Созмони амрикоии Freedom House ё Хонаи Озодӣ имсол ҳам Тоҷикистонро ба феҳристи кишварҳои “ноозод” шомил кард.
Дар гузориши тозаи созмон "Freedom In The World 2014" (“Озодӣ дар олам дар соли 2014”), ки рӯзи 23-юми январ нашр шуд, дар маҷмӯъ 48 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон “ноозод” эълон шудааст. Хонаи Озодӣ даҳ кишварро “комилан ноозод” ва вазъи озодиҳои сиёсиву шаҳрвандиро дар онҳо “бадтарин дар ҷаҳон” номидааст.
Бино ба иттилои Хонаи Озодӣ, соли гузашта дар чаҳор кишвари шӯравии собиқ – Русия, Украина, Қазоқистон ва Озарбойҷон озодиҳои ҳам сиёсӣ ва ҳам шаҳрвандӣ ба мушкили ҷиддӣ мувоҷеҳ буданд. Муаллифони гузориш аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки ҳашт соли ахир вазъи озодиҳои сиёсиву шаҳрвандӣ дар олам пайваста коҳиш меёбад ва ин раванд бори аввал дар таърихи 41-солаи Хонаи Озодӣ ба қайд гирифта шудааст.
Гузориш ҳокист, ки давлати Русия таҳти раҳбари Владимир Путин соли сипаришуда равандҳои зиддидемократиро дар дохил ва хориҷи кишвар идома дод. Дар Русия ҳамлаҳо болои ҳамҷинсгароҳо ва афроди ғайриславянӣ идома карданд, ҳамзамон ҳукумат талош намуд, ки ҳарчӣ бештар расонаҳои хабариро таҳти назорат қарор диҳад. Дар сиёсати хориҷии худ Маскав аз маъракаи тарсдиҳии Украина ва Арманистон кор гирифт - ин ду кишвар мехостанд, ки бо Иттиҳодияи Аврупо робитаҳои зичтар дошта бошанд.
Аз нигоҳи муаллифони гузориши Хонаи Озодӣ, ҳукумати Русия ба хотири аз байн бурдани интиқоди ҷомеъаи байнулмилалӣ дар арафаи Бозиҳои олимпии зимистона дар Сочӣ, аз чанд иқдоми “оппортунистӣ” кор гирифт, аз ҷумла, бо миёнҷигарии Маскав созиш дар бораи маҳви силоҳи кимиёвии Сурия ҳосил шуд, корманди собиқи Хадамоти амнияти миллии ИМА Эдвард Сноуден дар Русия мақоми паноҳандагӣ дарёфт кард ва чанд тан аз маҳбусони сиёсӣ зиндонро тарк намуданд. Аммо Арч Паддингтон, муовини раиси Хонаи Озодӣ дар умури таҳқиқот, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки ин гомҳо наметавонанд яке аз режимҳои мустабиди олам будани Русияро рӯпӯш кунанд.
Дар гузориш ба мавзӯи муддати тулонӣ коҳиш ёфтани демократия дар Украина замони раёсати Виктор Янукович ҳам таъкид шудааст. Арч Паддингтон аз хушунати полиси Украина алайҳи эътирозгарон дар Киев изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, ки “баъди сари қудрат омадани Янукович озодиҳо коҳиш меёбанд ва ин раванд соли гузашта ҳам идома кард”. Ӯ афзуд, “мо аз ҳаводисе, ки айни ҳол он ҷо мегузарад, дар ташвишем. Мо аз он ҳам нигаронем, ки ҳукумати Амрико ба ин сиёсати ҳукумати Украина ба таври кофӣ вокуниши шадид нишон надодааст”.
Дар гузориши Хонаи Озодӣ ду кишвари Осиёи Марказӣ – Туркманистон ва Ӯзбакистон дар сафи даҳ кишвареанд, ки вазъи озодиҳои сиёсиву шаҳрвандӣ "бадтарин дар олам" аст. Ба феҳристи даҳ кишвари “комилан ноозод” ҳамчунин Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Сомалӣ, Гвинеяи экваторӣ, Судон, Эритрея, Сурия, Кореяи Шимолӣ ва Арабистони саудӣ шомиланд. Вазъ дар Белорус, ба навиштаи муаллифон, назар ба ин кишварҳо андаке беҳтар аст.
Арч Паддингтон аз кишварҳои Ғарб хост, ки манфиатҳои иқтисодиву стратегияшон дар Осиёи Марказиро як сӯ гузошта, аз пайи беҳбуди меъёрҳои демократӣ дар ин минтақа шаванд. Ба гуфтаи ӯ, “ба ғайр аз Ӯзбакистону Туркманистон Қазоқистону Тоҷикистон ҳам холҳои паст гирифтаанд. Осиёи Марказӣ намунаи он аст, ки барои кишварҳои дорои сарватҳои энерҷӣ ва аҳамияти стратегӣ як меъёр ва барои кишварҳои боқимонда меъёри дигар муқаррар шудааст. Дар бархе давлатҳои Осиёи Марказӣ мустабидтарин режимҳои олам сари қудратанд, аммо ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо ба ин таваҷҷуҳ намекунанд”.
Дар гузориши Хонаи Озодӣ гуфта шудааст, ки вазъи озодиҳои сиёсиву шаҳрвандӣ дар Покистон назар ба як соли пеш беҳтар шуд ва ин кишвар то ба мақоми “демократияи интихоботӣ” расид, вале дар Афғонистон меъёрҳои демократӣ чун пештара рӯ ба коҳишанд.
Муаллифон ҳамчунин ба беҳбуди озодиҳо дар Гурҷистону Молдова таъкид кардаанд. Хонаи Озодӣ ба он нуктаҳо низ ишора намудааст, ки рушди демократӣ дар Миср "ҳамаҷониба суқут кард" ва дар Туркия мушкилиҳои ҷиддӣ дар таъмини ҳуқуқҳои демократӣ ба чашм расиданд.
НАЗАРҲО БА ГУЗОРИШИ ХОНАИ ОЗОДӢ АЗ ТОҶИКИСТОН
Cайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсатҷумҳури Тоҷикистон:
-Ба назари ман, Хонаи Озодӣ равандҳои сиёсӣ, сатҳи озодиҳо, аз ҷумла, озодиҳои сиёсиву шаҳрвандӣ ва озодии баёнро дар Тоҷикистон дуруст дарк накардаст. Мо дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунем ва ин озодиҳо ва осудагиву
суботи ҷомеъаро эҳсос мекунем. Ростӣ, агар Хонаи Озодӣ дар гузоришаш далелҳо меовард, ман метавонистам ба он далелҳо ҷавоб гӯям, аммо, мутаассифона, ин созмон ягон далели ноозод будани Тоҷикистонро зикр накардааст... Мо Тоҷикистонро чун кишвари хело демократӣ, хело озод, дорои озодиҳои сиёсӣ ва озодии баён эҳсос мекунем. Ҳоло болои мизи ман даҳ-понздаҳ рӯзномаи расмиву мустақил аст ва дар ҳар яки онҳо интиқоди ҳукумат ҳам ҳаст, интиқоди кормандони масъул ҳам ҳаст ва баҳсҳои олимон низ ва шахсан ман, вақте ба баъзе аз кишварҳо сафар мекунам, мебинам, ки он ҷо хабарнигорон чунин озодӣ надоранд.
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдон ва раҳбари созмони ғайридавлатии "Перспектива+":
-Интихоботи президентии соли гузашта, аз нигоҳи ман, баёнгари вазъи воқеъии озодиҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ дар Тоҷкиистон аст. Ҳам созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ҳам нозирону коршиносони дохилӣ гуфтанд, ки ягон интихобот ин қадар ноодилона
ва ғайридемократӣ сурат нагирифта буд. Албатта, дар чанд интихоботи қаблӣ ҳам таҳдиду фишор буд, онҳо низ шаффоф набуданд ва гуфта мешуд, ки дар Қонуни интихобот ҳуқуқҳои интихобкунанда маҳдуд шудааст, вале дар ин маърака қонуншиканӣ аз ҳад гузашт... Чун ман шоҳиди ин раванд будам, метавонам бигӯям, ки аз рӯзҳои аввали маъракаи интихоботӣ ва ҳатто пеш аз он болои Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ва Ҳизби сотстал-демократ тавассути телевизион ва расонаҳои давлатӣ фишор оварданд, зеро медонистанд, ки ин ду ҳизб метавонанд дар интихобот ширкат кунанд. Ҳукумат бори дигар исбот кард, ки намехоҳад интихобот озод гузарад, аз ин рӯ кормандони милиса ва мақомоти маҳаллӣ барои фишор болои номзади мухолифин сафарбар шуданд. Дар маъракаи интихоботӣ озодии сиёсӣ, озодии ақида, озодии интихоб поймол карда шуд. Ё мисоли дигар. Вақте ҳукми Зайд Саидовро мехонданд, ман ҳам он ҷо будам, ҳеҷ кас, аз ҷумла, моро намегузоштанд, ки дар як ҷо бимонем, ҳарчанд мо аз толор хело дур будем. Ҳамон ҷо як хабарнигорро боздошту лату кӯб карданд... Ин чизҳо пештар набуд, мо фикр мекардем, ки вазъи ҳуқуқҳои сиёсиву шаҳрвандӣ рӯз то рӯз беҳтар мешавад, аммо бубинед, ки баръакс, бадтар шуда истодааст. Ман намедонам, ки мо чӣ тавр ин давлатро демократӣ бигӯем...
Бино ба иттилои Хонаи Озодӣ, соли гузашта дар чаҳор кишвари шӯравии собиқ – Русия, Украина, Қазоқистон ва Озарбойҷон озодиҳои ҳам сиёсӣ ва ҳам шаҳрвандӣ ба мушкили ҷиддӣ мувоҷеҳ буданд. Муаллифони гузориш аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки ҳашт соли ахир вазъи озодиҳои сиёсиву шаҳрвандӣ дар олам пайваста коҳиш меёбад ва ин раванд бори аввал дар таърихи 41-солаи Хонаи Озодӣ ба қайд гирифта шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад