Боздошти 14 сокини Ёвон барои "класс" гузоштан дар "Одноклассники"

Акс аз бойгонӣ

14 сокини ҷамоати "Обшорон"-и ноҳияи Ёвон ба далели ба даъватҳои ифротгароён дар шабакаи "Одноклассники" "класс" гузоштан боздошт шудаанд.

Аз ҳукумати ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон хабари боздошти 14 сокини ҷамоати деҳоти "Обшорон" -ро тасдиқ кардаанд. Як манбаъ дар ҳукумати Ёвон рӯзи 22 феврал ба Озодӣ гуфт, ки 10 нафари онҳо баъди бозпурсии дуҳафтаинаи мақомоти амниятӣ озод шуданд ва чор тани дигар дар боздоштгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа нигаҳдорӣ мешаванд.

Манбаъи Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҷавонон соли гузашта видеоҳорое, ки дар шабакаи иҷтимоии "Однаклассники" ба пуштибонӣ аз ҳизбу ҳаракатҳои тундраву терористӣ даъват мекарданд писандиданд ва ба онҳо "класс" гузоштанд.

Ин хабарро Мӯъмин Азимов, раиси ҷамоати деҳоти "Обшорон" ва масъули корҳои дин ва расму оинҳои ноҳияи Ёвон низ тасдиқ карда ва гуфтанд, боздоштшудаҳо сокинони деҳаҳои Оби Мукӣ ва Қашқадараи ҷамоати "Обшорон" будаанд.

Маҳмадӣ Қарачаев, омӯзгори мактаби таҳсилоти ҳамагонии шумораи 24-и деҳаи Оби Мукии ҷамоати деҳоти "Обшорон", ки се писараш Муҳсин, Воҳид ва Шафқат дар миёни ҷавонони 14 нафара будааст, мегӯяд, ки писаронашро дар зарфи панҷ рӯз суолу ҷавоби зиёд намуда аз боздошт раҳо кардаанд: "Се писарам боздошт шуда буд, ки онҳо соли таваллудашон 1998, 1991 ва 1993 мебошад, ки худамон ба идораи пулис рафтем, аммо онҳоро маън карда суолу ҷавоб мекунем, гуфтанд. Панҷ рӯз боздошт шуданд, ки зиқ шудем, чи кор карданашонро намедонам, вале дар бораи намоз ва тарзи намоз хондан дар назди муллоҳо аз онҳо пурсидаанд."

Ҷавонони аз боздошт озодшуда аз суҳбат худдорӣ карда ва мақомот дар мавриди ному насаби чаҳор нафари боздоштӣ иттилое надодаанд.

Ба гуфтаи иддае аз сокинони ноҳияи Ёвон, сар аз рӯзи ҷумъаи 19 феврал дар роҳҳои байни ноҳия ва роҳҳои хуруҷ аз ноҳия кормандони ҳифзи ҳуқуқ мошинҳоро назорат мекунанд. Махсусан мошинҳое, ки аз ноҳияи Ёвон хориҷ мешаванд, ба таври ҷиддӣ мавриди тафтиш қарор мегиранд.

Боздошту раҳоии ҷавонон ва таҷаммӯъи шумори зиёди пулис дар маркази ноҳия сару садоеро ба миён овардааст.

Собирҷон Бобозода, корманди шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Ёвон, хабари боздошти гурӯҳи ҷавон ва назорати мошинҳое, ки ба ноҳия ворид мешаванд, тасдиқ карда гуфт, ки дар ноҳия тамрини кормандони пулис анҷом шуда ва ба боздошти ҷавонони ноҳия ҳеҷ рабте надоштааст. Собирҷон Бобозода афзуд:"Тинҷӣ аст, ки амалиёт мегузаронем, мошинҳоро тафтиш мекунем, ки санҷиш мегузаронем, ки милитса чи хел кор мекунанд".

Ба бовари мақомот ва нозирони умур, ҷангҷӯёни исломгаро, бахусус онҳое, ки дар Сурияву Ироқ дар сафи гурӯҳҳои тундраве, ба мисли "Давлати исломӣ" меҷанганд, аз имконоти шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла "Одноклассники", барои ҷалби тарафдорони нав зиёд истифода мебаранд. Дар ду соли охир дастрасӣ ба шабакаи "Одноклассники" дар Тоҷикистон чанд дафъа маҳдуд шуд. Далели расмии маҳдуд шудани "Одноклассники" дар Тоҷикистон эълон нашудааст, вале бовар мерафт, ки як сабаби он ҷилавгирӣ аз фаъолияти гурӯҳҳои тундрав дар ин шабака бошад.

Бино ба ҳисобҳо, шумори корбарони "Одноклассники" дар Тоҷикистон ҳудуди ним миллион нафар буда, шабака дар байни пойгоҳҳои дигари иҷтимоӣ дар ин кишвар аз лиҳози шумори корбарон дар ҷои аввал қарор дорад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз кишвар дар маҷмӯъ ҳудуди 1000 нафар ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи гурӯҳҳои тундрав, аз ҷумла гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайваста, то имрӯз 148 шаҳрванди тоҷик дар он ду кишвари арабӣ кушта шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон ба ин боваранд, ки аксари онҳо ҳангоми муҳоҷират дар Русия ва ё тавассути таблиғоти гурӯҳҳои ҷангҷӯ дар шабакаҳои иҷтимоие, ба мисли "Одноклассники" барои ба ном "ҷиҳод" ба Ховари Миёна ҷалб шудаанд.