Макрон ва Ле Пен – Кӣ президенти Фаронса мешавад? ВИДЕО

Эммануэл Макрон ва Марин Ле Пен

Эммануэл Макрон – номзади марказгаро ва Марин Лен Пен – раҳбари ростгарои “Ҷабҳаи мардумӣ” ба даври дувуми интихоботи президентии Фаронса роҳ ёфтанд. Даври аввали интихобот рӯзи 23 апрел бо иштироки 11 номзад баргузор шуд.

Дар ин бора бештар бихонед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Макрон ва Ле Пен дар даври дувум – Кӣ президенти Фаронса мешавад?

Жан Марк Айро, вазири умури хориҷии Фаронса низ хостааст, гурӯҳҳои чап ва ҷумҳурихоҳ дар даври дувум “ба хотири Фаронса, ба хотири ҷумҳурӣ ва ба хотири Аврупо” ба Макрон раъй диҳанд.

Натиҷаҳои аввалия баёнгари инанд, ки Эммануэл Макрон 23-24 дар сади раъйи мардумро ба даст оварда, ба дунболаш Марин Ле Пен бо тақрибан 22 дар сади раъй истодааст. Хабаргузории “Ассошиейтед Пресс” навишт, дар Фаронса нахустин бор аст, ки ҳеҷ як аз номзадҳои ду ҳизби аслии кишвар ба даври дувуми интихобот роҳ наёфтанд.

Даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Фаронса рӯзи ҳафтуми майи имсол баргузор хоҳад шуд ва натиҷаи ин интихобот барои ояндаи Иттиҳоди Аврупо ҳаётӣ тавсиф шудааст. Фаронса дувумин иқтисоди бузурги Иттиҳоди Аврупост, аммо Марин Ле Пен ваъда додааст, ки дар сурати пирӯзӣ барои ҷудоӣ аз Иттиҳоди Аврупо баргузории референдумро пайгирӣ хоҳад кард. Ле Пен, инчунин, худро танҳо номзаде муаррифӣ кард, ки тавоноии муҳофизати Фаронса дар баробари исломгароёни ифротиро дорад.

Дар нахустин вокунишҳо ба натиҷаҳои пешакии интихобот, номзад Франсуа Фийон, нахуствазири пешини Фаронса, зимни пазириши шикаст аз ҳаводоронаш хост, ки дар даври дувум аз Эммануэл Макрон ҳимоят кунанд. Жан Марк Айро, вазири умури хориҷии Фаронса ҳам хостори он шудааст, ки гурӯҳҳои чап ва ҷумҳурихоҳ дар даври дувум “ба хотири Фаронса, ба хотири ҷумҳурӣ ва ба хотири Аврупо” ба Макрон раъй бидиҳанд.

Даври аввали интихоботи президентии Фаронса таҳти чораҳои шадиди амниятӣ баргузор шуд. Раъйдиҳандагон аз соати ҳашти субҳи якшанбе ба тарафи 60 ҳазор маркази раъйдиҳӣ рафтанд. Яке аз онҳо ба хабарагузории Рейтерс гуфт, "ин як рӯзи муҳим ва бузург аст. Ин интихобот сабаби тағйирот дар Фаронса ва ҷойҳои дигар хоҳад шуд. Ин бисёр хуб аст ва мо мунтазири натиҷа хоҳем буд."

Ин интихобот ҳамагӣ се рӯз баъди кушта шудани як маъмури пулис дар хиёбони марказии Порис сурат гирифт, ки масъулияташро гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" бар уҳда гирифтааст.

Мақомоти Фаронса мегӯянд, барои муҳофизат аз раъйдиҳандагон 50 ҳазор пулис ва 7 ҳазор низомӣ дар гӯшаҳои ин кишвар даст ба кор буданд. Баъд аз силсилаи ҳамлаҳои соли гузашта дар Фаронса, ки дар натиҷаи он беш аз 230 нафар кушта шуд, ин кишвар дар вазъияти фавқулода қарор дорад.