Созмони Freedom House ё Хонаи Озодӣ Тоҷикистонро боз дар сафи кишварҳои мустабид ҷой дод.
Дар гузориши тозаи Хонаи Озодӣ и Freedom House мустақар дар ИМА - “Кишварҳои дар ҳоли гузор-2014”, ки рӯзи панҷшанбе, 12 июн, нашр шуд, гуфта шудааст, Русия дар дар пойин рафтани сатҳи демократия дар кишварҳои шӯравии собиқ нақши калидӣ дорад.
Муаллифон навиштаанд, ки “сиёсати Маскав соли гузашта ҳам намунае барои кишварҳои АвроОсиё дар пушт тофтан ба арзишҳои демокративу ҷомеаи шаҳрвандӣ ва боло бурдани сатҳи хушунат ва таъқибу фишор болои мунаққидони режимҳо гардид.”
Раҳбари тарҳи “Кишварҳои дар ҳоли гузор-2014” Силвана Ҳабданк-Колажковска мегӯяд, аз режими Русия ҳама раҳбарони мустабид пайравӣ мекунанд, “ҳатто мақомоти кишварҳое, ки дар таҳаммулнопазирӣ аз ҳамтоҳои руси худ хеле пеш гузаштаанд”. Ӯ бо такя ба гузориши ахир меафзояд, “даҳ сол қабл аз панҷ сокини АвроОсиё фақат як нафар дар ҷомеъаи авторитарӣ ё мустабид ба сар мебурд, ҳоло бошад – тақрибан чаҳор нафар аз панҷ кас дар чунин зиндагӣ мекунанд ва ин раванд рӯ ба афзоиш аст”.
Бар пояи гузориши Хонаи Озодӣ, соли гузашта заъф дар рушди демократӣ ва болоравии фасод дар кишварҳои шӯравии собиқ ва мамолики нимҷазираи Балкан рӯшан ба чашм мерасид. Аммо дар ин қаламрав соли 2013 равандҳои мусбат ҳам буданд – Косово, Албания ва Гурҷистон барои баргузор кардани интихоботи шаффоф ва интиқоли осоиштаи қудрат соҳиби рейтинги беҳтар шуданд.
Дигар раванди мусбати соли сипаришуда, аз нигоҳи хонум Ҳабданк-Колачковска, боло шудани садои ҷомеаи шаҳрвандӣ алайҳи режимҳои худкома буд ва ин садо дар Украина, Аврупои Марказӣ ва Қирғизистон баландтар буд. Дар Украина шурӯъ аз моҳи ноябри соли 2013 ҷомеъаи шаҳрвандӣ бо талаби пайвастан ба Аврупо ва алайҳи фасоди саркӯбии озодии баён аз сӯи ҳукумати Виктор Янукович даст ба эътирозҳои густурда зад, ки аввалҳои соли 2014 ба суқути ҳукумати русгарои Украина мунҷар шуд.
Муаллифони гузориш аз миёни 29 кишвар 13-тояшро “демократӣ”, 6-тояшро “дар ҳоли гузор” ва даҳ кишварро “мустабид” арзёбӣ кардаанд. Тоҷикистон аз рӯи баҳогузории аз 1 то 7 каме бештар аз 6 холро соҳиб ва чун як соли пеш ба феҳристи кишварҳои мустабид шомил шудааст. Рейтинги Тоҷикистон солҳои ахир бар асари таъқиби чандинсолаву коҳишнаёбандаи раҳбарони мазҳабии мустақил ва гурӯҳҳои исломӣ ва эҷоди монеъа дар роҳи рушди расонаҳои мустақил ва маҳдудсозии дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ пойин меравад.
Аз нигоҳи Хонаи Озодӣ, таъсири манфии сиёсати Маскав ба тарзи идораи давлат дар чанд кишвари шӯравии собиқ дар соли 2013 назар ба солҳои қаблӣ муассиртар буд ва онҳо чун дар Русия қонунҳо дар бораи маҳдудсозии тарғибу ташвиқи ҳамҷинсгароӣ ва қатъи сармоягузории созҳонҳои ғайриҳукуматӣ аз сӯи кишварҳои хориҷиро қабул карданд. “Соли 2013 муҳити Русия, Озарбойҷон ва Қазоқистон барои ҷомеъаи шаҳрвандӣ тоқатфарсотар гардид. Дар ҳоле, ки рейтинги “демократи”-и Қирғизистону Гурҷистон тайи панҷ соли ахир ҳамасола боло меравад, Белорус, Туркманистон ва Узбакистон ҳамоно мустабидтарин кишварҳои АвроОсиё боқӣ мемонанд”, - гуфта шудааст дар гузориши “Кишварҳои дар ҳоли гузор-2014”.
Соли чаҳорум аст, ки рейтинги умумии Қирғизистон боло меравад ва имсол ба афзоиши рейтинг интихоботи алтернативии маҳаллӣ мусоидат кард. Бо тағйири рейтинг Қирғизистон ягона кишвари Осиёи Миёна аст, ки сафи режимҳои худкомаро тарк намудааст.
Муаллифон навиштаанд, моҳи феврали соли 2013 мақомоти Русия қонун дар бораи “ҷосусҳои хориҷӣ”-ро қабул карданд, ки бар пояи он, ба иттилои маркази назорат аз болои интихобот “Голос”, тақрибан ҳазор созмони ғайриҳукуматӣ дар рӯбарӯи тафтиши густурда ва парокандашавӣ қарор гирифтанд.
Тӯли як сол мақомот бо таҳдиди таъқиби додгоҳӣ талош карданд, ки теъдоди фаъолон дар эътирозҳои хиёбонӣ алайҳи ҳукуматро коҳиш диҳанд. Дар арафаи савгандёдкунии раисиҷумҳур Владимир Путин 28 тан аз фаъолони мухолифин барои ширкат дар намоиши эътирозӣ дар майдони Болотная боздошт ва баъдан дар муқовимат ё ҳамла ба полис айбдор шуданд. Парлумони Русия ба қонуни ҳимоят аз атфол тағйирот ворид карда, барои тарғиби ҳамҷинсгароӣ дар Кодекси ҷиноӣ ҷазо муқаррар намуд.
Дар Озарбойҷон, дигар кишвари шӯравии собиқ, тавре дар гузориши Хонаи Озодӣ омадааст, маъракаи қабл аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар моҳи октябри соли гузашта ба маъракаи таъқибу фишор болои фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ, рақибони сиёсӣ ва расонаҳои берун аз итоати давлат табдил шуд. Баъд аз шаш соли пойинрафти ботадриҷ ҳоло ин кишвари бузургу сарватманди Қафқоз, ки раёсати Кумитаи Вазирони Шӯрои Аврупоро бар дӯш дорад, пойинтарин рейтинги демократияро дорад ва аз ҷиҳати озодии баёну ҳамоишҳо аз Тоҷикистон пойинтар ва дар афзоиши фасод аз Қазоқистон болотар қарор гирифтааст.
Камолиддин Рабимов, таҳлилгари масоили Осиёи Марказии муқими Порис мегӯяд, ҳарчанд авторитаризми Туркманистон сахттарин дар минтақа маҳсуб мешавад, аммо режими Узбакистон бо такя ба теъдоди мардумаш шадидтар ба назар мерасад. Ба гуфтаи ӯ, режими истибдод дар Туркманистон содда, вале дар Узбакистон хело печида аст, зеро Тошканд аз сиёсати берунаи ғарбгароёна ва сиёсати дохилии авторитарӣ кор мегирад. Ба гуфтаи таҳлилгар, дар сиёсати ғарбгароёнаи Узбакистон арҷгузорӣ ба ҳуқуқи башар “фаромӯш шудааст”.
Камолиддин Рабимов мегӯяд, ки авторитаризм дар Узбакистон солҳо бетағйир боқӣ мондааст ва ҷомеа сабақҳои Андиҷонро аз худ набурдааст – Тошканд ҳам ба мардуми бумӣ ва ҳам ба аҳли олам намоиш дод, ки барои нигаҳ доштани қудрат бидуни диранг аз нерӯ ва силоҳ истифода хоҳад бурд. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи сиёсатшинос, ҳукумат назорати сартосариро ба роҳ монда, аз ҳама гуна интиқод ҷилавгирӣ мекунад. Бигирем, дар Тоҷикистон, ба ҷуз аҳли хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон, дигар ҳама мансабдорҳоро метавон танқид кард, аммо дар Узбакистон ҳатто танқиди ҳокими ноҳия мамнӯъ аст, зеро ҳукуматдорон ҳарос доранд, ки ба думболи ҳокими ноҳия волии вилоят ва баъд аз он раисиҷумҳур ҳадафи танқид қарор хоҳад гирифт.
Алексей Малашенко, таҳлилгари сиёсии Маркази Карнегии Маскав, бо нуктаҳои аслии гузориши тозаи Хонаи Озодӣ мувофиқ аст ва мегӯяд, “ҳар режим аз сиёсате кор мегирад, ки ба гунае шабеҳи сиёсати Русия аст”. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, кишварҳои Осиёи Марказиро метавон ба чанд бахш тақсим кард. Ба бахши аввал Туркманистон ва Узбакистонро метавон шомил кард, ки “он ҷо ҳатто бӯи демократия ба машом намерасад”. Дар дигар кишвари минтақа – Қазоқистон, ҳарчанд режими шадиди авторитарӣ ҳукмфармост, мардум ҳаққи ибрози ақидаи худро доранд ва бархе рӯзномаҳо матолиби танқидӣ нашр мекунанд.
Дар Тоҷикистон, ба гуфтаи таҳлилгари рус, вазъи ҳуқуқи башар “содда” нест, аммо он ҷо гурӯҳҳои мухолифин – ҳам мухолифини динӣ ва ҳам мухолифини дунявӣ фаъоланд, ба истилоҳи дигар, режими авторитарӣ шадид аст, вале онро наметавон “диктатура” номид. Алексей Малашенко мегӯяд, ки ба бахши сеюм Қирғизистон - бидуни шубҳа, ягона кишвари демократӣ дар Осиёи Миёнаро метавон шомил кард, зеро он ҷо низоми бисёрҳизбӣ побарҷост ва муборизаи воқеъӣ барои ҳукумат сурат мегирад. Ҳарчанд дар ин кишвар ҳам чун дар дигар кишварҳои минтақа, аз нигоҳи Алексей Малашенко, далелҳои фасод зиёд ба чашм мерасанд.
Freedom House ё Хонаи Озодӣ, созмони ғайриҳукуматии амрикоист ва қароргоҳаш дар Вошингтон аст. Ин созмон соли 1941 таъсис шуда, аз соли 1978 ба ин сӯ ба омӯзиши озодиҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ дар сартосари олам машғул аст.