Ширкатҳои Фаронса ба Тоҷикистон "меҳри тиҷоратӣ" мебанданд

Дар нахустин форуми тиҷоратии Тоҷикистон ва Фаронса

Фаронса баъд аз солҳои тӯлонии сармоягузорӣ дар кишварҳои Африқо ҳамакнун рӯ ба Осиёи Марказӣ оварда, ният дорад то дар иқтисоди Тоҷикистон ҷойгоҳи худро пайдо кунад.

Фаронса дар ҳафт соли охир кам ё беш бо бозори Тоҷикистон ошно шудааст. Дар ин муддат ширкатҳои фаронсавӣ ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 16 миллион доллар сармоягузорӣ карданд, вале ҳам Порис ва ҳам Душанбе ин мизонро нокофӣ медонанд.

Дар ҳамоиши соҳибкорони тоҷику фаронсавӣ, ки рӯзи ҷумъаи 24-уми апрел дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, намояндагони наздик ба 20 ширкати фаронсавӣ, аз ҷумла "Аэробус", "Тотал", "Обертур технолоҷиз" ва ғайра иштирок карданд. Соҳибони ин ширкатҳои бузургу миёнаи фаронсавӣ, ки дар бахшҳои бинокорӣ, энержӣ, технологӣ ва кишоварзӣ кор мекунанд, бо изҳори омодагӣ ба сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистон фазои тиҷорат дар ин кишварро озод хонданд.

“Обертур технолоҷиз”, яке аз калонтарин ширкатҳои Фаронса, ки ба 140 кишвари дунё, барои шиносномаву дигари санадҳо тароша ё чипи компютерӣ месозад, тасмим дорад, хадамоти худро ба Тоҷикистон пешниҳод кунад. Ин ширкат то кунун барои Узбакистону Гурҷистон шиноснома ва барои Озарбойҷон шаҳодатномаи ронандагӣ таҳия кардааст.

Зӯҳро Аҳмадӣ, як масъули ин ширкат дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, раҳбарони ширкат пеш аз омадан ба Тоҷикистон фазои соҳибкорӣ дар ин кишварро омӯхта, ба хулосае омадаанд, ки ”Тоҷикистон аз лиҳози сиёсӣ муътадил аст ва ҳамчунин фазои озоди амниятӣ дорад, ки барои ҷалби ширкатҳое, ки мехоҳанд, дар кишвар кор кунанд, хеле муҳим аст. Аз тарафи дигар дар ин кишвар пайдо кардани ихтисосмандон низ душвор нест ва аз ҳамин ҷиҳат ҳам фаъолият кардан дар ин кишвар осонтар менамояд. Албатта, ҳоло баъзе аз мушкилот дар заминаи андозбандӣ вуҷуд дорад, ки фикр мекунам бояд ҳал шавад."

Намояндаи ширкати “Обертур технолоҷиз” мегӯяд, аллакай чанд тарҳеро дар заминаи амниятӣ пешниҳод кардаанд ва дар сурати ба мувофиқа расидан, ширкат кори худро дар Тоҷикистон шурӯъ хоҳад кард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нахустин форуми тиҷоратии Тоҷикистон ва Фаронса дар Душанбе

Зимнан, ҳоло дар Тоҷикистон 8 ширкати муштарак амал мекунад, ки фаъолияти аслии онҳо тиҷорат, сохтмон ва химатрасонӣ будааст. То кунун бо кӯмаки Фаронса дар Душанбе терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бунёд гардид ва ширкати азими фаронсавии “Алстом” нерӯгоҳи муҳимтарини Тоҷикистон "Норак"-ро бозсозӣ кард.

Ҳамзамон ширкати бузурги “Тотал” қасд дорад, дар кашфу истихроҷи майдонҳои нафту гази Тоҷикистон саҳм бигирад ва ҳоло 33 дар сади саҳмияҳои ширкатеро харидааст, ки ҳаққи истихроҷи майдони азими нафти “Бохтар” дар вилояти Хатлонро дар ихтиёр дорад.

“Койне энд Беллер” ташхиси фаннии нерӯгоҳи Роғунро анҷом дод ва ширкатҳои дигараш барои иштирок дар озмуни бунёди нерӯгоҳи Роғун дархост додаанд.

Дар ин баробар ширкати “Ашан-Шивер” барои бунёди нахустин гипермаркет ё фурӯшгоҳи бузург дар Тоҷикистон 41 миллион сомонӣ ё 7 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

Фредерик Лоббе, раҳбари ин ширкат ба Радиои Озодӣ гуфт, “бо назардошти он, ки Тоҷикистон дар маркази минтақа ҷойгир аст, таваҷҷӯҳи мо ба ин кишвар ҷалб шуд. Вақте ман худ бозорҳои хӯрок ва дигар маҳсулотро давр задам,мушоҳида кардам, ки савдои чакана ривоҷ наёфтааст ва мо хостем, як шеваи дигари савдои чаканаро дар ин кишвар ҷорӣ кунем. Қабл аз сармоягузорӣ мо қариб як сол бозори Тоҷикистонро омӯхтем ва ҳатто даҳ бор сафар низ доштам. Ман тӯли 8 моҳ аст, дар Тоҷикистон кор мекунам ва мушкилие, ки бо он рӯ ба рӯ мешавем, андоз аз арзиши иловашуда ва ҳамчунин масъалаи маъмурикунонӣ вуҷуд дорад. Яъне агар мо хоҳем, фаразан мутахасисонро аз хориҷ барои омӯзонидани шаҳрвандони Тоҷикистон даъват кунем, бо мушкил рӯ ба рӯ мешавем. Дар ин маврид гуфтушуниди мо бо мақомот идома дорад. ”

Ҷаноби Лоббе умедвор аст, ки дар ояндаи наздик миёни ин ширкат бо ҳукумати Тоҷикистон як созишномае низ ба имзо расад.

Дар ҳамин ҳол, Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон интизор дорад, ки ҳамкории ширкати “Ашан-Шивер” ба нуфузи сармоягузорӣ ва раванди ҷалби бештари ширкатҳои сармоягузори сатҳи ҷаҳонӣ ба кишвар таъсири хуб мерасонад. Вай бо ишора ба аҳамияти ҷалби сармояи Фаронса ба Тоҷикистон гуфт, “нишондиҳандаҳои феълии ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ, алабатта, моро қаноатманд карда наметавонад. Далел ҳам он аст, ки барои рушди муносибатҳои иқтисодӣ захираҳои калон мавҷуд аст ва дар солҳои охир зарурати густариши он ба миён омадааст. Мо умедворем, ки ин ҳамоиш ба гардиши молу миёни ду кишвар низ такон хоҳад дод. Зеро дар ин раванд нақши соҳбикорону тоҷирон басо муҳим ва муассир аст.”

Зимнан, дар як соли охир додугирифти молу коло миёни Тоҷикистону Фаронса ҳамагӣ 8,7 миллион долларо ташкил дода, аз Фаронса ба Тоҷикистон умдатан маҳсулоти хӯрокворӣ ворид ва аз Тоҷикистон ба Фаронса алюминиум содир шудааст.