш баровард, вале баъди гузоришҳо дар бораи оташ гирифтани телефони мазкур дар моҳи сентябр расман эълон кард, ки фурӯшашро боздошт ва ҳоло аз истеҳсоли он комилан даст кашидааст.

Як назарсанҷӣ нишон додааст, ки телефонҳои Samsung дар Тоҷикистон аз назари маҳбубият дар ҷойи дуввум меистанд ва 16 дар сади аҳолӣ телефонҳои ҳамин ширкатро доранд

Дар аввали сентябр чанд муштарии ширкат гуфтанд, ки телефонҳояшон, ки 882 доллар қимат дорад, худ ба худ оташ гирифтаанд ва ё таркиданд. Сабаби оташ гирифтанро нуқси батареяҳои телефон номиданд. Баъди ин Samsung бештар аз 2,5 миллион телефони Samsung Galaxy Note 7-ро аз бозору муштариён гирифт ва ба онҳо навашро дод.

Вале ҳодиса такрор шуд ва акнун Samsung ба хотири ҳифзи обрӯ ва ҳам ҷилавгирӣ аз зиёни зиёди молӣ комилан аз истеҳсоли ин телефони ҳушманд даст кашид. Samsung, як ширкати азими воқеъ дар Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон ҳам дафтар дорад, вале зоҳиран ин навъи телефон ба кишвар дигар намерасад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Галакси Ноут-7 ба Тоҷикистон нарасид

Маҳина Қаҳҳорзода, як мушовири ин ширкат дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки Galaxy Note 7 то ба ҳол ба таври расмӣ барои фурӯш вориди бозори Тоҷикистон нашудааст ва эҳтимол аст, ки дар оянда ворид шавад. Вай гуфт, аз ҳамин хотир ҳам, корбарони Samsung метавонанд нигарон набошанд, ки шояд телефони гаронарзиши онҳо рӯзе мушкил пайдо кунад.

Телефонҳои Samsung - серистеъмолтарин дар бозори Тоҷикистон

Маҳина Қаҳҳорзода гуфт, ки баъзе муштариён воқеан ҳам мехостанд, ки навъи навтарини ин телефонро дошта бошанд. Айни замон, гуфт ӯ, агар ҳам баъзе корбарони телефон дар Тоҷикистон бо роҳҳои хусусӣ ва дар хориҷа соҳиби навъи Galaxy Note 7 шуда бошанд, ҳеҷ хабаре дар бораи эҳтимоли оташ гирифтани телефонашон ба онҳо нарасидааст.

Салоҳиддин Давлатов, як ҳавохоҳи моли ширкати Samsung аст. Вай мегӯяд, агар навъи Galaxy Note 7 мушкилзо набуд, аз назари ӯ, ин телефон барои донишҷӯён метавонад хеле муфид бошад, чунки, ба гуфтаи ӯ, хондааст, ки барои сабту навишти маълумоти зарурӣ имкониятҳои зиёд доштааст. Бозори телефонҳои ҳамроҳ дар Тоҷикистон аз оғози солҳои 2000-ум гарм шуд. Солҳои охир, инро пурсишҳои афкори умум ҳам собит мекунад, ки моли ширкати Samsung серистеъмол шуд. Моли ин ширкат ба хотири сифатан беҳтар, замонавӣ ва қимати муносибтар доштанаш дар муқоиса бо моли Apple бозоргир шуд.

Соли 2013 як назарсанҷӣ нишон додааст, ки телефонҳои Samsung дар Тоҷикистон аз назари маҳбубият дар ҷойи дуввум меистанд ва 16 дар сади аҳолӣ телефонҳои ҳамин ширкатро доранд. Нархи телефонҳои ин ширкат дар Тоҷикистон аз 200 доллар шурӯъ мешавад. Ҳоло маълум нест, ки даст кашидани Samsung аз истеҳсоли навъи нави телефонаш ба маҳбубияти моли ин ширкат дар Тоҷикистон таъсир мегузорад ё на.