Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ бо насби корхонаи хурди нонпазӣ ва пешниҳоди орди ройгон ин шароитро ба мактаббачаҳои шаҳри Роғун фароҳам овард. Қисме аз пули барномаро давлати Русия аз тариқи Барномаи ҷаҳонии ғизои Созмони Милал медиҳад.
Владимир Чернигов, президенти Пажӯҳишгоҳи ғизои соҳавии Русия 31-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тарҳи мазкур таъмини 360 ҳазор хонандаи 2000 мактаб дар Тоҷикистонро бо ғизои солим дар бар мегирад. Вай мегӯяд, таъсиси коргоҳи хурди нонпазӣ дар мактаби рақами 1-и шаҳри Роғун имкон медиҳад, хонандагони синфҳои ибтидоии ин шаҳрро бо нони гарм таъмин кунад.
Оқои Чернигов афзуд, “мо мефаҳмем, ки бар изофаи таъмини хонандагон бо маводи хӯрока, фароҳам сохтани шароити таҳияи ғизои солим аз ин мавод зарур аст. Аз ин хотир дар ин мактаб як дастгоҳи хурди хлебпазӣ насб шуд ва нонпазҳо ҳам давраҳои омӯзиширо гузашта тарзи таҳияи хлебро аз худ кардаанд.”
Корхонаи хурди нонпазӣ танҳо дар як мактаби шаҳри Роғун насб шуда, ҳамин коргоҳ 8 мактаби дигарро бо хлеби гарм таъмин мекунад.
Дастрасии хонандагони синфҳои ибтидоии Тоҷикистон бо ғизои гарм аз соли 1999 шурӯъ шудааст. Созмони ҷаҳонии ғизо то ин дам маводи хӯрока барои макотиби Тоҷикистонро пешниҳод мекард, ки иборат аз равған, орд ва донагиҳо буд.
Икромҷон Донахонов, сардори раёсати иқтисод ва банақшагирии вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло дар 52 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон барномаи таъмини мактаббачаҳо бо ғизои солим аз сӯи Созмони Ҷаҳонии Ғизо амал мекунад.
Ин масъули вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, ки “ҳоло бар сари ҳар хонанда меъёри муайяни ғизо ҷудо мешавад ва он дар мактаб нигоҳ дошта бо хӯроки гарми саривақти таъмин мешавад. Дар мактабҳо ассосиатсияи волидону омӯзгор ҳаст, ки ихтиёран барои бо хӯроки гарм таъмин намудани фарзандонашон кӯмак мерасонанд --,о тариқи пешниҳоди маводи озуқа ва миқдори муайяни пул. Ин ба барномаи ҷаҳонии ғизо кӯмак шуда, дар якҷоягӣ хонандагон бо хӯроки серғизо таъмин мешаванд.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар коргоҳи хурди нонпазӣ дар мактаби раками 1-и шаҳри Роғун дар як моҳ 30 халта орд нон пухта мешавад. Ҳар рӯз аз ин корхонаи хурд 90 дона хлеби гарм ба хонандагони 9 мактаби шаҳр фиристода мешавад. Як дона хлеб барои 7 хонанда дар назар гирифта шудааст. Ҳадафи барномаи мазкур, талоше барои ташвиқи волидон барои фиристодани фарзандонашон бахусус духтарон ба мактаб аст. Ба гуфтаи Созмони Милал, дар мактабҳое, ки бо нони гарм таъмин мешаванд, давомнокии машғулиятҳо беҳтар аз мактабҳоест, ки бо ғизову нон таъмин нестанд. Худи муаллимон ҳам барои иҷрои ин барнома ҷалб шудаанд.
Раҷабмоҳ Меликова, муовини сарвари мактаби шумораи 1-и шаҳри Роғун гуфт, ҳоло аз кӯмаки ин барнома бахши аъзами хонандагоне истифода мекунанд, ки дар мактаби онҳо таҳсил мекунанд: “Агар ин барнома дар маҷмӯъ 1400 хонандаи синфҳои ибтидоиро дар шаҳри Роғун фаро гирад, аз ин теъдод 620 нафарашон толибилми мактаби рақами 1-ум ҳастанд. Ҳамаи кормандони ошхонаи мо давраи омодагиро пушти сар кардаанд. Дар семинарҳо тарзи тайёр кардани хлеб ва ғизои солимро омӯхтанд. Ин дарсҳои тайёриро Созмони ҷаҳонии ғизо ба роҳ монда буд.”
Барномаи таъмини мактаббачаҳои Тоҷикистон бо ғизои солим аз сӯи Созмони ҷаҳонии ғизо, дар заминаи пажӯҳишҳои тиббӣ-демографӣ ва нигарониҳо аз кӯтоҳкад шудани кӯдакони Тоҷикистон рӯи даст гирифта шудааст. Ин созмон ҳоло барои таҳияи ғизои солим ва сервитамин барои мактаббачаҳо як дастурамал нашр кардааст. Ва бар асоси он, тамоми хӯрокҳо дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон пухта мешавад.
Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ дар 5 соли баъдӣ, барои бо хлеби гарм ва ғизои сервитамини таъмин кардани 360 ҳазор хонандаи Тоҷикистон 60 миллон доллар ҷудо кардааст.