Freedom House: 3320 шаҳрванди Тоҷикистон паноҳандагӣ хостаанд

Соли гузашта 3320 шаҳрванди Тоҷикистон аз кишварҳои ғарбӣ паноҳандагии сиёсӣ хостаанд. Ин рақам дар чаҳор соли пеш ба 605 нафар баробар буд.​

Шералӣ Кабиров, мудири ширкати "Талко" аз хешовандону ҳамшаҳриҳои президент аст? Вай комилан аз минтақаи дигар аст ва ҳеҷ пайванде бо раҳбари кишвар надорад..

Созмони Freedom House ё Хонаи Озодӣ рӯзи 11-уми апрел дар гузориши тозаи худ низоми сиёсии Тоҷикистонро непократӣ ё иборат аз атрофиёни як нафар номид. Ин созмон иддао кард, ки ҳамин амр боис шудааст, то баъзе фаъолону тоҷирон ва хабарнигорону вакилони дифоъ аз кишвар бираванд.

Дар гузориши иборат аз 15 саҳифа коршиносони “Хонаи Озодӣ” бештар ба мавзӯи набудани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ рӯй оварданд. Онҳо навиштаанд, мақомоти Тоҷикистон низоми "якҳизбие" бунёд карда, иҷоза намедиҳанд, ки мухолифон дар ҳаёти сиёсии кишвар садо дошта бошанд.

"Гузориш чандон дуруст нест"

Дар ҳоле ки Зариф Ализода, омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, рӯзи 13-уми апрел дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз шарҳи нуқоти гузориши “Хонаи Озодӣ” худдорӣ кард, вакили порлумон Саидҷаъфар Усмонзода гуфт, бо хулосаҳои ин созмон наметавонад розӣ шавад. Ба қавли ӯ, масъулони "Фридом Ҳауз" аз гӯшаи дури ҷаҳон дар бораи воқеиятҳои Тоҷикистон гузориш таҳия мекунанд, ки чандон дуруст нест.

Саидҷаъфар Усмонзода, узви Кумитаи робитаҳои байналмиллалии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон.

​Ӯ афзуд, “ин иддао, ки гӯё танҳо хешовандони раиси ҷумҳур аз ҳаққи фаъолияти озоди сиёсиву иқтисодӣ бархӯрдоранд, беасос аст.” Саидҷаъфар Усмонзода барои тақвияти фикраш аз худ мисол овард, ки хешутабори ягон мансабдори баландпояи Тоҷикистон нест, аммо раёсати ҳизби демократро бар уҳда дорад ва узви Маҷлиси Намояндагон низ ҳаст.

“Ё Шералӣ Кабиров, мудири ширкати "Талко" аз хешовандону ҳамшаҳриҳои президент аст? Вай комилан аз минтақаи дигар аст ва ҳеҷ пайванде бо раҳбари кишвар надорад. Дуруст аст, ки мушкилот дар Тоҷикистон кам нест, вале марҳила ба марҳила ба сохтмони ҷомеаи воқеан озоду демократӣ даст хоҳем ёфт", - гуфт ӯ.

"Хулосаҳо комилан воқеӣ мебошанд"

Аммо Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, баръакс, мегӯяд, ки хулосаҳои баровардаи "Фридом Ҳауз" комилан воқеӣ мебошанд. Ӯ афзуд, тӯли чанд соли охир хулосаҳои коршиносони ин созмони байналмилалиро мавриди пажӯҳиш қарор дода, ба натиҷае расидааст, ки навиштаҳои коршиносони ин созмон дурустанд.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон.

Ҳакимов афзуд, "агар мақомоти Тоҷикистон боз ҳам ин хулосаи созмони байналмилалиро сарфи назар кунанд, дар ниҳоят ин амр ба имиҷи байналмилалии кишвар латма мезанад, ки дар пай хисороти бузурге хоҳад дошт.”".

"Метавон эътимод кард"

Абдумалик Қодиров, соҳибназари тоҷик, ки бо навҳаи таҳияи чунин гузоришҳо ошноӣ дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, гузоришгарон барои нашри ҳар як омор ҷавобгарӣ доранд ва ба ин далел, ба хулосаҳои баровардаи ин созмон метавон эътимод кард. Ӯ гуфт, ҳатто бидуни нашри гузориши тозаи "Фридом Ҳауз" мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки вазъи озодиҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса ҳатто бо як соли пеш бадтар шудааст.

Абдумалик Қодиров, соҳибназари тоҷик.

Қодиров афзуд, “инки соли гузашта ҳазорҳо нафар аз Тоҷикистон дар кишварҳои ғарбӣ паноҳандагии сиёсӣ хостаанд, ҷои шубҳа надорад. Баъди дар соли 2015 террористӣ унвон кардани бузургтарин ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ бештаре аз ҷонибдоронаш ба хотири ҳифзи ҷони худ кишварро тарк кардаанд. Ҳамчунин, ба далели сангин шудани фаъолияти хабарнигорон, бархе аз онҳо аз Тоҷикистон рафтаанд.”

Дар ҳоле ки мақомоти баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла, президент Эмомалӣ Раҳмон пайваста мегӯянд, ки озодиҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар таъмин шудааст, созмонҳои байналмилалӣ ҳамвора ин гуфтаҳои мақомотро зери суол мебаранд.